Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худкушии Мафтуна бо кӯдакаш парлумонро ором гузошта наметавонад"


Акси арӯсии Мафтуна Раҳмонова
Акси арӯсии Мафтуна Раҳмонова

Бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, худкушии Мафтуна бо тифли навзодаш онҳоро низ ором гузошта наметавонад ва умед доранд, ки барои таҳқиқи ин вазъ як кумисюн таъсис хоҳад шуд.

Бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки худкушии Мафтуна Раҳмоноваи 21-сола бо тифли навзодаш дар дарёи Кофарниҳон онҳоро низ ором намегузорад. Абдуҳалим Ғаффорзода, узви Кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 4 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, умед доранд, ки барои таҳқиқи ин вазъ кумисюни махсус таъсис хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, асосан чунин ҳодисаҳо баъд аз дахолати шахси севум ба зиндагии ҷавонон рух медиҳад ва бояд ҳарчӣ зудтар ҷилавгирӣ шавад. "Аммо боис ба нигаронист, ки ин занон ғарқ кардани худро дар дарё аз василаи осонтари расидан ба марг ва роҳи раҳоӣ аз мушкилот медонанд. Ин дард аст ва бояд омӯхта шавад," – гуфт Ғаффорзода.

Гулбаҳор Ашӯрова, яке аз вакилони дигари тоҷик гуфт, онҳо омодаанд якҷо бо намояндагони Кумитаи дин бо занон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо анҷом диҳанд. Вай афзуд, "мо, вакилон ҳаргиз нисбат ба чунин ҳодисаҳо бетараф буда наметавонем. Аммо дар баробари ин шумораи равоншиносонро бештар кардан лозим аст, то онҳо тавонанд, бо маслиҳатҳои дурусти худ ба чунин занон кумак намоянд."

Сайлӣ Қосимова, раиси идораи кор бо оила ва занони шаҳри Норак, низ мегӯяд, худкушии занон бо кӯдаконашон рӯ ба афзоиш дорад ва то кунун чандин вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо бо занон ҳосил надодааст. Ӯ гуфт, "намедонем, ин занҳоро чӣ шудааст, ки дигар роҳи халосӣ аз

Дарёи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат
Дарёи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат

мушкилоташонро дар ҳамин кор мебинанд. Чун ҳоло мавридҳои дузангиву сезанагӣ зиёд мешавад, мардон масъулият эҳсос намекунанд, занон бо кӯдакон дар дуроҳа қарор мегиранд. Ҳамин ҳоло зане дар назди ман бо ду кӯдакаш нишаста гиря дорад, ки шавҳараш дар Русия аст ва бо дахолати хушдоманаш ӯро талоқ додааст. Куҷост масъулияти падару модар, бояд пеш аз ҳама аз волидайн талаб карда шавад."

Сайли Қосимова аз ҷумла афзуд, духтарони тоҷик низ дар навбати худ таҳаммули пешинаро аз даст додаанд ва дараҷаи сабрашон хеле поин шудааст. Ин масъули идораи кор бо оила ва занони Норак гуфт, ҳоло тариқи як супориши вижа бо кумаки пизишкони бемористони рӯҳӣ дар хонаводаҳое, ки духтарону занон аломатҳои зиндагибезориро доранд, аз ташхис гузаронда мешаванд. Зеро, ба бовари Сайли Қосимова, ин нафарон метавонанд аз зумраи онҳое бошанд, ки даст ба худкушӣ бизананд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, қашшоқиро аз иллатҳои аслие медонад, ки дар ин авохир занонро ба қасди ҷони худ ва фарзандонашон андохтааст. “Ин даҳшат аст, вақте модар кӯдакашро ба худкушӣ мебарад. Ҳарчанд дар солҳои пеш ҳодисаҳои худкушӣ вуҷуд дошт, аммо бо фарзандон худро ба дарё андохтан тамоюли навест, ки занҳо бо ин васила мехоҳанд, садои даҳшати мушкилоташонро ба ҷомеа ва онҳое, ки ӯро ба ин ҳол овардаанд, бирасонанд,”- мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова

Аммо ӯ ба ҷанбаи дигари ин мушкилот низ ишора кард ва гуфт, “масъалаи муҳими дигар муҷозот нашудани афроде аст, ки занонро ба ин амал таҳрик медиҳанд. Онҳо бояд ҳатман ҷазои худро бигиранд. Вале афсӯс, ки мо на ҳама вақт инро мебинем ва агар муҷозот ҳам шаванд, ба мӯҳлати кам, ки баъдан тариқи авф ба озодӣ мебароянд.”

Субҳи дуюми апрел, соати 7:50 дақиқа Мафтунаи 21-сола бо тифли шашмоҳааш бо вуҷуди зораву таваллои шоҳидон, худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохт. Ҷасади ӯ пас аз се соат аз деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ, 30 километр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо шуд, аммо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи ҷасади Сулаймони шашмоҳа дар 200-километрии шаҳри Ваҳдат, дар Қубодиён, идома дорад. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 4 апрел ба Озодӣ гуфт, ки “оби дарёи Кофарниҳон дар қаламрави Қубодиёну Шаҳритус камтар мешавад ва имкони ёфтани ҷасад дар онҷо вуҷуд дорад.”

Ин ҷавонзан 1,5 соли пеш бо Оятулло Ҷӯраев, сокини деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод издивоҷ карда буд ва баъд аз ин ҳодиса мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифт.

Дар аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш аз даст рафтанд. Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июл сокини Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд.

XS
SM
MD
LG