Пайвандҳои дастрасӣ

Наврасон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла шуморе аз Бадахшон, истироҳати тобистонаашонро бо ҳам дар урдугоҳҳо (лагерҳо) сипарӣ мекунанд. Хабарнигори Озодӣ ба урдугоҳи "Шарора" дар дараи Варзоб рафт.

Сайёҳат ба Душанбе ва аз он ҷо ба осоишгоҳи «Шарора»-и дараи Варзоб ба сокини навраси шаҳри Хоруғ Мӯнис Рашидбеков хеле писанд омад. Вай акнун ҳамроҳ бо 21 ҳамсоли дигараш таътили тобистонаи худро дар «Шарора» мегузаронад.

Баъзан аз ӯ дар бораи ҳаводиси моҳи майи Хоруғ мепурсанд, аммо вай он рӯйдодҳоро ба ёд овардан намехоҳад. Ӯ мегӯяд, ҳоло бо ҳамсолони худ аз мактабҳои гуногуни Душанбе истироҳати хубе дорад, рӯзҳояш пур аз шодиянд, ки барояш нерӯ медиҳанд, то ба соли нави таҳсил омода шаванд.

Мӯнис мегӯяд: «Имсол ҳукумати вилоят барои мо роҳхати лагерро ройгон дод. Ин ҷо хуб аст. Мо дӯстони зиёд пайдо кардем. Агар чунин имконият барои ҳамаи мактаббачаҳои Бадахшон даст диҳад, хуб аст. Зеро ҳастанд бачаҳое ки вақти таътили худро беҳуда мегузаронанд ва шароити истироҳат дар лагерҳоро надоранд.»

Дар истироҳатгоҳи «Шарора» воқеъ дар мавзеи хушманзари Варзоб дар қатори Мунис ва наврасони бадахшонӣ, ин шабурӯз 160 навраси дигар низ аз шаҳри Душанбе фароғат мекунанд, ки миёни онҳо 20 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати рақами 4 пойтахт ҳам ҳастанд.

Самад Хоҷаев

Самад Хоҷаев

Бахти Самад Хоҷаев, хонандаи синфи 7 -и ин парваришгоҳ баландӣ кардаву дар ин гурӯҳи 20-нафара шомил шуд. Самад мегӯяд: «Вақте падарам вафот кард, мушкилоти молӣ ва бори гарони зиндагӣ ба сари модари танҳо сабаб шуд, ман ва бародарамро ба ятимхона супурд. Ҳарчанд таҳсилу зиндагӣ дар ятимхона дар солҳои аввал осон набуд, ҳоло хуб аст, ки аз ҳисоби интернат дар лагер дам мегирад.»

Зимнан, бо анҷоми соли хониш мактаббачаҳои шаҳри Душанбе дар урдугоҳҳои «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар ихтиёри раёсати маорифи пойтахтанд, бо истироҳати хуши тобистона фаро гирифта шуданд. Ва миёни онҳо тарбиятгирандагони парваришгоҳу ва хонадагони бадахшонӣ низ ҳастанд.

Истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шарора», ки аллакай дар басти дуввум кӯдаконро қабул кардааст, яке аз наздиктарин урдугоҳҳои берун аз пойтахт ба ҳисоб меравад.

Сафаралӣ Нуруллоев

Сафаралӣ Нуруллоев

Мудири урдугоҳи кӯдаконаи «Шарора» Сафаралӣ Нуруллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол истироҳатгоҳ метавонад, се давра наврасонро пазирад. Ҳар давра аз 21 рӯз иборат буда, ҳоло даври дуюм идома дорад: «Тамоми шароит муҳайёст, ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои фароғатӣ хуб таъмиру навсозӣ шудаанд. Ҳамчунин шоирону ҳаҷвнигоронро низ даъват мекунем. Бачаҳоро ба саёҳат мебарем. Давоми чаҳор соли охир ягон наврас аз ин фароғатгоҳ норозӣ нарафтааст. Ҳолатҳое мешаванд, ки бачаҳо ҳангоми рафтан гиря мекунанд, ки боз чанд рӯзи дигар ин ҷо монанд.»

Чизи ҷолиб ин аст, ки мактаббачагон аз оилаҳои ниёзманду ятим ва хонаводаҳои сарватманд дар ин ҷо ҳамроҳ истироҳат мекунанд.

Имсол дар мавсими тобистон, дар саросари кишвар 4227 лагери тобистонӣ, аз ҷумла 3328 урдугоҳи наздимактабии рӯзона, 154 лагери беруназшаҳрии шабонарӯзӣ, 109 осоишгоҳи варзишию тандурустӣ, 383 истироҳатгоҳ барои хонандагони синфҳои боло, 315 лагери меҳнату фароғат дарҳои худро ба рӯйи хурдсолону наврасон боз кардаанд. Ва гуфта мешавад дар онҳо беш аз 358 ҳазор хонанда истироҳат хоҳанд кард. Аксари ин наврасон тавассути роҳхат аз тарафи коргоҳи волидони худ ба истироҳат меоянд, вале дар ин миён дар истироҳатгоҳҳои шахсӣ, ки ройгон нестанд, волидон метавонанд бо як маблағи муайян барои фарзандони худ таътили хубу хотирмонро фароҳам созанд.

Бону Усмонова, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳамасола 4 истироҳатгоҳи кӯдакона - «Гулхан», «Орзу», «Зимчурӯд» ва «Шарора» - барои истироҳати мактаббачаҳои шаҳри Душанбе дарҳои худро барои 1720 мактаббача боз мекунанд.

Ба гуфтаи хонум Усмонова, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе, 35 лагери назди мактаби фаъолият мекунад, ки дар маҷмӯъ 3800 хонандаро дар бар мегиранд. «Ҳамасола харҷи истироҳати кӯдакон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ пардохта мешавад. Ва барои истироҳати як хонанда дар лагерҳои берун аз шаҳри дар як рӯз аз 12 то 21 сомонӣ сарф мешавад.»

Чанд сол пеш ба лагерҳои истироҳатӣ танҳо ба хонандагон аз хонаводаҳои сарватманд даст медод, аммо ҳоло ба гуфтаи масъулон, ҳукумат ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд низ имтиёзи бештар фароҳам овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG