Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муҳаммад Мусулмонқуловро барои таҳсил дар Эрону Миср ва иртибот бо сомонаҳои "Ақида,", "Шайх Муҳаммад Ҳасан" ва "Шайх Пурдил" 8.5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кишварро ба ҷурми "ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷиноӣ" ва "созмон додани гурӯҳи террористӣ" айбдор карда, ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум намудааст.

Аз ин нафар Муҳаммад Мусулмонқулов, сокини ноҳияи Қубодиён, ном бурда мешавад, ки ба иддаои вакили мудофеаш моҳи феврали соли ҷорӣ дар авҷи ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ ба комиссариати ҳарбӣ даъват шуда, аммо баъд аз муаррифияш боздошт ва ҳоло ба зиндон фиристода шудааст.

Котиботи додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 19 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, аммо гуфт, то замони қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм аз шарҳи бештари қазия худдорӣ хоҳанд кард. Вале Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳаммад Мусулмонқулов, мегӯяд, нисбат ба ин ҳукм норозӣ буда, аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Ба қавли Ёров, додгоҳ нафари таҳти ҳимояти ӯро асосан "барои таҳсил дар Эрону Миср" ва робита бо торнамоҳои, ба қавли мақомот, тундгарои “Шайх Муҳаммад Арифӣ”, “Шайх Муҳаммад Ҳасан”, “Шайх Мустафо Адавӣ”, “Шайх Муҳаммад Иброҳим”, “Шайх Пурдил” ва сомонаи “Ақида” маҳкум ба зиндон кардааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, зерҳимояи ӯ соли 2011 баъд аз чанд муддати таҳсил дар Мисру Эрон ба Тоҷикистон омада, бо ягон иттиҳодияи ҷиноӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ надоштааст.

“Муҳаммад моҳи августи соли 2008 аз Русия бо роҳнамоии амакаш Фарҳод Мусулмонқулов ба Миср рафта, дар маркази таълимии “Халил” 11 моҳ арабӣ меомӯзад ва баъд аз он ба Тоҷикистон омада, соли 2010 ба Зоҳидони Эрон меравад. Дар он ҷо дар Донишгоҳи “Дорул улуми Зоҳидон” таълимоти динӣ мегирад,” - нақл кард Бузургмеҳр Ёров.

Ӯ гуфт, дар вақти пурсиш зерҳимояи ӯ иқрор кардааст, ки баъди даъвати падараш ба Тоҷикистон баргашта ва ҳеч гуна ташвиқоти динӣ накардааст ва касеро ҳам ба кадом созмони тундгаро даъват нанамудааст. Абдурауф Мусулмонқулов, падари Муҳаммад дар додгоҳ гуфтааст, фарзандаш ҳамагӣ 16 сол дошт, ки ба Маскав ва сипас барои таҳсил ба Мисру Эрон рафтааст. Ба қавли ӯ, пули таҳсили Муҳаммадро амакаш Фарҳод Мусулмонқулов мепардохтааст ва ӯ тақрибан аз ҷузъиёти таҳсилу зиндагии фарзандашт дар хориҷ аз кишвар иттилое надоштааст.

Муҳаммад Мусулмонқулов дар моҳи феврали соли равон барои хизмат ба артиш даъват карда мешавад ва ҳангоми пурсиш вақте мегӯяд, дар Мисру Эрон таҳсил кардааст, ӯро ба бинои УБОП ё ниҳоди мубориза бо созмонҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ мебаранд. Сипас, шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ алайҳи ӯ парванда боз намуда, муҳокимаи онро додгоҳи ҳамин ноҳия бар дӯш дошт.

Мақомоти расмии Тоҷикистон аз соли 2009 боз дар пайи даъвати раисиҷумҳур, ки гуфт, ҷавонон дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ на донишманд, балки террорист хоҳанд шуд, садҳо ҷавонро аз кишварҳои исломӣ ба Ватан овард. Ҳоло мақомот қарор кардаанд, ҳар касе барои таҳсил ба мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ меравад, бояд аввал Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда, сипас бо иҷозаномаи Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ сафар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG