Пайвандҳои дастрасӣ

IFAD: Осиёи Миёна шадидан ниёзманди пули муҳоҷирон аст


Сандуқи байнулмилалии рушди кишоварзӣ мегӯяд, ки кишварҳои Осиёи Миёна ба шиддат ниёзманди пули муҳоҷирони худ аз Русия ҳастанд.

Сандуқи байнулмилалии рушди кишоварзӣ (International Fund for Agriculture Development) дар гузориши нави худ мегӯяд, давоми соли гузашта муҳоҷироне, ки дар Аврупо кор мекунанд, ба оилаҳои худ 109 миллиард доллар фиристодаанд. Бар асоси ин гузориш, ки ин ҳафта дар сайти расмии Сандуқи байнулмилалии рушди кишоварзӣ нашр шуд, пули фиристодаи муҳоҷирон аз Аврупо дар соли 2014 рӯзгори 150 миллион нафар дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳонро таъмин кардааст.

Ин гузориш меафзояд, ҳаҷми миёнаи пули фиристодаи ҳар муҳоҷири хориҷӣ дар Аврупо ба хонаводаи худ аз 1 ҳазору 500 то 3 ҳазору 200 доллар будааст. Бар асоси ҳисобҳои Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ, Русия бо 20 миллиарду 600 миллион доллар, Бритониё 17,1 миллиард, Олмон 14 миллиард, Фаронса ва Итолиё ҳар кадом тақрибан 10,5 миллиард ва Испания бо 9,6 миллиард доллар дар зинаи болои кишварҳое, қарор доранд, ки муҳоҷирони хориҷӣ ба кишварҳояшон пул фиристодаанд.

Дар ин миён аз се як ҳиссаи пулҳои фиристодаи муҳоҷирони хориҷӣ дар Аврупо ба кишварҳои назди Балтика, Балкан ва Аврупои шарқӣ рафта ва бақия низ ба кишварҳои дар ҳоли рушд аз хориҷ аз Иттиҳодияи Аврупо тааллуқ дорад.

Дар ин миён наздик ба 35 миллиард доллар аз сӯи муҳоҷирони кории хориҷии Осиё дар Аврупо ба хонаводаҳои худ фиристода шудааст ва саҳми муҳоҷирони африқоӣ бештар аз 21 миллиард, саҳми кишварҳои Ховари Миёна ва Қафқоз 4 миллиарду 200 миллион доллар будааст.

Бар асоси ин гузориш, хонаводаҳои кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ бештар вобастагӣ ба пулҳои муҳоҷирони худ дар Аврупо, хусусан Русия ва Фаронса доранд. Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта ҳудуди 4 миллиард доллар аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода буданд. Аврупо, инчунин, манбаи даромади бесёре аз хонаводаҳои осебпазир монанди Афғонистон, Ироқ ва Судон ҳаст, ки ин интиқоли ин пулҳо барои хонаводаҳои муҳоҷирон бисёр "ҳаётӣ" будааст.

Мавзӯи фиристодани пулҳои муҳоҷирони хориҷӣ дар Аврупо ба хонаводаҳои худ дар конфронси байнулмилалии чаҳоррӯза бо номи "Муҳоҷирон ва рушд", ки рӯзи сешанбе дар шаҳри Милани Италия оғоз шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он сарони бархе аз кишварҳо, сиёсатмадорон, намояндагони бахши хусусӣ ва раҳбарони ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ширкат карда ва ин масъаларо баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG