Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси "Фонди Пешвои Миллат" дар Тоҷикистон


Парлумони Тоҷикистон ду тарҳро дар иртибот ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати президенти Тоҷикистон»-ро баррасӣ кард. Бар асоси тарҳи нави қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», Фонди Пешвои Миллат таъсис мешавад.

Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон рӯзи чоршанбеи 26 октябр зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, ин тарҳи қонун аз ҷониби чаҳор вакили палатаи поёнии порлумон таҳия ва ироа шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Насриддинзода, бар асоси тарҳи нави қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» 7-8 моддаи имтиёзот барои Пешвои Миллатро дар назар дорад. Ҷаноби Насриддинзода таъкид кард, ки тибқи ин қонуни конститутсионӣ ба Президент ҷои махсус ва таҷҳизоти махсус ҷудо карда шуда ва Фонди Пешвои Миллат таъсис хоҳад шуд.

Моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт. Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

XS
SM
MD
LG