Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳои фурудгоҳи Айниро мекӯчонанд. ВИДЕО


Беш аз 300 хонаводае, ки наздик ба хатти парвози фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар 15-километрии ҷануби ғарби Душанбе, зиндагӣ доранд, аз қаламрави ин майдони ҳавоӣ ба минтақаҳои дигар кӯчонда мешаванд.

Фурудгоҳи низомии Айнӣ чанд соли пеш бо 70 миллион доллар сармояи давлати Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд ва ҳоло дар иҷораи пойгоҳи 201-и Русия қарор дорад.

Ҷуброни хонаҳо аз сӯи комиссияи вижа беш аз 6 миллион доллар ҳисоб шудааст, вале ба гуфтаи як намояндаи ин комиссия, масъалаи сарчашмаи пардохти ҷубронпулии хонаҳо ҳоло дар баррасии ҳукумати кишвар қарор дорад. Бархе аз сокинони наздик ба фурудгоҳ аз он шикоят доранд, ки ҳанӯз ҷубронпулии ваъдагиро дарёфт накардаанд, вале корҳои тахриби девори атрофи хонаҳояшон шурӯъ шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

300 оиларо аз наздикии фурудгоҳи Айнӣ мекӯчонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки замони Шӯравӣ ба ҳайси макони таъмири чархболҳо истифода мешуд, чанд соли пеш бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд ва ҳоло дар иҷораи пойгоҳи 201-и Русия қарор дорад. Ин майдон асосан маҳалли ист ва парвози чархболҳои низомӣ аст. Масоҳати он барои истифодаи ҳавопаймоҳо кифоят намекард. Аммо бо анҷоми корҳои таъмир ва бозсозӣ, масоҳати фурудгоҳ то 250 гектар васеътар шуда, майдони парвози он барои нишасту бархости тайёраҳои низомӣ низ мувофиқ карда хоҳад шуд.

Равшан Деҳнаев, як сокини деҳаи Кушониёни ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 16 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл масъулони ҷамоат бо булдозеру трактор девори атрофи манзилашро вайрон кардаанд.

Равшан Деҳнаев
Равшан Деҳнаев

Ин сокини деҳаи Кушониён гуфт, "ба мо гуфта буданд ҷубронпулӣ медиҳанд, аммо маълум нест кай ва кӣ ин пулро медиҳад? Ба муроҷиатҳоямон ҳам ҷавоб нест. Ҳоло дарвозаву девори хонаро тахриб карданд. Мо дар фурудгоҳи низомӣ мондем. Имрӯз ё фардо ҳатман мегӯянд, ки аз дохили фурудгоҳ берун равед. Ҳоло бо 3 хонавода ва кӯдакон дар ин зимистон куҷо меравем, номаълум."

Равшан Деҳнаев гуфт, бо сабаби набуди маблағ барои бунёди хонаи нав дар 8 сотих замине, ки ҳукумат ба ӯ 10 соли пеш дода буд, онҳо зиндагиро дар назди фурудгоҳ идома доданд. Мисли хонаи Равшан Деҳнаев дар қаламрави фурудгоҳи низомии Айнӣ воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 108 хона бунёд шудааст.

Мақомот мегӯянд, барои васеъ кардани майдони фурудгоҳ ва кӯч додани ин хонаводаҳо, як барномаи махсусе рӯи даст гирифта шуда, комиссияи вижа ҳам таъсис ёфтааст. Ҳаким Саидов, раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳал шудани масъалаи пардохти ҷубронпулӣ, хонаи сокинон тахриб нахоҳад шуд. Раиси ҷамоати Навобод афзуд, "мардумро безобита намекунанд ва ҳар вақте ки мардум пулашро гирифт, метавонад аз майдон берун раванд. Мо то дарахтони ҳавлиҳои хонаводаҳоро нарх мондаем."

Ҳаким Саидов мегӯяд, аз ин манотиқ кӯч додани мардум ба ҳифзи сиҳатии сокинон ҳам аҳамият дорад, чун зиндагии девор ба девор бо фурудгоҳ, ки макони масрафи зиёди сӯзишворӣ ва олуда шудани ҳаво аст, бар зарари саломатии мардум анҷом мешавад. Ба қавли мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ, бархе аз оилаҳо дар қаламрави фурудгоҳ ғайриқонунӣ хона бунёд кардаву зиндагӣ доранд.

Бо ин вуҷуд, ба таъкиди онҳо, ҳукумат дар чанд соли пеш ба ҳар оила 6 сотих замин дар ҷамоатҳои дигар дод, аммо ба иддаои масъулон 90 дар сади хонаводаҳо ин қитъаҳоро фурӯхта, зиндагиро дар қалавмрави фурудгоҳ идома додаанд.

Масъулини ҷамоат мегӯянд, ҳоло мақомот дигар наметавонанд ба онҳо қитъаҳои нави замин ҷудо кунанд, ба ҷуз ин ки ҷуброни пулии манзилҳои онҳоро пардохт кунад. Бархе сокинон ин иддаоро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, бо сабабҳои мухталиф макони зисти худро тарк накарданд ва ҳоло дар ҳолати номуайянӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG