Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзӣ - бори дӯши занон. Мардон ё муҳоҷиранд ё раис


Бо вуҷуди мушкил будани кори замин ва пеш бурдани хоҷагии кишоварзӣ барои як зан, ҳоло танҳо дар вилояти Хатлон 18 ҳазор зан ба кишоварзӣ машғул аст.

Соҷида Аслова, як деҳқонзани тоҷик, раҳбари хоҷагии деҳқоние дар ноҳияи Мӯъминобод бо чорводорӣ ва кишти гандум дар майдони беш аз 5 гектар замин, 5 зани танҳоро соҳиби ҷой ва 5 фарзанди худро соҳибмаълумот кардааст. Хонум Аслова яке аз аввалин занҳое ҳам ҳаст, ки дар ин ноҳия гармхона бунёд кардаву ба парвариши лиму машғул аст. Аммо ин ҳама ба гуфтаи хонум Аслова, барои як зани деҳотӣ ба осонӣ даст намедиҳад. Ӯ мушкили аслии зани деҳқони тоҷикро дар набуди таҷҳизоти зарурии кишоварзӣ медонад ва мегӯяд, ки ҳама корро занон дар саҳро бо даст иҷро мекунанд:

«Бо даст заминро нарм мекунанд, куш мекашанд ва ниҳол мешинонанд. Мушкилот зиёд аст барои як зани деҳот, аммо ҳамаи ин мушкилиҳо як тараф, боз аз сӯйи бархе аз созмонҳо фиреб ҳам мехӯрем. Ду соли пеш аз тарафи як созмоне бо номи «Иффат», ки ваъда додан дар бунёди як корхонаи коркарди меваву сабзавот ба мо кӯмак мекунанд, фиреб хӯрдем ва маблағи бо заҳмат ҷамъовардаи занон дар як бонк чанд муддат монд, билохира мо маблағро гирифтем, аммо баъди ин ҳодиса бисёр дилсард шудему қариб корро партоем.»
Соҷида Аслова
Соҷида Аслова


​Соҷида Аслова яке аз барандагони озмуни «Зан соҳиби замин» аст, ки рӯзи ҷумъаи 4-уми апрел дар Душанбе натиҷагирӣ шуд. Озмуни мазкур, ки моҳи октябр соли гузашта аз сӯи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна, дар байни занони вилояти Хатлон эълон шуда буд. Аз миёни 400 довталаб 30 зани роҳбару заминдор пирӯз эълон шуданд.

Марҷона Наимова, як намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон мегӯяд, озмуни мазкур бо ҳадафи ҷалби занон ба фаъолияти раҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боло бурдани нақши онҳо дар соҳаи заминдорӣ эълон шуда буд. Ғолибон аз рӯи меъёрҳои заминдорӣ, ҳосилнокӣ, даромади ба дастоварда ва шеваи истифодабарии обу дигар муваффақиятҳо, муайян шудаанд. Марҷона Наимова роҷеъ ба шартҳои аслии ин озмун гуфт: «Як шарти аслӣ, доштани қитъаи замин ва парвариши маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ, занҳое, ки дар рушди корҳои иловагӣ саҳм гузоштаанду корхонаҳои хурди истеҳсолии худро бунёд кардаанд, буд. Ғолибон аз рӯйи ду номинатсия ва аз ҷониби кумитаи коршиносони озмун, ки аз ҳисоби масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор ва ташкилоти ҷамъиятӣ созмон ёфта буд, интихоб шуданд.»

Муқаддас Ёдгорова, як масъули Кумитаи замин ва гиодезии Тоҷикистон мегӯяд, чунин ҳамоишҳо воқеан барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба кору мушкилоти занони кишоварз муҳиманд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мардонанд, аммо ғолибан дар ин заминҳо занон заҳмат мекашанд: «Воқеан чунин иқдомҳо хубанд барои ҳавасманд ва қадр кардани зани деҳқон. Аслан вазнинӣ ба дӯши занҳо аст. Ғолибан мардони мо дар
муҳоҷиратанд ё ҳамчун раис таъин шудаву корҳои вазнинро ба дӯши занон мегузоранд. Дар саҳроҳо масалан, аз миёни 20 зан як мардро базӯр дидан мумкин. Камбуди маблағгузори ин асоси мушкилоти занони кишоварз аст, ҳарчанд кӯмакҳо ва пешниҳодҳои фоизи пасти қарзӣ ҳаст, аммо боз ҳам ин мушкилро занонро кам накардааст.»

Бештари занони раҳбар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз баланд будани андоз, нарасидани таҷҳизоти кишоварзӣ, камбуди нуриҳои менералӣ ва тухмӣ ва набуди ҳавасмандӣ ва пойин будани маош шикоят доранд. Ҳамчунин масъулини созмонҳои кор бо занон мегӯянд, дар саҳро, дар заминҳои кишт, ҳуқуқҳои занон зиёд нақз ҳам мешавад. Маъмулан кори сахти кишоварзӣ барои сиҳатии занон паёмадҳои нохуше дорад, аммо аксаран онҳо мегӯянд, дар рӯ ба рӯйи мушкилоти иҷтимоӣ роҳи дигаре ҷуз кишоварзӣ надоранд. Мушоҳидаҳои пизишкон ҳокист, ки 50 дарсади занону духтароне, ки аз камхунӣ ва хастагии доимӣ ранҷ мебаранд, занони кишоварз ҳастанд.

Вале бо ин ҳама мушкилот, Соҷида Аслова--яке аз барандагони аслии озмуни «Зан соҳиби замин» аз он изҳорӣ хушҳолӣ мекунад, ки маҳсули дастони ӯ ва дигар занони кишоварз хони мардуми тоҷик ва берун аз онро оро медиҳад ва боиси файзу баракат дар ҳар хонадон аст.
XS
SM
MD
LG