Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ боз шуд


Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ пас аз чанд ҳафтаи баста будан, шурӯъ шудааст. Шӯҳрат Шоисматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон рӯзи 24 феврал дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, феълан барои гузаштани мошинҳои хурди мусофирбар имконият фароҳам оварда шудааст. Ба гуфтаи ин мақоми идораи ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, ҳоло дар мавзеъҳои Шипад, Деҳ ва мавзеи Қалоти ноҳияи Рӯшон корҳои поксозии тармаҳо ва васеъкунии роҳ барои гузаштани мошинҳои борбар, идома дорад. Ба гуфтаи Шоисматов роҳи Хоруғ-Ишкошим низ дирӯз кушода шуд, аммо масири Хоруғ-Мурғоб ҳанӯз баста аст.

XS
SM
MD
LG