Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меҳрӣ Туганова мегӯяд, 15 сол боз муҳаббати самимии ҳамсарашро бо имо ва ишора дарк мекунад. Ӯ мегӯяд, на ҳамеша мақоли халқии "занон бо гӯшашон дӯст медоранд", ба ҳақиқат рост меояд.

Бар хилофи як мақоли халқӣ, ки мегӯяд, занон бештар бо гӯшашон ошиқ мешаванд, Меҳрӣ Туганова 15 сол боз муҳаббат ва ишқи самимии ҳамсараш Носир Носировро бо имо ва ишора дарк мекунад. Ҳосили ишқи ин ду нафар писаре бо номи Меҳроншоҳ будааст, ки ҳоло ҳамроҳи волидонаш дар хобгоҳи афроди кару гунг дар пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.

Носир Носиров ва Меҳрӣ Туганова 15 соли қабл якдигарро дида, ошиқ мешаванд ва баъдан бо ризояти аҳли хонавода издивоҷ мекунанд. Туганова аслан зодаи вилояти Намангони Узбакистон буда, дар айни пошхӯрии Иттиҳодӣ Шӯравӣ ба Душанбе омадааст ва Носир Носиров зодаи вилояти Бадахшон аст. Онҳо мегӯянд, мисли ҳар оилаи дигар баъзан ихтилофи назар дар масъалаҳои хонадорӣ ба миён меояд, ки онро зуд ҳал менамоянд.

Ҳамсари Меҳрӣ Туганова дар мактаби миёна таҳсили ҳатмӣ нагирифтааст. Ҳоло ӯ бо мӯзадӯзӣ, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз аз байн нарафта, баръакс, муштариёнаш хеле зиёданд, пеш мебарад. Худи Туганова низ ба дӯзандагӣ машғул аст ва аз ин ҳисоб ба буҷаи хонавода даромад меорад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи таҷлил аз Рӯзи модар меҳмони Меҳрӣ Туганова ва Носир Носиров шуданд, ки тафсилоташро дар ин навори видео бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG