Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занги охир" - танҳо 45 дақиқа ва бе гулу гулдаста ва рақсу суруд?


Вазорати маорифи Тоҷикистон ёдовар шуд, ки расми «Занги охир» дар рӯзи 7-уми июн бояд аз як ҳамоиши 45-дақиқагии паёми табрикӣ ва тақдими ифтихорнома ба хатмкунандагони фаъоли мактабҳо иборат бошад.

Агар солҳои пеш хатми мактаб ҷашне пур аз гулдастаҳо, наворҳои арғувонии хатмкунандагон, хотиранависӣ дар курта ва пешдоманҳо ва рақсу суруд буд, имсол вазорати маорифи Тоҷикистон ин ҳамаро барои хатмкунандагон манъ кард.

Ҳамидуллохон Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҷумъаи 6-уми июн ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳадаф аз манъи рақсу суруд дар занги камолот ба он маъно нест, ки дар ин рӯз ҳеҷ гуна суруд дар мактабҳо садо надиҳад. Балки ҳадаф аз манъи рақсу суруд он аст, ки хатмкунандагон харҷи беҳуда карда, таҷҳизоти пахши суруд нахаранд.

Балки бо дастгоҳҳои худи мактабҳо 45 дақиқа таҳти оҳангу мусиқӣ хатмкунандагонро табрик карда, ба фаъолон ифтихорномаҳо супурда шавад. Ба қавли ҷаноби Фақиров, соли гузашта ҳарчанд анҷоми баргузории шабнишинӣ, бо мошин омадани хатмкунандагону овардани тӯҳфаҳои гаронарзиш ва пӯшидани либосҳои қиматбаҳо манъ шуда буд, аммо ин дастур риоя нагашт.

Ҳамидуллохон Фақиров гуфт: «Солҳои қаблӣ мо медидем, ки хонандагон чӣ гуна хароҷот мекарданд. Бинобар ин тасмим гирифтем баъзе амалҳое, ки дар занги камолот анҷом дода мешуд, онро барҳам додем. Аз ҷониби дигар мо шоҳид будем, ки чӣ қадар қонуншиканиҳо сурат мегирифт. Садамаҳои
Ҳамидуллоҳ Фақиров
Ҳамидуллоҳ Фақиров
нақлиётӣ, ҷанҷол миёни бачаҳову дигар корҳои ба ин монанд сар мезад. Ҳатто дар солҳои шӯравӣ низ занги охирин танҳо як тантанаи дохили мактабӣ буд, на чизи дигар. Хатмкунандагон дар дохили мактаб рақсу суруд мехонданд. Ҳоло бошад барои як занги охирин баъзе аз бачаҳо то 500 ва 600 доллар харҷ мекунад. Ин чӣ лозим? Бастани лентаи сурх ё дар тарабхона рафта то субҳ нишастан чӣ дода метавонад ба хатмкунанда?»

Маҳдуд кардани баъзе вижагиҳои занги камолот дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки иддае аз хатмкунандагон мегӯянд, ин гуна маҳдудкуниҳо барояшон мисли муаммост. Ба назари хатмкунандагон, бастани лентаи сурх, ки дар он «хатмкунандаи соли 2012 ва 14» навишта шудааст, чӣ бадӣ дорад? Оё ин навор метавонад ба одам зиён расонад?

Комила Садриддинова, хатмкунандаи литсеи «МГУ» мегӯяд, ӯ худ зидди шабнишиниҳоест, ки хатмкунандагон солҳои пеш баргузор мекарданд. Аммо бастани лентае, ки як чизи рамзист, барои хатмкунанда чӣ бадӣ дорад, ки вазорати маорифи Тоҷикистон онро манъ кардааст? «Барои ман бастани лентаи сурх хеле писанд аст. Ман мехоҳам, ки ҳамин гуна лентаеро дар рӯзи занги камолот бандам. Чун апаи ман ҳангоми хатми мактаб лента карда буд, ки дар он ҳамсинфонаш хотираҳои худро навистаанд. То ҳол он дар хона аст ва хотираи хубе низ мебошад барояш. Аз ин рӯ ман ҳам мехостам аз занги камолотам чунин як хотира дошта бошам.»
Шаҳзод Неъматов, хатмкунандаи мактаби 21-и шаҳри Душанбе бо нигаронӣ гуфт, барояшон хеле тааҷҷубовар аст, ки чаро занги камолотро манъ кардаанд. Ба қавли Шаҳзод, занги охирин зангест, ки ҳама ҳамсинфонро барои охирин маротиба ҷамъ меорад: «Мо ба орзуҳои худамон расида натавонистем. Ҳамеша орзу мекардем, ки дар занги охирин хушиву хурсандӣ кунем. Онро хотирмон таҷлил кунем, аммо ҳама чизро ба ҳам заданд.»

Анӯшервон Каримов, хатмкунандаи дигари мактаби шумораи 21-и шаҳри Душанбе низ мегӯяд, онҳо зиёд мехостанд бо ҳамсолонашон мисли солҳои пеш ин ҷашн хотирмон гузарад. То тамоми умр он рӯзро ба хушӣ ёд кунанд. Анӯшервон аз он нороҳат аст, ки пас аз чанд соли дигар ба эҳтимоли зиёд рӯзи хатми мактабашонро фаромӯш мекунанд. Зеро чизи ҷолиберо дар барномаи занги камолоти мактабашон интизор нест: «Аз он ки чанд хатмкунандаи бетарбия дар ин рӯз ҷанг мекунад ё ба корҳои ношоям даст мезанад набояд баҳонае бошад ,ки дигар ҳамаро аз таҷлили ин рӯз маҳрум кунанд. Дар ҳар мактабе бештар ҷангу ҷанҷол мешавад, бигузор маҳдудиятҳо маҳз дар ҳамон мактаб сурат гирад. Чаро бояд барои гуноҳи як нафар ҳамаро ҷавобгар кард? Ин нодуруст аст, ки ба хотири як чанд «хулиган», тамоми хатмкунандагон имкони хурсандӣ карданро надошта бошанд.»

Ба қавли хатмкунандгон, дар тамоми ҷаҳон ин рӯз бо шукӯҳ таҷлил мешавад, аммо дар Тоҷикистон онро манъ карданд. Волидон низ аз он, ки мақомоти зидахл ҳама вижагиҳои занги камолотро мамнӯъ кардааст, розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, кӯдаконро набояд аз хушҳолияшон маҳрум кард.

Малоҳат, сокини Душанбе, ки қарор аст писари калониаш имсол мактабро хатм кунад, мегӯяд, занги охирин дар умри инсонҳо як бор рӯй медиҳад ва он то абад дар хотираи одам нақш мебандад. Бинобар ин, мақомот бояд амнияти кӯдаконро дар ин рӯз таъмин кунад ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ иҷоза диҳанд, ки кӯдакон дар мактабҳо ин чорабиниро хуш гузаронанд. Ин хонум бо ёдоварӣ аз занги охирини худаш мегӯяд, онҳо на ресторан рафта буданд ва на ба дискоклуб. Аммо дар саҳни мактабашон як чорабинии хуби фарҳангие доир карданд беш аз 25 сол мешавад он рӯзро фаромӯш намекунад.

Маъмулан дар рӯзи занги камолот дар кӯчаҳои Душанбе ва мактабҳо маъмурони пулис зиёд ба назар мерасад. Вазири умури дохилӣ низ баҳри ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳо дар ин рӯз дастур медиҳад то тамоми мақомоти интизомӣ мактабу кӯчаҳоро зери назорат гиранд.
Саид Ҷӯрахонов
Саид Ҷӯрахонов
Саид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, бо дастури вазири умури дохилӣ, на танҳо кормандони пулис, балки кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ низ аз шоми ҳамин рӯз шурӯъ карда, то анҷоми рӯзи 7-уми июн барои назорат ба мактабу кӯчаҳои Душанбе сафарбар мешаванд: «Ҳангоми баргузории занги камолот амнияти тамоми мактабҳову мактаббачаҳоро сад дар сад таъмин хоҳем кард. Бачаҳои мо аз ҳамин шом то пагоҳ анҷоми рӯз на танҳо дар Душанбе, балки дар ҳама минтақаҳои кишвар кор мекунанд.»

Манъи ҳама гуна маъракаороӣ дар занги камолот дар Тоҷикистон дар ҳоле ба миён омад, ки соле қабл дар ин рӯз бо айби мактаббачагон чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳатто садамаҳои маргбор. Чун хатмкунандагон бидуни доштани шаҳодатномаи ронандагӣ дар ин рӯз зиёд ба кӯчаҳо мебаромандад ва шабона то дамидани субҳ иддае аз хатмкунандагон ба дискоклубҳо мерафтанд, вазорати маорифи Тоҷикистон бо ин далел таҷлил аз занги камолотро манъ кард. Имсол мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро зиёда аз 100 ҳазор нафар хатм мекунанд.
XS
SM
MD
LG