Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: Дигар дар Қирғизистон касе "дахлнопазир" нест


Алмосбек Отамбоев ва иштирокдорони инқилоби моҳи апрели соли 2010. Бишкек, 27 феврали соли 2017.
Алмосбек Отамбоев ва иштирокдорони инқилоби моҳи апрели соли 2010. Бишкек, 27 феврали соли 2017.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар дидор бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатии «Шаҳидони Ватан», «Айкол-Ала-Тоо», «Эр Теги» ва «Парчами апрел» дар Бишкек гуфт, «дар кишвар ҳеч кас дахлнопазир нест, аз ҷумла раҳбарони феълӣ ва пешини ҳамаи шохаҳои қудрат».

«Ман бовар дорам, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳама чиро рӯшан мекунанд ва қонуншиканҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ва ҳеч гуна роҳҳои фишору зӯроварӣ ба давлат ин ҷо фоида надоранд. Дар кишвар дигар дахлнопазирҳо нестанд. Аммо онҳое, ки ба шарофати қаҳрамонии шаҳидони роҳи ояндаи қирғизистониҳои одӣ баъд аз 7 апрел ба қудрат расиданд, дар назди мардум масъулияти дучанд доранд,» -- гуфт Отамбоев.

Дар ин дидор пайвандони қурбониёни инқилоби 7 апрели соли 2010 талоши баъзе сиёсатмадоронро, ки барои ҷиноятҳои худ ҷазо надидаанд, маҳкум карданд. Онҳо гуфтаанд, фасод ва ҳирси молӣ ба «рӯйи симои дурахшон»-и қаҳрамонон соя меафканад ва чунин афрод набояд "аз номи шаҳидон сӯистифода кунанд".

XS
SM
MD
LG