Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мансаби нави Рустами Эмомалӣ, Абдуфаттоҳи Ғоиб ва...


Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ раиси нави Оҷонсии зиддифасод ва Абдуфаттоҳи Ғоиб раиси нави Хадамоти гумрук таъин шуда, Асадуллои Раҳмон ба курсии ёрдамчии президент дар сиёсати кадрҳо нишастааст.

Рустами Эмомалӣ, писари 27-солаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки то ин дам раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд, ба курсии раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишаст. Дар ин бора рӯзи 16 март фармони президент Раҳмон ба нашр расида, муаррифии ӯ баъд аз зӯҳри душанбе аз тарафи Давлаталӣ Саидзода, муовини аввали нахуствазир сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Абдуфаттоҳи Ғоиб аз раҳбарии Оҷонсии зиддифасод барканор шуда, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон раиси нави Хадамоти гумрук таъин гардидааст.

Ин ҷойивазкунии Рустами Эмомалӣ бо Абдуфаттоҳи Ғоиб дар ҳоле сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ба шиддат интиқод кард ва ҳатто ҳушдор дод, агар бихоҳад ин ниҳодро бо дастони худ мебандад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб

​Дар пайи ин интиқоди президент, муовини аввал ва ду муовини дигари раиси оҷонсии зиддифасод аз мақомҳояшон барканор гардида буданд.

Рустами Эмомалӣ, ки рутбаи генерал-майорӣ дорад, моҳи ноябри соли 2013 ба курсии раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нишаста буд. Ӯ бахши иқтисодии донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд ва соли 2009 дар анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯ фарзанди дувуми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Хоҳари ӯ - Озодаи Раҳмон муовини аввали вазири умури хориҷист.

Асадуллои Раҳмон - ёрдамчии президент

Бар асоси фармони дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Асадуллои Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радио низ аз мақомаш барканор ва ёрдамчии президент дар сиёсати кадрҳо таъин шудааст. Ин мақомро Абдуҷаббор Азизӣ бар дӯш дошт, ки дар интихоботи парлумонии 1 март аз тарафи ҳизби ҳокими ҳокими халқии демократӣ иштирок карда, вакил интихоб гардидааст.

Асадуллои Раҳмон

Асадуллои Раҳмон

Асадуллои Раҳмон тайи даҳ соли гузашта дар мақоми раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кард. Ӯ соли 1973 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1997 факултаи журналистика ва тарҷумонии донишгоҳи миллӣ ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Русияро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст.

Дар давраи раҳбарии ӯ се шабакаи нави давлатии телевизион “Сафина” (соли 2005), "Баҳористон" (соли 2006), "Ҷаҳоннамо" (соли 2008) ва ду шабакаи давлатии радио - "Овози тоҷик" ва "Фарҳанг" ба фаъолият шурӯъ карданд. Аммо баъзе аз ширкатҳо, аз ҷумла “Азия –Плюс” натавонистаанд барои пахши барномаҳои телевизионӣ муҷаввиз дарёфт намоянд.

Раиси нави Кумитаи ТВ ва радио

Ба ҷои Асадуллои Раҳмон Маҳмадсаид Пирзода таъин гардидааст, ки то кунун ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон кор мекард. Вай соли 1989 донишкадаи санъатро хатм карда, соли 2000-ум муовини директори "Тоҷикфилм" ва баъд аз он муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио ва раиси шабакаи ТВ "Сафина" буд.

Ҳоло Ибодулло Машрабов ноиби аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд, ки то кунун раҳбари театри Лоҳутӣ ва дар парлумони соли 2005-2010 вакил буд. Як манбаъ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, муаррифии Ибодулло Машрабов баъд аз зӯҳри 16 март бо ҳузури Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазир, сурат гирифтааст.

Нахустин вокунишҳо

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Дар нахустин вокуниш, бархе аз таҳлилгарон ин тағйироти кадриро бештар барои Рустами Эмомалӣ муҳим хонаданд, ки ба қавли онҳо зинае дигар барои муаррифӣ, таҷрубаандӯзӣ ва роҳаш ба сиёсати бузург будааст. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, гуфт, "Рустами Эмомалӣ муддати панҷ соли охир дар се мақом ифои вазифа кард ва оянда низ ба мансабҳои дигаре пешниҳод хоҳад шуд ва, албатта, ин бесабаб нест".

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси тоҷик низ ба ин назар аст, ки тағйироти ахир нишонгари кӯшиши бештар кардани нуфузу эътибори Рустами Эмомалӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат мебошад. Ба таъкиди Ҳакимов, таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба он маънист, ки раисиҷумҳур аз тариқи эътимоде, ки ба вай ҳамчун писараш дорад, мехоҳад то алайҳи фасодкорӣ дар кишвар мубориза бурда шавад ва ин амр барои бештар ҷалб шудани сармояи хориҷӣ ба кишвар ва боло рафтани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кумак хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG