Пайвандҳои дастрасӣ

Акси қотилони Борис Немтсовро пайдо кардаанд (ВИДЕО)


Акс аз як видео, ки аз лаҳзаи қатли Немтсовро мунъакис кардааст

Акс аз як видео, ки аз лаҳзаи қатли Немтсовро мунъакис кардааст

Шабакаи телевизионии РЕН ТВ-и Русия хабар дод, ки мақомоти тафтишотии Русия аксҳои қотилони эҳтимолии раҳбари мухолифин Борис Немтсовро пайдо кардаанд.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии РЕН ТВ-и Русия, ки шоми 4 март нашр шуд, муфаттишони парвандаи қатли Борис Немтсов аксҳои қотилони эҳтимолии ин раҳбари мухолифини Русияро пайдо кардаанд. Бино бар ин манбаъ, сухан дар бораи дастикам ду нафар меравад.

Ин хабар дар сатҳи расмӣ ҳанӯз тасдиқ нашудааст, вале РЕН ТВ бо такя ба манобеаш дар мақомоти наздик ба таҳқиқи ин қазия мегӯяд, пулис роҳи фирори мошини қотилони эҳтимолиро пайгирӣ карда, сабтҳои тамоми камераҳои назоратии шабакаи “Поток” (як шабакаи шабеҳи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе) ва дигар камераҳои мавҷуд дар масири гурези ин мошин аз маҳалли қатли Немтсовро ҷамъугир ва таҳқиқ кардаанд. Ҳамин тавр, муфаттишон аз ронандагони мошинҳое, ки дар он соатҳо аз ин роҳҳо мегузаштанд, сабти видеогеистраторҳои мошинҳояшонро талаб кардаанд. Дарнатиҷаи омӯзиши ҳамаи ин сабтҳо, бино ба гузориши РЕН ТВ, муфаттишон маълум кардаанд, ки дар дохили мошин киҳо буданд.

Манбаи ин шабакаи телевизионӣ гуфтааст, “ин табдирҳо имкон дод, ки чанд тасвир ба даст биояд. Ин тасвирҳо танҳо дар дасти аъзои гурӯҳест, ки ба он коршиносони Маркази мубориза бо ифротгароӣ, муфаттишони аз ҳама пуртаҷрибаи Раёсати кофтукоби ҷиноии пулиси шаҳри Маскав, маъмурони ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ва Кумитаи тафтишоти Русия ҷалб шудаанд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, "дар объективи камераҳо сурати дастикам ду нафар афтодаанд. Бар асоси ин наворҳо аллакай метавон гуфт, ки онҳо зодагони минтақаҳои ҷанубии Русия мебошанд.”

Борис Немтсов

Борис Немтсов

Рӯзи 4 март шабакаи телевизионии LifeNews-и Русия низ аз ба даст омадани портрети криминалистии қотили Борис Немтсов хабар дода буд. Вале дар гузориши ин шабака дар бораи мансубияти қавмии нафари гумонбар ба қатли ин сиёсатмадор чизе гуфта намешуд.

Аммо РЕН ТВ барои бори аввал ишора ба нақши зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия дар қатли Борис Немтсов мекунад. Зимнан дар рӯзи аввали таҳқиқи ин парванда як мошини машкуук дар шаҳри Маскав зери назари пулис уфтода буд, киниз ба як зодаи ҷумҳурии Ингушистони Қафқози шимолӣ тааллуқ дошт. Аммо баъдан гуфта шуд, ки ин мошин ба куштори раҳбари мухолифини Русия рабте надоштааст.

ВИДЕОИ РЕН ТВ ИНҶОСТ

РЕН ТВ қаблан гузориш дода буд, ки қотилон савори мошини навъи ZAZ Chance ва мақомот ин мошинро аллакай пайдо кардаанд. Аммо ин хабарро пулиси шаҳри Маскав, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия рад карданд. LifeNews дар ҳамин ҳол мегӯяд, ки пулис як мошини сохти русии ВАЗ-21102, рангаш нуқрагун ва шуумораи давлатиаш марбут ба Ҷумҳурии Осетияи шимолӣ, як ҷумҳурии мухтори дигари воқеъ дар минтақаи Қафқози шимолиро меҷӯянд.

Бовар меравад, ки қотилон силоҳеро, ки барои куштани Немтсова истифода бурданд, дар дарёи Маскав андохтаанд. Ғаввосон барои пайдо кардани ин силоҳ се дафъа ба қаъри дарё рафтаанд, вале ҳанӯз талошҳои он натиҷа надодааст.

КУШТОРҲОИ СИЁСӢ ДАР РУСИЯ ТАЙИ 20 СОЛИ АХИР

Борис Немтсов, муовини собиқи сарвазири Русия ва яке аз мунтақидони шадиди сиёсати раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Владимир Путин, шаби 27 ба 28 феврал, дар рӯи пули Василевский дар рӯбари Кремл дар маркази Маскав ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифт.

Қотил ё қотилон аз дохили як мошин ба тарафи ин сиёсатмадор 8 тир андохтанд, ки 4 тираш ба бадани ӯ расида, боиси ҳалокаташ дар ҷои ҳодиса шуд. Ҳамроҳи ӯ – модели 23-солаи украинӣ Анна Дуритская осеб надид, вале мегӯяд, дар ҳоли шок афтода, чеҳраи қотилонро надидааст.

Рӯзи 1 март ба ёди Борис Немтсов дар Маскав раҳпаймоии бузурге доир шуд, ки бино ба ҳисобҳо, дар он дастикам 70 000 ширкат дошт. Рӯзи 3 март ҷанозаи ин сиёсатмадори маъруфро дар оромгоҳи Троекуровское ба хок супурданд.

Муфаттишон мегӯянд, чанд фарзия, аз ҷумла талоши ба ҳам задани вазъи Русия, изи ифротгароёни исломӣ, низоъи Украина ва ҳаёти шахсии ӯро таҳқиқ мекунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо дар таҳқиқи ин парванда аз ҷумла фарзияи изи ҷангиёни исломиро дар ин куштор меомӯзанд, чунки Немтсов решаҳои яҳудӣ дошт. Фарзияҳоии дигари матраҳи мақомот сӯиистифодаи нирӯҳои манфиатдор, аз ҷумла дар миёни мухолифин, аз қатли Немтсов барои бадном кардани раисиҷумҳур Путин ва ба ҳам задани вазъи Русия, низоъи Украина ва ҳам ҳаёти шахсии ӯ будааст. Муфаттишон аллакай манзилҳои Немтсов дар шаҳри Маскавр ва дар Ярославлро, ки ӯ вакили парлумони ин вилоят буд, кофтукоб кардаанд.

Аммо ёрони Немтсов мӯътақиданд, ки ӯ қурбони фошгӯиҳояш дар бораи фасоди густарда дар доираҳои ҳокими Русия шудааст. Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина гуфт, Немтсов гузориши муфассалеро дар бораи дахолатҳои Русия дар низои шарқи Украина омода мекард ва шояд қурбони онҳое шудааст, ки мехостанд аз нашри ин гузориш ҷилавгирӣ кунанд.

Мунтақидони ҳукумат, аз ҷумла қаҳрамони собиқи шоҳмоти ҷаҳон Гарри Каспаров, масъулияти ин кушторро ба дӯши худи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мегузоранд ва мегӯянд, маҳз дар аҳди раҳбарии ӯ муҳитеро сабзонданд, ки даст ба ҷиноятҳо задани қавмгароён, шиорҳои зидди Ғарб ва сиёҳ кардани мухолифонро ташвиқ ва ҳатто тақдир мекунад.

Немтсов ва Елтсин. Акс аз солҳои 90

Немтсов ва Елтсин. Акс аз солҳои 90

Борис Немтсов соли 1959 таваллуд шуда, соли 1989, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1991, дар синни 32 ӯ волии вилояти Нижний Новгород интихоб шуд. Соли 1997 муовини сарвазир ва як муддат ҳамзамон вазири энержии Русия буд. Ӯро як муддат ҳатто вориси эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ҳам ном мебурданд. Аммо дар натиҷаи “тавтиаҳои дарборӣ” Елтсин дар соли 1999 дар ниҳоят Владимир Путинро вориси худ интихоб кард, на Немтсовро. Немтсов дар интихоботи соли 2000 аз Путин пуштибонӣ кард, вале хеле зуд ба тарафи мухолифини ӯ гузашт.

Путин рӯзи 4 март дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратик орҳои дохилии Русия аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо кард, ки кишварро аз “шармандагиву фоҷиаҳо”-е, чун куштори мардум дар заминаҳои сиёсӣ пок кунанд: “Русияро аз шармандагиву фоҷиаҳо, ба мсили фоҷиае ки мо тоза дидему пушти сар кардем, тоза кунед. Манзури ман куштори густохонаи Борис Немтсов дар маркази пойтахт аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG