Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирифтани патент то ҳол як мушкили умда барои оғози фаъолияти кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия боқӣ мемонад

Баъзе аз созмонҳои ҷамъиятии марбут ба масоили муҳоҷират дар Русия мегӯянд, ки баъди бардоштани монеаҳои бюрократӣ ҳарчанд кори маркази додани патент дар вилояти Маскав то ҳадде шаффоф шудааст, аммо ҳанӯз кофӣ нест. Вадим Коженов, раҳбари федератсияи муҳоҷирони Русия, гуфт, ҳоло тамоми пули патент ба буҷаҳои маҳаллӣ мераванд ва ин ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасониҳо мусоидат хоҳад кард. “Чунки фоида аз кори чунин марказҳо хеле назаррас аст,” – гуфт ӯ.

Системаи патент аз рӯи нақшаи ҳукумати Русия бояд бахши муҳоҷирати меҳнатиро аз фасод покиза мекард. Вале фасод дар системаи нав ҳам шакли тоза гирифтааст. Тайи чанд моҳи охир дар кӯчаву бозор ва ҳатто сомонаҳои интернетӣ ба муҳоҷирон пешниҳод мешавад, ки дар ивази 5-8 ҳазор рубли изофавӣ аз нархи патент метавонанд бе гузаштани ташхиси тиббӣ ва супоридани имтиҳон соҳиби патенти қонунӣ гарданд.

Ба назари коршиносон мушкилоти системаи ҷадид ин аст, ки қонунгузорӣ оид ба патент, вазъ ва шароити муҳоҷири тоза ба Русия воридшударо ба назар намегирад. Новобаста аз он ки муҳоҷир ҷойи кор ёфтааст ё на, вазъи қонунӣ гирифтан барои ҳузури худ, яъне харидан ва пардохт кардани ҳармоҳаи патентро тақозо мекунад. Ин талаботи қонун муҳоҷиронро ба шароити ногувор рӯбарӯ кардааст. Бо назардошти ин, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон аз мақомот тағйир додани ин шарти қонунро талаб доранд, аммо ҳукумат хоҳиши иваз намудани онро надорад.

Вадим Коженов мегӯяд: “Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки аз муҳоҷир ҳуҷҷатҳоро қабул мекунанд... тамоми ҳуҷҷатҳоро. Хадамоти муҳоҷиратро муҳлате зарур аст, ки ҳуҷҷатҳоро санҷиш кунад, дар натиҷа маълум мегардад, ки муҳоҷир дар рӯйхати сиёҳ аст ва бояд, ки ихроҷ шавад... ва дар хадамот ба муҳоҷир мегӯянд, ки патент дода наметонанд ва ӯро зарур аст, ки ба ватанаш равад. Дар ин ҳолат муҳоҷир мегӯяд, ки ман ба як моҳи аввал нархи патентро пардохт кардам, шумо ба ман он пулро баргардонед ва ман ба ватанам бармегардам. Вале дар қоида ингуна ҳолатҳо пешбинӣ нашудаанд”.

Маркази муҳоҷирати шаҳри Маскав, ки дар Русия бузургтарин ба ҳисоб меравад, соли сипаришуда бо нақзи қонуни зидди инҳисорӣ ном баровард. Дар ин марказ масъулон бо фурӯши бимаи тиббии танҳо як ширкати Петербургӣ машғул буданд, ки дар ҳолати ба бемористон афтидани муҳоҷирон, бима ба кор намерафт ва пизишкон аз беморон пардохти нақди табобатро тақозо мекарданд. Мувофиқи баъзе маълумот, дар як соли охир, масъулони Маркази муҳоҷират дар Сахарово зиёда аз 400 ҳазор бимаи тиббӣ фурухтаанд. Дар ниҳоят, бинобар шикоятҳои зиёд, Хадамоти зиддиинҳисории Русия иқдоми фуруши маҷбурии бимаи ширкати Петербургиро моҳи декабр ғайриқонунӣ эълон кард ва марказро муваззаф намуд, ки бимаи ширкатҳои дигарро низ қабул кунад.

Каримҷон Ёров, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, “дар натиҷаи баррасии парванда, кумисюни Хадамоти зиддиинҳисории Русия тасмим гирифт, ба “Маркази муҳоҷират” муқаррароте таъин намояд, ки ба хотири таъмин кардани рақобат, ба иттилои шаҳрвандони хориҷи расонад, ки дар “Маркази муҳоҷират” бимаҳои тиббии кулли ширкатҳои ба ин хизматрасони машғулбуда қабул карда мешаванд. Дар ин бора, Марказ бояд дар қаламрави худ дар лавҳаҳо ва дар сомонаи расмияш нашр намояд”.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилоятҳои Русия боҷи моҳонаи патентро дар соли 2016 боло бурданд. Ҳоло ба ҳисоби миёна пардохти моҳонаи патент дар минтақаҳои Русия аз 1800 то 8000 рубл мерасад. Чунин бори сангини патент, дар баробари худ, дар байни муҳоҷирони тоҷик овозаҳои умедбахшро ба миён овардааст, ки гӯё Тоҷикистон аз соли 2016 шомили Иттиҳоди гумрукӣ шуда, аъзои он аз пардохти патент озод мешаванд.

Елена Кузмина, раҳбари бахши рушди иқтисодии кишварҳои Шӯравии собиқ дар Академияи улуми русия гуфт, алъон Тоҷикистон ба хулосаи дақиқе наомадааст, ки чӣ кор кунад.

“Ариза барои шомилшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ пешниҳод нашудааст. Музокироти бисёрҷониба баргузор мегарданд ва ҳатто баъзе шарту шароите пешбинӣ шудааст. Вале ариза аз ин кишвар нест,” – гуфт ӯ.

Масъалаи дигаре, ки дар баробари ҷорӣ кардани системаи патент бояд ҳалли худро меёфт ин авфи муҳоҷирони ба "рӯйхати сиёҳ" афтода буд. Интизор мерафт, ки қисме аз онҳо аз сӯи давлат ба хотири ба расмият даровардан афв мешуданд. Танҳо нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гашт, гузашт шуд. Ҳоло созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ин масъаларо бо мақомот баррасӣ мекунанд, вале кор аз сатҳи назария дуртар нарафтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG