Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши "Валдай" роҷеъ ба вазъи Афғонистон ва амнияти Тоҷикистон


Гузориши наве бо номи «Давраи нави буҳрон дар Афғонистон ва амният дар Тоҷикистон» мегӯяд, дар сурати фалаҷ шудани ҳукумат дар Афғонистон, Тоҷикистон бояд бо гурӯҳҳои солим вориди музокирот шавад.

Маркази мубоҳисавии “Валдай” дар Русия гузоришеро муаррифӣ кард, ки дар он хатарҳои амниятии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле ҷиддӣ арзёбӣ шуда, ба ҳукумат машварат дода мешавад, аз ҳоло роҳи ҷилавгирӣ аз хатарҳои ғайри қобили пешбиниро андеша кунад. Гузориши "Давраи нави буҳрон дар Афғонистон ва амният дар Тоҷикистон"-ро таҳлилгарон Акбаршоҳ ва Қосимшоҳ Искандаровҳо аз Тоҷикистон ва устоди МГИМО Иван Сафранчук дар Русия иншо кардаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, агар буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон ҳокимияти марказиашро фалаҷ кунад, Тоҷикистон бояд бо гурӯҳҳои солиме, ки барои сулҳу салоҳ ва якпорчагии Афғонистон талош мекунанд, ҳамкорӣ кунад.

Яке аз чунин роҳбарон метавонад Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балх, бошад.

Таҳиякунандагони ин гузориш менависанд, вазъи амниятӣ дар ҳар чор вилояте, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, дар як соли охир ҷиддан тағийр ёфт: "Дар соли 2015 гурӯҳҳои силоҳбадасти зидди ҳукумат дар Афғонистон маркази 24 улусволиро ишғол кардаанд, ки аз он 11-тоаш дар сарҳади Тоҷикистон қарор дорад," - омадааст дар ин гузориш.

Акбаршоҳ Искандаров, корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум ва яке аз муаллифони ин гузориш, рӯзи 15 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: ​"Ҳоло гуруҳҳои ифротгаро дар шимол ҷамъ омада истодааст. Толибон дар наздикии марзи мо мустақар мешаванд. Пештар онҳо дар Бадахшон ҳузур надоштанд."

Акбаршо Искандаров

Акбаршо Искандаров

Ба навиштаи муаллифони ин гузориш, аз манотиқе, ки наздик ба марзи Тоҷикистон ҷойгиранд - Бадахшон, Тахор, Кундуз, ва Балх - ҳоло амнияти нисбӣ танҳо дар Балх таъмин аст. Аз ин манотиқ гурӯҳҳои силоҳбасти зидди ҳукумат танҳо вулусволиҳои Балхро зери тасарруф дароварда натавонистаанд. Эмин мондани Балхро пажӯҳишгарон ба нуфуз ва талошҳои Ато Муҳаммади Нур, роҳбари ин вилоят рабт медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ҳама гуна робита бо Афғонистонро танҳо бо ҳукумат ва сохторҳои расмии ин кишвар анҷом медиҳад. Мақомоти тоҷик то ҳол ҳамеша гуфтаанд, ки тавони таъмини амнияти марз бо Афғонистонро доранд ва марз таҳти назорати ҳамаҷониба қарор дорад. Тоҷикистон, инчунин, узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ аст ва дар ҳифзи марзҳои хеш метавонад, ба кумаки кишварҳои узви он ҳам умед бибандад.

Акбаршоҳ Искандаров мегӯяд, дар сурати идомаи бӯҳрони амниятӣ дар Афғонистон танҳо умед кардан ба ҳукумати расмӣ нашояд. Ба қавли ӯ, ягона қуввае, ки ҳам амнияти худ ва ҳам марзҳои Тоҷикистонро метавонад таъмин кунанд, ин мардуми бумии вилоятҳои шимоли Афғонистонанд. "Мутаассифона, ҳукумати кунунии Афғонистон аз нерӯи мардуми бумии манотиқи шимол чандон истифода намекунад. Дар ҳоле ки дар ин минтақа шумори зиёди қумандон ва низомиёни собиқ ба сар мебаранд, ки дар сурати таъмин шудан бо силоҳ аз сӯи ҳукумати Афғонистон метавонанд, аз хонаву дари худ дифоъ кунанд," - иброз дошт Искандаров.

Атомуҳаммади Нур - волии Балх

Атомуҳаммади Нур - волии Балх

​Ӯ гуфт, яке аз чунин роҳбарон Ато Муҳаммади Нур аст, ки метавонад дар нигоҳ доштани амният дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон саҳми бориз дошта бошад.

Ин пажӯҳиши таҳлилгарони тоҷику рус дар ҳоле нашр мешавад, ки ихтилофҳои сиёсӣ миёни раҳбарони сатҳи авввали ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон амиқтар мешавад. Дар моҷарои ахире, ки ба матбуот ҳам роҳ ёфт, маълум шуд, ки президент ва раиси ҳукумати иҷроия се моҳ боз бо ҳам ногапанд.

Ахиран Абдулло Абдулло, раҳбари иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғаниро "беҳавсалаву белаёқат" хонда гуфт, «се моҳ боз раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ вақти суҳбат бо раиси иҷроия»-ро надорад. Ашраф Ғанӣ дар вокуниш ба ин изҳороти Абдулло гуфт, раисҷумҳури белаёқат ва беҳавсала нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG