Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Ҷоми АФК-2014


Лаҳзае аз бозии "Равшан" бо "Ал-Сувайқ"

Лаҳзае аз бозии "Равшан" бо "Ал-Сувайқ"

Дар ин ҳафта дар маҷмӯъ бозиҳои даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуданд.

Аз шонздаҳ бозӣ мизбонон дар ҳаштоаш ғалаба карданд, се бозӣ ба фоидаи меҳмонон ва панҷ бозӣ бо натоиҷи мусовӣ анҷом ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Равшан”-и Кӯлоб аз тими «Ал Сувайқ»-и Умон бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуд. Ин бозии даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» байни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва«Ал Сувайқ», қаҳрамони секаратаи Умон, дар варзишгоҳи «Seeb Sports Complex»-и шаҳри Мускат бо ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд.

Муҳаммад Солеҳ Ал Ғассонӣ, бозигариАл Сувайқ”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Дастаҳо бо ҳисоби 1-0 ба танаффус баромаданд. Голи дувуми Сувайқ”-ро Абдулраҳмон Солеҳ дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд. Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро тағйир дод. Баъди ду дақиқа Сидоҳ Сирикӣ голи севумро ба дарвозаи меҳмонон зад.
ҶОМИ АФК-2014
Даври 1-ум

Гурӯҳи «А»
«Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 3:1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) - 1:0

Гурӯҳи «В»
СК «Кувайт» (Кувайт) - «Ал-Ниҷмеҳ» - (Лубнон) - 2:1
«Ал-Ҷайш» (Сурия) - «Фанҷа» (Умон) - 0:0


Гурӯҳи «С»
«Ал-Шорта» (Ироқ) - «Ал-Қудсия» (Кувайт) - 0:0
«Ал-Хидд» (Баҳрайн) - «Ал-Ваҳда» (Сурия) - 3:1

Гурӯҳи «D»
«Олой» (Қирғизистон) - «Риффа» (Баҳрайн) - 0:0
«Шабоб Ал-Ордон» (Урдун) - «Эрбил» (Ироқ) - 1:3

Гурӯҳи «Е»
«Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) - «Черчилл Бразерс» (Ҳиндустон) - 2:0
«Ню Радиант» (Молдив) - «Хоум Юнайтед» (Сингапур) - 1:0

Гурӯҳи «F»
«Ханой Т&Т» (Ветнам) - «Мазия Спортс» (Молдив) - 5:1
«Селангор» (Малайзия) - «Арема» (Индонезия) - 1:1

Гурӯҳи «G»
«Янгон Юнайтед» (Мянмар) - «Келантан» (Малайзия) - 5:3
«Саут Чайна» (Ҳонконг) - «Нинбин» (Ветнам) - 1:3

Гурӯҳи «Н»
«Тампинес Роверс» (Сингапур) - «Китчӣ» (Ҳонконг) - 0:5
«Пуне» (Ҳиндустон) - «Най Пий Тав» (Мянмар) - 2:2

«Равшан» дар даври дувум рӯзи сешанбеи 11-уми март дар майдони худ бо тими «Сафо»-и Бейрути Лубнон бозӣ мекунад. Бозии дигари гурӯҳи “А” миёни дастаҳои «Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 « Ал Сувайқ» 1 1 0 0 3-1 3
2 «Сафо» 1 1 0 0 1-0 3
3 «Зат Рас» 1 0 0 1 0-1 0
4 «Равшан» 1 0 0 1 1-3 0


Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

25-уми феврал (сешанбе)

«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм

11-уми март (сешанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 3-юм

18-уми март (сешанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум

2-юми апрел (чоршанбе)

«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум

9-уми апрел (чоршанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум

23-юми апрел (чоршанбе)

«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG