Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми нави генерал Файзуллоев ва таъини 6 узви Маҷлиси миллӣ


Генерал Шараф Файзуллоев (нафари аввал аз тарафи чап)

Генерал Шараф Файзуллоев (нафари аввал аз тарафи чап)

Бо фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон 6 узви нави Маҷлиси миллӣ таъин шуда, Шараф Файзуллоев ба мақоми сардори раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент расидааст.

Генерал Шараф Файзуллоев -- сардори cитоди нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сардори раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент таъин шудааст. Ин ҷойи холимондаи Аҳтам Абдуллозода, раиси ҳозираи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳист. Абдуллозода аз моҳи январ то июни соли 2014 дар ин мақом кор карда буд.

Номи Шараф Файзуллоев бори охир дар моҳи январи соли гузашта дар пайи даргирии нерӯҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон, ки чанд кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуда буд.

Он вақт ӯ аз нахустин мақомҳои давлатӣ буд, ки баъд аз чанд муддати хомӯшии ҷониби Тоҷикистон, қазияро шарҳ дод ва гуфт, тирпарронии рӯзи 11 январи 2014 байни марзбонҳои ду кишвари ҳамсоя дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифта, сарбозони тоҷик танҳо ба хотири пешгирӣ аз идомаи оташи пулемётҳо ва камонҳои снайперии он тараф даст ба истифодаи миномётҳо задаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

​Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 30 март бо фармонҳои дигари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Зафаршо Иброҳимов муовини аввал ва Шаҳло Неъматова муовини раиси муассисаи давлатии осорхонаи миллӣ таъин шудаанд.

Бо қарорҳои ҳукумат, ки зери он низ ҷаноби Раҳмон имзо мегузорад, муовинҳои якум ва муовинони роҳбарони як қатор вазорату идораҳо низ иваз шуда, Саидраҳмон Назриев, ки то ин дам муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд, муовини аввали вазири рушд; Хол Ҳайдар муовини якум ва Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав; Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардидаанд.

Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон 6 узви нави Маҷлиси миллӣ, палатаи болои парлумонро таъин кардааст, ки инҳо:

Фарҳод Раҳимӣ – президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон;

Хайрулло Сафарзода – директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи нерӯгоҳи барқии обии Роғун;

Шаш узви Маҷлиси миллӣ, ки онҳоро раисиҷумҳур таъин кардааст

Шаш узви Маҷлиси миллӣ, ки онҳоро раисиҷумҳур таъин кардааст

Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови Хуҷанд;

Меҳринисо Бобобекова - раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ;

Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон;

Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошанд.

Таъини шаш узви Маҷлиси миллӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки рӯзи шанбе кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, рӯзи ҷумъа 25 узви палатаи болоии парлумон аз сӯи вакилон интихоб шудаанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе яке аз онҳост, ки дигарбора ба Маҷлиси миллӣ роҳ ёфта ва зоҳиран раёсати маҷлиси болоии парлумонро барои боз як давраи панҷсолаи дигар ҳифз хоҳад кард.​ Ӯ аз замони таъсиси ин маҷлис 15 сол боз раҳбарии онро бар ӯҳда дошт.

Тибқи Қонуни асосӣ, раисиҷумҳурҳои собиқ низ узви доимии Маҷлиси миллӣ мешаванд. Ҳоло Қаҳҳор Маҳкамов, ки солҳои 1983-1991 ба ҳайси котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунист, раиси Шӯрои Олӣ ва дар солҳои 1990-1991 ба ҳайси нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбари якуми ин кишвар буд, узви 34-ум ва доимии Маҷлиси миллист.

Маҷлиси миллӣ ба ҳайси маҷлиси болоӣ дар низоми парлумонии Тоҷикистон дар чорчӯби ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар дар соли 1999 таъсис ёфт ва нахустин интихоботаш соли 2000 сурат гирифт. Он ислоҳоти Қонуни асосӣ дар чавкоти созишномаи сулҳ бо мухолифин анҷом ёфта буд. Ба бисёриҳо бар ин назаранд, ки он вақт тарси шикасти гурӯҳи ҳоким дар интихобот вуҷуд дошт ва палатаи болоии парлумонро мақомоти вақт барои ҳамин таъсис доданд, ки агар назорати Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумон ба дасти мухолифин биафтад, Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоӣ битавонад дар роҳи қудратталабии маҷлиси поёнӣ садҳои қонунӣ эҷод кунад.

Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои фаровоне бархӯрдор аст ва аз ҷумла номзадҳо ба мақомҳои баланде, чун додситони кулл ва додрасҳо дар тамоми сутуҳи додгоҳиро ҳамин маҷлиси тасдиқ мекунад. Баррасии тарҳи будҷа ва таъйиди қонунҳои конститутсионӣ низ баъди тасвибашон аз сӯ Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ супурда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG