Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзёбии байналмилалии таъсироти зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун нишон додааст, ки ин тарҳ барои муҳити зист дар Тоҷикистон ва минтақа зиёновар нест ва камбудиҳои онро метавон ба осонӣ рафъ кард.

Дар ин арзёбӣ, ки давлати Тоҷикистон нашр кард, гуфта мешавад, “Аксари паёмадҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун бисёр хурд ва ба осонӣ рафъшаванда ҳастанд, ба шарте ки зарурати рафъи онҳо вуҷуд дошта бошад.”

Аммо дар маҷмӯъ бар тибқи ин арзёбӣ, ҳеҷ гуна паёмади эҳтимолии ҷиддии иҷтимоӣ ва экологие вуҷуд надорад, ки бо назардошти он аз бунёди нерӯгоҳи Роғун “даст кашида” шавад. Вале муаллифони арзёбӣ ду ҷанба ва паёмадҳои муҳимеро зикр кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо бояд ин ҷанбаҳо бодиққат баррасӣ шаванд ва барои коҳиши он паёмадҳо чораҳои лозим андешида шавад.”

Аввал паёмадҳо барои мардуме, ки аз маҳалли нерӯгоҳ кӯчонда мешаванд ва сипас эҳтимоли таъсири нерӯгоҳ ба маҷрои обе, ки рӯдхонаи Вахш аз қаламрави онҳои низ мегузарад, ки манзур аз ин кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аст. Бар асоси ин арзёбӣ бунёди нерӯгоҳи Роғун бо обанбори бузург, таъсири чандоне ба олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон надорад ва сабаби маҳви кадом навъи ҷонвар ва ё рустанӣ дар кишвар намешавад. Дар ин арзёбӣ тавсияҳои мушаххас барои назорат бар истифодаи нерӯгоҳ ва рафъи паёмадҳои эҳтимолии нерӯгоҳ барои муҳити зист ироа шудааст.

Бар тибқи санади дигар, яъне “Арзёбии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун”, ки ширкати “Койне энд Беллер”, “Электроконсалт” ва “Energy+Water Economics” омода кардаанд, ва он низ нашр шуд, омадааст, дар ҳоле, ки маҳалли нерӯгоҳи Роғун маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин барои сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст.

Дар ин арзёбӣ омадааст, беҳтарин гузинаи аз назари иқтисодӣ муфид, сохтмони садди баландтарин, 330 метрӣ аст, ки ба Роғун имкон медиҳад, то 3200 мегават соат нерӯи барқ истеҳсол кунад. Дар ин сурат ин нерӯгоҳ метавонад барои 115 сол ба Тоҷикистон хидмат кунад. Аммо муаллифони арзёбӣ гуфтаанд, ки сохтмони нерӯгоҳ бояд бо назардошти имконот сурат бигирад ва барои кишвар ”бори гарон” нашавад.

Ҳарду арзёбии байналмилаалии Роғун бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шудааст, вале худи бонк мегӯяд, ҳатто дар сурати мусбат будани хулосаҳо ҳам, набояд чунин пиндошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар сармоягузории ин тарҳ саҳм мегирад. Ин арзёбиҳо бо дархости кишварҳои поёноб, бахусус давлати Узбакистон анҷом шуданд, ки иддао кардааст, нерӯгоҳи Роғун сабаби фалокати экологӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва кишварҳои поёнобро беоб мегузорад.


Амрико арзёбиии Бонки Ҷаҳонӣ аз Роғунро “бо диққат баррасӣ мекунад”

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, арзёбиҳои фарогири Бонки Ҷаҳонӣ ва гузоришҳои машваратӣ бар пояи бунёди Неругоҳи Роғун дар Тоҷикистонро “эҳтиёткорона” баррасӣ мекунад. Ба хотири кумак ба ин раванд, Ийолоти Муттаҳида аз ҳама тарафҳои манфиатдор даъват кардааст, ки дар машварат ва баррасиҳои таҳти назари Бонки Ҷаҳонӣ иштирок кунанд. Сухангӯи Департаменти Давлатии Амрико Ҷен Псаки рӯзи чаҳоршанбе дар як изҳорот гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида чолишҳои пешорӯи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ниёз ба обу энержиро эътироф мекунад ва аз онҳо мехоҳад, ки масоили худро дар чаҳорчуби минтақа ҳал кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG