Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз дучархасаворони пойтахт мегӯянд, ки ягона пайроҳа барои аҳолии беш аз як миллионнафарии Душанбе кофӣ нест ва бояд ҳукумат барои сохтани пайроҳаҳои нав иқдом бикунад.

Шаҳри Душанбе бо беш аз як миллион аҳолияш ҳамагӣ як пайроҳаи хос барои дучархасаворон дорад.

Ин пайроҳа барои дучархасаврон дар кӯчаи Широншоҳ Шоҳтемур воқеъ буда, тӯлаш 5 километр аст. Аммо дӯстдорони дучарха дар Душанбе мегӯянд, ки ин пайроҳа барои шаҳри як миллионафарӣ кофӣ нест ва ҳукумати пойтахт бояд барои бунёди пайроҳаҳои бештар барои дучархасаворон иқдом бикунад.

Чиллахон, яке аз дучархасаворони Душанбе, рӯзи 20 апрел бо Озодӣ гуфт, "ҳар рӯз аз ду то се соатро бо велосипедсаворӣ мегузаронам. Дар рузҳои офтобӣ аз нақлиёт дида, бо велесипед ҳаракат кардан дар шаҳр осону гуворотар аст. Вале як пайроҳа кофӣ нест."

Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо беш аз 37 ҳазор автомобил сабтином шудааст ва садҳои дигар аз навоҳии тобеи марказ ҳамарӯза дохили шаҳр мешаванд. Ин аст, ки тайи солҳои охир дар кӯчаву

хиёбонҳои пойтахт тамбашавии нақлиёт ба мушоҳида мерасад. Ин тамбшавиҳо ба яке аз мушкилоти шаҳрдорӣ низ табдил ёфтааст ва ҳукумати шаҳр ҳамасола даҳо миллион сомониро барои кушоду васеъ ва азнавсозии роҳҳои мошингард харҷ мекунад.

Умед Шукрихудоев, раҳбари федератсиюни дучархаронҳо дар Тоҷикистон,, гуфт, "агар ҳукумати шаҳр як фисади маблағҳоро барои сохтани пайроҳаҳои дучархасаворӣ харҷ кунад, натанҳо мушкили тамбашавии нақлиёт бартараф мешавад, балки хароҷоти буҷаи шаҳр дар соҳаи тандурстӣ низ камтар хоҳад шуд. Таҷриба исбот кардааст, дар кишварҳое, ки сокинонаш бештар дучархасаворӣ мекунанд, камтар касал мешаванд."

Зимнан дар Душанбе теъдоди онҳое, ки хоҳиши гаштугузор дар кӯчаҳои пойтахт бо дучархаро доранд, кам набудааст. Барои мисол, муштариёни ягона ширкати иҷораи дучархаҳо дар Душанбе, ки инак ду сол боз фаъол аст ба гуфтаи масъулонаш сол аз сол меафзояд

Як масъули ин ширкат гуфт, "беш аз 30 велосипед дорем. Бо нархҳои гуногун онро ба сокинон иҷора медиҳем. Шумораи муштариён кам нест. Бештар дар рӯзҳои истироҳат велосипедҳои моро киро мекунанд. Баъзе ба куҳ мераванд бо велесипедҳои мо, баъзеи дигар дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор мекунанд."

Кулли дучархаҳои ин ширкат аз хориҷа оварда шудаанд. Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки ҳоло дучарха истеҳсол намекунад. Дар миёнаҳои солҳои 90-­ум ширктаи ТадАЗ, ҳоло Талко, сехи истеҳсоли дучархаҳоро фаъол карда буд, аммо баъдан баста шуд.

Соли 2013 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ коргоҳи ҷамъоварии қисмҳои троллейбус ва дучархаро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард. Дар ин коргоҳ якчанд троллейбус ҷамъоварӣ шуд, аммо тавлиди дучархаҳо дар ин корхона як ваъдаи иҷроношуда боқӣ монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG