Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошхонаву тарабхонаҳои Душанбе ҳарчӣ бештар ном ва хосияти маҳаллӣ касб мекунанд.

Дар пештоқи онҳо навиштаҷоти "Кабоби Хуҷандӣ", "Сихкабоби Кӯлобӣ" ва ё "самарқандӣ", "афғонӣ" ва ҳамин тавр "Оши Фарғона", лағмон ё самбусаи уйғурӣ ва монанди инҳо зиёд шуда, гумон меравад онҳо муштариёнро бо вижагиҳои худ ҷалб мекунанд.

Далер Комилов, корманди ошхонаи «Кӯлоби бостонӣ» мегӯяд, азбаски дар ҳама ҷо сихкабобҳои Хуҷандӣ зиёд реклама мешаванд, мардум гумон мекунанд, танҳо хуҷандиҳо сихкабоб доранд. Бинобар ин Далер мегӯяд, хостем мардуми дигар минтақаҳоро бо оши палав ва сихкабоби кӯлобӣ ва ҳатто афғонӣ ошно созем. Вай гуфт: «мардум кам медонанд, ки дар Кӯлоб ҳам хӯрокҳои болаззат омода мекунанд. Барои ҳамин мо реклама дорем, ки кӯлобиҳо низ метавонанд таомҳои бо мазза пазанд. Одамҳо хурда ҳаловат мебаранд. Мо ҳадаф дорем тавре хӯрокҳои Хуҷанд дар Душанбе таблиғ мешаванд, аз Кӯлоб ҳам ҳамин гуна реклама шавад.»


Далер ҳамчунин меафзояд, бо дидани номи маҳаллу зодгоҳ дар болои ошхонаҳо ҳатман таваҷҷӯҳи мизоҷон ба ин ё он ошхона бештар мешавад. Мисле, ки вай мегӯяд, муштариёни аслии ошхонаи онҳо мардуми Кӯлоб ва ҳамчунин афғонҳоянд. Ба таъкиди Далер, афғонҳо барои хӯрдани сихкабоб ё палави афғонӣ меоянду кӯлобиҳо барои хӯрокҳои лазизи кӯлобӣ.

Сиддиқ, ошпази ошхонаи «Кӯлоби бостонӣ» дар мавриди сихкабоби афғонӣ ва кӯлобӣ дар ин ошхона мегӯяд, «сихкабобҳои афғонӣ аз гӯшти камар пухта мешаванд ва дар он порчаҳои хӯрди гӯшт истифода мешавад. Дар кабоби кӯлобӣ бошад пораҳои гӯшт калон калон аст. Ҳамчунин агар кабоби кӯлобӣ як сих бошаду каме сахт пухта шавад, аз афғонӣ се сих буда, мулоим аст.»

Аммо бо ин ҳам гуфта мешавад дар шаҳри Душанбе бештар сихкабоб ва ё оши палави Хуҷанду Самарқанд маҳбубияти бештар доранд ва таваҷҷӯҳи одамон ба онҳо зиёдтар аст.

Раҳимҷони Толибҷонзода, раҳбари тарабхонаи «Вохӯрӣ» дар сӯҳбат ба "Озодӣ" афзуд, онҳо барои мизоҷонашон бештар сихкабоби самарқандӣ омода мекунанд. Зеро кабоби Самарқанд беҳтарин кабоб эътироф шудааст. Ба қавли ҷаноби Толибҷонзода, кабоби самарқандӣ танҳо аз гӯшти лаҳми гову гӯсфанди ҷавон омода мешавад ва дар он мурчу зира ва ё дигар маводи хос истифода намешавад. Ба гуфтаи Раҳимҷон ба сихкабоби самарқандӣ танҳо каме намакоб илова мекунанду халос. Вай афзуд: «гӯшти кабоби Самарқанд мисли дигар кабобҳо бо тезоб нарм карда намешавад. Аз ин рӯ ,онро дар ҳарорати муайяншуда дар яхдон то як моҳ ҳам имкони нигоҳ доштан аст. Масалан, мо чанд соли пештар сихкабоби қафқозӣ омода мекардем, ки гӯшти он бо тезоб нарм карда мешавад, ки он сабаби зуд гум шудани таъми гӯшт мегардад.»



Ин аст, ки масъули тарабхонаи «Вохӯрӣ» мегӯяд, барои хуб омода кардани ин навъи сихкабоб чанд соли пеш аз худи Самарқанд ошпазҳоро даъват карда буданд.

Зулфия, пешхизмати ошхонаи «Сапна», ки дар рӯйхати таомҳояш сихкабоби хуҷандӣ мақоми аввалро мегирад, мегӯяд муҳаббати одамон ба ин навъи кабоб хеле зиёд аст: «Бештари одамон дар ошхонаи мо маҳз ба хотири сихкабоби хуҷандӣ меояд. Ман намедонам фарқи ин навъи кабоб аз дигараш дар чӣ аст, аммо одамон бештар ҳамонро талаб мекунанд.»

Абдумавлон Ҷумалов, як сокини шаҳри Истаравшан меафзояд, бори аввал аст, ки мебинад сихкабоб ҳам маҳаллӣ шудааст. Ба қавли ҷаноби Абдумавлон, вай сихкабоби хуҷандӣ, кӯлобӣ, афғониву самарқандиро танҳо дар Душанбе дидааст ва ба назараш ҳамааш як маззат доранд: «Танҳо медонистам шашлик шашлик аст. Тошканд меравӣ Маскав меравӣ дар ҳама ҷо як аст: гӯшт, сих, кабоб.»

Ҳарчанд фарқи миёни сихкабобе, ки бо номҳои гуногун пешниҳод мешавад, зиёд набошад ҳам, нарх ва андозаи онҳо бо ҳам тафовут дорад. Барои мисол, сихкабоби кӯлобӣ як сих дорад ва ҳамроҳ бо чойю нон 12 сомонист. Сихкабоби хуҷандӣ вобаста ба навъи гӯшташ муайян мешавад ва аз 10 то 22 сомонӣ арзиш дорад. Аммо кабоби самарқандӣ аз ҳама қиматтар аст. Нархи он аз 18 сомонӣ сар шуда то 22 сомонӣ мерасад. Биноан, мегӯянд, муштариён, интихоби хуҷандӣ, кулобӣ ё самарқандӣ будани кабоб бештар ба ҷайб вобастааст, то мазза ё номи онҳо.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG