Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони Осияи 5-сола, ки моҳи август дар Душанбе нопадид ва як моҳ пас ҷасадаш аз Ҳисор пайдо шуд, бо такя ба натиҷаи ташхиси тиббӣ мегӯянд, ки ӯ бар асари зарбаи сахт аз ноҳияи сараш ба ҳалокат расидааст.

Назира Диловарова, модари Сабоҳат ё худ Осия мегӯяд, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ натиҷаи ташхиси ҷасади духтарашро анҷом додааст ва бар асоси он, ӯ фақат дар ноҳияи сар зарбаи сахт зада шудааст, ки бар асари он ба ҳалокат расидааст. Натиҷаҳои ташхис, ба гуфтаи модари Осия, ҳамчунин ягон аломати барафтории ҷинсӣ нисбат ба ин кӯдакро муайян накардааст: "Хабарҳоеро фаҳмидем мо, ки кадом як маҳбус аз зиндон гурехта, ба номуси як духтараки 5-сола расидааст. Худоро шукр, ки нисбат ба Осия ман чунин кор сурат нагирифтааст."

Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, нопадид шуд. Ҷасади Сӯро рӯзи 13 сентябр аз лаби замини кишти ҷуворимака дар канори деҳаи Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор пайдо кардаанд.

Масъулони тафтиши парвандаи Осия Диловарова дар додситонии ноҳияи Шоҳмансур аз шарҳи расмии натиҷаҳои ташхис то ҳол худдорӣ мекунанд. Аммо модари Осия рӯзи 22 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ худ барои фаҳмидани натиҷаи ташхиси ҷасади духтараш худ ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ рафта ва баъди исрори зиёд бо натиҷаҳояш ошно шудааст.

Ба гуфтаи вай, як корманди ин марказ натиҷа ташхисро барои вай шарҳ дода ва гуфтааст, ки танҳо дар сари Осия осори зарбаи шадид мушоҳида шудааст, ки бар асари он ӯ ба ҳалокат расидааст: “Ба духтари ман ҳеҷ гуна муносибати нораво нашудааст, ман ҳаматарафа аз масъули ташхиси ҷасади духтарам пурсидам, дар гузориши ташхиси ҷасади Осия навишта шудаст, ки фақат дар сараш зарбаи сахт задаанд.”

Назира Диловарова мегӯяд, “гузориши ташхисро ба прокуратура ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур фиристодаанд, вале ба ман надоданд, ман тоқат карда натавонистам ва худам рафта аз Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ пурсидам ва корманди ин марказ бо номи Ҳабиб ба ман ҷузъиёти онро шарҳ дод.”

Модари Осия мефзояд, вале таҳқиқи парвандаи марги духтари панҷунимсолааш дар додситонии Шоҳмансур ба кундӣ пеш меравад: “Вақте ки ба прокуратураи Шоҳмансур барои фаҳмидан меравам, муфаттишҳо мегӯянд, ки "ҷустуҷӯ дорем, нашуда истодааст, боз чӣ кор кунем" гуфта ҷавоб медиҳанд, ман талаб мекунам, ҷинояткороне духтарчаамро дуздидаанду ба қатл расонидаанд, пайдо карда шаванд, ба ҷазо кашида шаванд.Се моҳ гузаштааст, инҳо ҳоло ҳам мегӯянд, ки ҳеҷ чиз намедонанд."

Мақомоти додситонии ноҳияи Шоҳмансур низ то ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодаанд. Ба қавли масъулони додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳанӯз ҳеҷ гумонбар дар ин ҳодисаро пайдо накардаанд ва ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дадаҷон Дадабоев, муфаттиши ин қазия аз додситонии ноҳияи Шоҳмансур дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ то ҳоли ҳозир ба натиҷаи ташхисӣ ҷасади Осия ошно нашудааст ва ба ин далел дақиқан чизе гуфта наметавонад.

Дар ҳоле, ки мақомот ҳеҷ фарзияи ин ҳодисаро ошкор намекунанд, модари ин кӯдак бовар дорад, ки ӯ рабуда ва кушта шудааст. Далели ӯ ин аст, ки як духтари 5-сола ҳеҷ имкон надорад, ки худаш то ноҳияи Ҳисор бирасад ва он ҷо ғарқ шавад.

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ низ инро тасдиқ мекунанд, ки ҳанӯз хулосаи экспертизаи тиббии ҷасадӣ Осия ба додситонӣ ирсол нашудааст. Яҳёҷон Одинаев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ, чоршанбеи 22-юми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо рӯзе қабл экспертиза ё ташхиси ҷасади Осияро анҷом доданд ва он ҳанӯз ба додситони фиристода нашудааст.

Аммо ҷаноби Одинаев гуфт, бо хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ танҳо пайвандони Осия ҳаққи ошно шуданро доранд. Ба ин далел, ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, чун модари Осияи марҳум муроҷиат карда буд, натиҷаи ташхисро ба вай нишон доданд. Ҳамзамон ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, ба ҷуз пайвандони Осия, додситонӣ низ ҳаққи ошно шудан ба хулосаи экспертизаро дорад ва рузҳои наздик ба дасти ин мақомот хоҳад расид. .

Тавре аз сӯҳбат ба раҳбари Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ маълум гардид, то чанд рӯзи дигар хулосаи ниҳоии экспертизаи тиббию судии ҷасади Осия бояд ба додситони ирсол карда мешавад.

Зимнан, Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, нопадид шуд. Ҷасади ӯро рӯзи 13 сентябр аз лаби замини кишти ҷуворимака дар канори деҳаи Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG