Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузоришҳо: 25 узви як хонавода дар Сурия кушта шуд. ВИДЕО


Мақомоти Қирғизистон иттилоъ дар бораи онро, ки гӯиё 25 узви як хонавода аз ин кишвар дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст, дақиқ мекунанд. Иттилои мазкур дар ҳоли ҳозир расман тасдиқ намешавад.

Телевизиони давлатии "ОТРК"-и Қирғизистон ахиран иттилоъ дод, ки як хонаводаи 25-нафарӣ аз вилояти Иссиқкӯл дар натиҷаи амалиёти низомии Сурия ба ҳалокат расидаанд. Хабари марги онҳоро ба ин телевизион ахиран наздиконашон дар Қирғизистон расондаанд.

"Ин хабарро наздикони ин хонавода гуфтаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро таҳқиқ доранд ва ҳоло расман тасдиқи худро наёфтааст", - мегӯяд Сталбек Усубакунов, сардори хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии Иссиқкӯл.

Хабарнигори бахши Қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки хонаводаи мазкур ба раҳбарии модаркалони 80-солаашон се соли пеш ба Сурия ҳаракат карданд. Ин хонум, ки қирғизтабор ва мутаассиб будааст, 5 духтарашро ҳамроҳ бо оилаҳояшон ба Сурия ҷалб кардааст. Танҳо як духтар ва домод розӣ нашуданд ба ҷанг раванд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки эҳтимолан ин занҳо дар манотиқи ҷангӣ бо хизматрасонӣ, анҷоми корҳои мисли ошпазиву кӯмаки тиббӣ машғуланд.

Дар миёни аъзои ин хонавода, ки ба Сурия рафтаанд, кӯдакони 3 то 17-сола ҳам ҳастанд. Ҳодисаи сафари авлоди калоне аз Қирғизистон ба Сурияро аксарият дар ин кишвар такондиҳанда номиданд. Коршиносон мегӯянд, ки ҷомеаи ин кишвар чандон мутаассиб нест ва шумори зиёди қирғизтаборҳо, ки аз дини ислом пайравӣ мекунанд, решаҳои бутпарастии худро ҳам фаромӯш накардаанд.

Видео аз ноябри соли 2015:

Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон, ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористӣ дар Ироқу Сурия наздики 600 шаҳрванди ин кишвар меҷанганд ва то ҳол хабари марги беш аз 70 танашон расидааст.

Ҳодисаи сафари дастаҷамъии сокинони Осиёи Марказӣ ба ҷангҳои Сурияву Ироқ беназир нест. Дар як ҳодисаи он замон такондиҳанда барои ҷомеаи Тоҷикистон, соли 2014 ҳадди аққал 20 сокини рустои Чорқишлоқи ноҳияи Исфара барои ҷанг дар қаламравҳои зери назари гурӯҳи "Давлати Исломӣ" рафтанд. Ҳамаи онҳо мардони ҷавон ва ҳамсояву баъзе хешу табор буданд. Имрӯз сарнавишти онҳо маълум нест чӣ шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳам таҳдиди ДИИШ ва ҷалби дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҷангҳои бегонаро хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда номида, барои аз ин роҳ баргардонидани сокинони кишвар корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

XS
SM
MD
LG