Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиш: ДИИШ дар ҳоли ҳозир барои Осиёи Миёна таҳдид нест


Гузориши Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалии Лаҳистон мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ ба дунболи густариши ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ нест.

Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалии Лаҳистон (Polish Institute of International Affairs -- PISM) дар гузорише мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир Осиёи Миёнаро ба унвони минтақаи мавриди таваҷҷуҳ барои густариши ҳузураш намебинад.

Дар ин гузориш омадааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар кишварҳое монанди Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ҷузъе аз Иттиҳоди Шӯравии пешин буданд, таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб кардааст.

Тибқи гузориши Пажӯҳишгоҳи умури байлалмилалии Лаҳистон, гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълони байъат аз сӯи Ҳаракати исломии Узбакистон дар соли 2014-ро то ҳадде нодида гирифт ва ҳамчунон, шаҳрвандони Осиёи Миёна хеле кам дар маводи таблиғотии "Давлати исломӣ" ба назар мерасанд. Ин пажӯҳиш гузоришҳоеро рад мекунад, ки гӯё гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҷустуҷӯи пойгоҳ дар Осиёи Марказӣ буда ва ё як таҳдид ба ин минтақа ба шумор меравад.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро барои амнияти худ таҳдид хонда ва дар вокуниш ба гузоришҳо аз ҳузур ва густариши доманаи фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар Афғонистон, ки бо се кишвар минтақаи Осиёи Миёна ҳамсарҳад аст, нигаронии шадид карданд.

Гузориши Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Лаҳистон мегӯяд, ки сарфи назар аз ин, ки эҷоди вилояти Хуросон чӣ қадар барои "Давлати исломӣ" муҳим аст, ҳузури ин гурӯҳ дар Афғонистон метавонад минтақаи Осиёи Миёнаро таҳти таъсири худ қарор бидиҳад.

Раҳбари тарҳи Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ барои Осиёи Миёна Дейрдре Тунан гуфтааст, ки агар гурӯҳи "Давлати исломӣ" битавонад ҷои пойро дар Афғонистон пайдо кунад, як занги хатар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, хатар инҷост, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон ва Тоҷикистон бо чораҳои осемасари амниятӣ ва сиёсӣ вокуниш нишон хоҳанд дод, ки дар ниҳояти амр амният ва суботро дар кишварҳои бе ин ҳам осебпазири худашон халалдор хоҳад кард.

Аз сӯи дигар Русия, ки ба шиддат аз густариши нуфузи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон нигарон аст, аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хостааст, то гомҳои лозимро барои муқобила бо таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон бардоранд. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар нишасти ахири сарони СПАД гуфт, ки сарони узви ин паймон бояд фаъолиятҳои муштарак бо Афғонистон анҷом диҳанд.

Дар гузориши Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалии Лаҳистон омадааст, ки манобеи аврупоӣ аз истихдоми бештари аврупоиҳо нисбат ба шаҳрвандони Осиёи Миёна ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар додаанд. Аммо бар асоси ин гузориш, афродеро, ки барои пайвастан ба ин гурӯҳ аз Осиёи Миёна ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, набояд нодида гирифт.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна борҳо аз ҳузури атбои худ дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" нигаронӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ахиран аз ҳузури 412 шаҳрванди кишвар дар сафҳои "Давлати исломӣ" хабар доданд.

XS
SM
MD
LG