Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи "риштарошон" дар Душанбе ва шаҳрҳои дигар


Парвиз Турсунов бо чунин риш дар "Хайр"-и Ваҳдат футбол бозӣ мекард.

Парвиз Турсунов бо чунин риш дар "Хайр"-и Ваҳдат футбол бозӣ мекард.

"Шикор"-и ришдорон ва мавридҳои ҳатто маҷбуран тарошидани риши онҳо аз тарафи мақомот дар Тоҷикистон мояи сару садоҳои мухталиф шудааст. Оё дар пушти ин маъракаи ба истилоҳ "риштарошон" чӣ меистад?

Шаҳрвандоне, ки мегӯянд, ҳадафи "риштарошон"-и маҷбурии мақомот қарор гирифтаанд, ин амалро нақзи ҳуқуқи инcон меноманд. Аммо мақомоти давлатӣ мегӯянд, дар масъалаи ришу ришдорон ба ҳеч кас ҳеч гуна дастуре надодаанд.

Озод бар хилофи номаш ахиран фаҳмид, ки дар бобати риши худ озод нест. Ӯро дар бозори Хуҷанд милисаҳо боздошт кардаву ба шӯъбаи умури дохилии шаҳр бурданд ва маҷбуран ришашро тарошиданд. Ин дар ҳолест, ки Озод 10 сол боз бо риш мегашт ва ҳамеша онро миқроз задаву намегузошт аз 3 сантиметр дарозтар шавад.

Озод мегӯяд, сабаби чунин бархӯрди мақомотро ба ришаш дарк карда наметавонад, аммо ин риштарошии маҷбурӣ қариб сабаби хонавайронии ӯ мешудааст: "Дар бозор наздам як мошин истод ва чанд нафар дар либоси милиса омада гуфтанд, имшаб як ришдор касеро куштааст ва ту бояд бо мо равӣ. Ман ҳам рафтам, изи ангушт ва аксамро гирифтанд. Баъдан чанд нафар маро ба як утоқи дигаре дароварданд, ки дастгоҳҳои сартарошӣ омода буд, дастҳоямро қапиданд. Агарчӣ гуфтам, накунанд ин корро, вале гуфтанд, гапро бисёр накун ва ришамро гирифтанд. Хона омадам, ки ҳамсарам фикрҳои дигар кардаву бо ман чанд рӯз дар қаҳр буд ва қариб баромада мерафт."

Озод ҳоло ният дорад, дубора риш монад, чунки, мегӯяд ӯ, чеҳраи худро дигар бе риш тассавур карда наметавонад: «Ман солҳои зиёд аст риш дорам, як бор ришро гирифтам ҳама гуфтанд ба ту бе риш будан намезебад ва аз сӯи дигар, риш мондан дар мазҳаби мо суннат аст.»

Озод ва бархе аз дигар мусоҳибони мо, ки бо риши худ мавриди шубҳаи мақомот қарор гирифтаву акнун аз он маҳрум шудаанд, мегӯянд, солҳои зиёде бо ҳамин сурати хеш дар Русия кор кардаанд ва касе ҳам ба онҳо коре надошт. Мусоҳибони мо мегӯянд, амалиёти навбатии "риштарошӣ", ки ин бор беш аз ду моҳ боз идома дорад, ғолибан дар бозорҳои калони Душанбе, мисли «Корвон», «Султони Кабир» ва дар сохтмонҳо анҷом мешавад ва афроди ришдор ғолибан аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт мешаванд ва ё аз ҷониби мақомот ба сохторҳои зирабт даъват шудаву дар ниҳоят аз риш маҳрум мегарданд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, танҳо дар маъракаи "риштарошон"-е, ки дар арафаи нишасти Шанхай сурат гирифт, то 200 нафарро ба далели ришдорӣ боздошт карда ва риши даҳҳо тан аз онҳоро тарошидаанд.

Як тоҷири бозори «Корвон», ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, «мебаранд, ё омада «повестка» медиҳанд ба ҷавонони ришдор, ки ба фалон ҷо ҳозир шавад. Як савдогари шиносам, масалан, ҳамин чанд вақти пеш ба УБОП даъват шуд ва маҷбураш карданд, ришашро кӯтоҳ кунад. Ҳарчанд хоҳиш кардааст, ки гузоранд ин суннатро иҷро кунад, аммо ба ӯ гуфтаанд, синну солат, ки аз 40 гузашт, баъд риш мемонӣ.»

Ҳодисаҳои зӯран тарошидани риши афроди мазҳабӣ ва махсусан ҷавонон, аз чанд сол пеш ҳам ба мушоҳида мерасид, аммо ба гуфтаи мусоҳибони мо, ин амал дар ростои маъракаҳои муҳим, аз ҷумла ин бор ба хотири нишасти сарони кишварҳои узви созмони Шанхай тақвият ёфтааст.

Вале Абдулло, як мусоҳиби дигари мо, мегӯяд, барои бо риши суннатӣ ва баланд бе мушкил дар шаҳр гаштан ба ӯ тавсия додаанд, тамоми ҳуҷҷатҳояшро аз нав бо риш дуруст кунад. Абдулло мегӯяд: «Мехоҳем суннати Расулуллоҳро иҷро кунем, аммо ҷомеа ҳамин хел аст, чӣ кор кунем. Вале мегӯянд, агар тамоми ҳуҷҷатҳо дуруст ва бо риш бошад, мушкиле пеш намеояд. Умедворам, ҳуҷҷатҳо дуруст шаванд, дигар ришамро баланд мекунам. Ҳоло ҳам риш дорам, аммо ришам паст аст.»

Сино Ҳасанзода

Сино Ҳасанзода

Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кардаанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва манотиқи дигар ҳадафи «риштарошон»-и маҷбурии мақомоти умури дохилӣ қарор гирифтаанд. Сино Ҳасанзода, раҳбари шӯъбаи панҷакентии ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ дар шабакаи Фейсбук ҳатто навореро гузошт, ки дар он чанд нафар дар сартарошхона мунтазири навбати тарошидани ришашон нишаста буданд ва эътироф мекарданд, ки онҳоро милиса маҷбур кардааст. Дар посух ба интиқодҳо аз ин маърака, Раҳмонқул Давлатов, раҳбари шӯъбаи умури дохилаи Панҷакент аммо чанде пеш ба «Озодагон» гуфт, занони ин мардони ришдор баракс ба мақомот ташаккур кардаанд, ки хайрият, рухсори шавҳарони худро диданд.

Ин дар ҳолест, ки Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, касе бо чунин шикоят, ки ришашро маҷбуран тарошидаанд, ба ин ниҳод шикоят накардааст.

Қобилҷон Боев, собиқ раиси бахши фатвои Шӯрои уламо мегӯяд, агар худи ин ҷавонон қоидаҳои гузоштани риши суннатиро хуб риоя кунанду риши дурусту озода дошта бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди шубҳа ва боздошт қарор нахоҳанд гирифт. Оқои Боев дар робита ба муҳимияти риш гуфт: «Пайғамбар с.а.с гуфтаанд, ки касе мӯй дорад, мӯяшро зебо нигоҳ бидорад. Барои аҳли илм, имомҳои масоҷид, мударрисон, хатибони намози ҷумъа риш мондан ҳукми воҷибиятро дорад. Аммо барои оммаи мардум риш мондан суннат аст. Агар ришро тибқи қоида гузорӣ, ҳеҷ мушкиле пеш намеояд. Аммо баъзе ришдорҳоро мебинӣ, ки риш доранд, вале одоби либоспӯшии хеле дағал доранд.»

Роҳандозии чунин маъракаҳо алайҳи афроди ришдор дар пешорӯи ҷашнҳову нишастҳои муҳими байналмилалӣ дар Тоҷикистон мисли як анъана шуда ва дар солҳои гузашта низ иттифоқ уфтода буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин маъракаҳо бар илофаи манъи ҳиҷобу ширктаи занон ва ноболиғон дар намози масоҷид, маҳдуд кардани мавзӯи маъвизаҳои ҳатто рӯҳониёни расмӣ ва аз минбар маҳрум кардани рӯҳониёни маъруф аз масъалаҳоест, ки исми Тоҷикистонро дар гузоришҳои байналмилалӣ роҷеъ ба озодии дин бо рангҳои манфӣ ҷилвагар мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG