Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои 4 мақоми Вазорати умури хориҷии Амрико


Ҳамла ба намояндагии дипломатии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия. 11-уми сентябри соли 2012

Ҳамла ба намояндагии дипломатии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия. 11-уми сентябри соли 2012

Чаҳор корманди Вазорати умури хориҷии Амрико баъд аз гузоришҳо дар бораи ҳамлаи моҳи сентябр ба намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Бенғозӣ, аз мақомашон истеъфо додаанд.

Дар ин гузоришҳо аз Вазорати умури хориҷии Амрико интиқод шудааст, ки он вақт вазорат натавонист вазъро дуруст идора кунад. Телевизионҳои CNN, CBS ва хабаргузории Ассошиейтед-Пресс аз номи мақомоти Вазорати умури хориҷии Амрико, ки аз онҳо ном бурда намешавад, хабар додаанд, ки Эрик Боссвелл, ёвари вазир дар умури амният ва Чарлин Лэмб, муовини ёвари вазир роҷеъ ба барномаҳои байналмилалӣ аз мақоми худ истеъфо додаанд. Аз шахси севум ном бурда нашудааст.

Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, “мо дар бораи кормандон баъдтар бештар сӯҳбат хоҳем кард.” Пеш аз пахши ин хабар, раҳбарони як комиссияи мустақили Амрико, ки ба ҳодисаи 11-уми сентябри Бенғозӣ расидагӣ карда буданд, дар гузориши вижаи худ ба Конгресси Амрико гуфтанд, ки амният дар намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Бенғозӣ ба таври зарурӣ таъмин набудааст.

Баъд аз пешниҳоди ин гузориш дарёсолор Майк Муллен, муовини раиси комиссияи расидагӣ ба ҳодисаи Бенғозӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "набуди мудирият аз сӯи баъзе мақомот сабаби аз мадди назар дур мондани масъалаҳои амниятӣ шудааст."

Ӯ илова кард, “мо ба натиҷае расидем, ки баъзе мақомоти баландпояи бахшҳои Вазорати умури хориҷӣ дар Вашингтон дар вазъи буҳронӣ ва ҳассос дар посух ба нигарониҳои амниятӣ дар намояндагӣ натавонистаанд мудирияти муносиб нишон диҳанд.” Он вақт дар ҳамла ба намояндагии Амрико дар Бенғозии Либия сафир Кристофер Стивенс ва се корманди дигари сафорат кушта шуданд.

Томас Пикеринг, раиси комиссияи таҳқиқи ин қазия гуфт, чунин ба назар мерасад, ки бахши амнияти дипломатӣ ва бахши умури Ховари Миёнаи Вазорати корҳои хориҷа бо якдигар ҳамкорӣ надоштаанд ва дар иҷрои вазифаи худ барои ҳифзи сафорат дар Бенғозӣ ба сардаргумӣ афтодаанд. Дар номае, ки гузориши ин комиссияро ба намояндагони Конгресс ҳамроҳӣ мекард, Ҳилларӣ Клинтон ба таҳиякунандагони гузориш изҳори сипос кардааст.

Рӯзи панҷшанбе, 20-уми декабр, баррасии ин гузориш дар Конгресс идома меёбад ва қарор аст Виллям Бурнз ва Томас Найдз, муовинони вазири умури хориҷии Амрико, ба суолҳои қонунгузорон роҷеъ ба ин ҳодиса посух диҳанд. Аслан қарор буд, ки ба ин суолҳо хонум Ҳилларӣ Клинтон посух диҳад, вале бо пешниҳоди пизишкон ин кор бар дӯши муовинони вазир вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG