Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба қабристонҳои урани Тоҷикистон 30 млн евро зарур аст". ВИДЕО


Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мегӯяд, барои безиён кардани партобҳои ураниюм дар Тоҷикистон, 30 миллион евро зарур аст. Дар пайи як таҳқиқоти дусола дар Тоҷикистон, коршиносони кирокардаи Иттиҳодияи Аврупо ба хулосае расиданд, ки аз миёни партовгоҳҳо ва қабристонҳои ураниюм дар Тоҷикистон, мавзеи Деҳмой дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ва Истиқлол (собиқ Табошар) барои сокинони атроф бештар хатарзо аст.

Мартин Андерсон, мудири аршади барномаҳо дар мавриди бехатарии радиатсионӣ дар Иттиҳодия Аврупо рӯзи 5-уми апрел дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе гуфт: “Дар мулоқот бо мо, раиси вилояти Суғд аз хориҷ шудани гази радон аз сӯрохиҳои кӯҳи партовҳои ураниюм гуфт. Танҳо дар мавзеи Деҳмой то 35 ҳазор тонна боқимондаҳо ва партовҳои радиоактивӣ вуҷуд доранд. Дар сурати заминҷунбӣ, ин теппаи маводҳои радиоактивӣ метавонад осеб бубинад ва маводҳои зиёновар ба берун хориҷ шавад.”

Дар пайи як таҳқиқоти дусола коршиносони Иттиҳодияи Аврупо ба хулосае расиданд, ки аз миёни партовгоҳҳо ва қабристонҳои ураниюм дар Тоҷикистон, мавзеи Деҳмой дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ва Истиқлол (собиқ Табошар) барои сокинони атроф бештар хатарзо аст.

Бо назардошти хатарҳои ношӣ аз ин ду мавзеъ ва дигар партовгоҳҳои ба муҳити зист зиёнбори Осиёи Миёна, Иттиҳодияи Аврупо суратҳисоби хосае боз кардааст, ки дар он маблағҳои кишвар ва созмонҳои донор ва ё кӯмакрасон ҷамъ шуда, маблағи он барои безиён кардани ин гуна партовҳҳои зиёнбор масраф хоҳад шуд. Умури мудирияти ҷамъ кардани ин гуна маблағҳо ва шеваи масрафи он бар дӯши Бонки осиёии таҷдид ва рушд вогузор карда шудааст.

Балтазар Линдауэр, муовини роҳбари депортаменти бехтарии ядроии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мегӯяд, барои безиён кардани кулли партовгоҳои ураниюм дар минтақаи Осиёи Миёна 80 миллион евро зарур аст. Вай гуфт: “Ҳоло барои ин мақсад танҳо Иттиҳодияи Аврупо ба қадри 16,5 миллион евро маблағ ҷудо кардааст. Мо талош дорем то як соли оянда таваҷҷӯҳи кишвару созмонҳои донорро ба ин мушкил ҷалб кунем ва маблағи заруриро барои иҷрои ин тарҳҳо ҷалб намоем”.

Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 бо имконоти моливии хеш ба рӯйпӯш намудани қисмате аз партовгоҳи Деҳмойро дар шаҳри Бӯстон шурӯъ карда буд. Он замон тақрибан 20 гектар аз ҳудуди 80 гектараи ин партовгоҳ бо қабати ним метараи хок рӯйпӯш шуда буд.

Арзёбии партовгоҳҳои кушанда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Аммо Мартин Андерсон мегӯяд, бо қабати ним метрии хок рӯйпӯш кардани ин гуна партовгоҳҳо зиёни онро наметавонад коҳиш бидиҳад: “Ин чораи муваққатист ва аз ин қабати нимметра бо таъсири боду борон боз дубора метавонад гази радон хориҷ шавад. Мо ҳоло кӯшиш дорем роҳҳалҳои дарозумртареро барои ин мавзеъ пайдо кунем. Ин мавзеъ бояд ҳадди ақал бо қабати думетрӣ иборат аз хок, қум, санг рӯйпӯш карда шавад ва пасон дар болои он коштани ягон намуд алаф зарур аст”.

Андерсон афзуд, танҳо чунин руйпушкунӣ метавонад, ин мавзеъро барои дарозмуддат ҳадди ақал 100 соли оянда безарар гардонад.

Вилояти Суғди Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ва баҳрабардории Русия аз конҳои урани ин минтақа, 10 партовгоҳи радиатсионӣ ба мерос гирифтааст, ки бар пояи омори расмӣ, дар онҳо ҳудуди 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив нуҳуфтаанд. Дар рӯзҳои мо бузургтарини ин партовгоҳҳо, дар минтақаҳои Истиқлол ва Деҳмой ногӯронда ва боз боқӣ мондаанд.

Дар маҳалли партовгоҳ мизони шуои радиоактив ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ чандсад баробар зиёд аст. Мутахассисони муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ борҳо ба зарурати ба навбати аввал безараргардонии ин партовгоҳи радиатсионии шимоли Тоҷикистон таъкид кардаанд. Зеро ин партовгоҳ дар наздикии рӯди Сир - бузургтарин рӯди минтақа ҷой гирифтааст ва дар сурати рух додани офатҳои табиӣ, назири заминларза ва борандагиҳои шадид, эҳтимоли олуда шудани рӯди Сир бо моддаҳои дорои радиоктив вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG