Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки иштироки "бибиотунҳо" дар маъракаҳои занона бояд маҳдуд шавад, зеро маълум нест онҳо дар гӯши занҳо чӣ мехонанд.

Мақомоти Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки аз ҳузури "бибиотунҳо", ё занҳое, ки дар маъракаҳои занона сӯҳбатҳои мазҳабӣ мекунанд, ҷилавгирӣ шавад. Зеро ба бовари мақомот, бархе аз созмонҳои ифротӣ сиёсати худро дар байни занҳо тавассути бибихотунҳо пиёда мекунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа рӯзи сешанбеи 29-сентябр дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ гуфт, ки бояд ба ҳамагуна таблиғоти бибиотунҳо, ки дар маъракаву маросимҳои мардум сурат мегирад, хотима дода шавад.

Ба таъкиди ҷаноби Раҳмонзода, тайи чанд соли ахир, теъдоди бибиотунҳо дар минтақаҳои мухталифи кишвар афзудааст ва онҳо бидуни мамоният дар маросимҳои мардумӣ “суханронӣ” мекунанд. Раҳмонзода гуфт, ки ба маълумоти онҳо таъсири "бибиотунҳо" ба занҳо махсусан дар шаҳри Душанбе зиёд шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Ӯ изҳори таассуф кард, ки иштирокдорони маросимҳо бо он ки амалҳои машкуки "отунҳоро" мебинанд, вале барои пешгирӣ аз он иқдоме намекунанд. "Баъзан масъулони “Ҳаракати исломии Ӯзбакистон” ба воситаи ҳамин бибихотунҳо сиёсати худро таблиғ карда истодаанд. Дар ин масъала бояд ҷиддӣ бошем ва пеши роҳи ин амалҳои номатлубро бигирем ”- гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Пешниҳоди ҷилавгирӣ аз ҳузури "бибиотунҳо" дар маъракаҳои мардумӣ аз ҷониби ёрдамчии президент дар ҳолест, ки чанд моҳ қабл Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон низ аз эҳтимоли истифода шудани "Бибиотунхо" аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли кишвар ҳушдор дода буд.

Ин ниҳод баъд аз омӯзиши сабабҳои тундгаро шудани ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ, ба натиҷае расидааст, ки агар як "бибиотун" ба сафи ифротиҳо шомил шавад, садҳо занро метавонад, ба худ ҷалб кунад, зеро занон дар шимоли Тоҷикистон ба онҳо эътимоди зиёд доранд.

"Бибиотун"-ҳо занҳоеянд, ки таълимоти мазҳабӣ гирифтаанд ва дар маросимҳои мазҳабӣ, ба мисли "мушкилкушо" ва "мавлудхонӣ" қиссаву ривоятҳои мазҳабӣ мехонанд. Онҳо дар тӯйҳо ва ҷанозаҳо иштирок мекунанд, вале маросимеро анҷом намедиҳанд. Онҳо бо сабаби фатвои Шӯрои уламо дар бораи манъи ворид шудани занон ба масҷид дар мадрасаҳо дарс намедиҳанд ё дар масҷид намоз намегузоранд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Созмони занони маълумоти олидор мегӯяд, бо вуҷуди он , ки бибиотунҳо бо китобҳои кӯҳнаву афсонаҳои худ “сари занонро гаранг мекунанд”, аммо занҳои тоҷик аксаран ба ҳарфҳои онҳо гӯш медиҳанд.

“Онҳо ҳатто дар ҷойи зисти занҳо рафта бо онҳо сӯҳбат мекунанд. Мо бояд донем, ки худи ин бибиотунҳи кӣ ҳастанд, чанд нафаранд, дар ҳисоби кӣ ҳастанд ва дастури киро мегиранд. Ҳатто чанд соли пеш дар шаҳри Хуҷанд онҳо шӯро таъсис дода буданд.То куҷо ин шӯро лозим аст?”- мегӯяд гулҷаҳон Бобосодиқова.

Ин дар ҳолест, ки Мастура Темурова, раҳбари Шӯрои "Бибиотунҳо" дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, шӯрои онҳо танҳо дар шаҳри Хуҷанд 53 бибиотунро муттаҳид кардааст.

Хонум Темурова, таъсири ҳизбҳои ифротиро ба "бибиотунҳо" рад мекунад ва мегӯяд, фаъолияти онҳо зери назорати ҳукумат қарор дорад ва ҳар яки онҳо дар мавриди фаъолияташон ба ҳукумат гузориш медиҳанд. Гузашта аз ин, мегӯяд ӯ, "бибиотунҳо" миёни мардум “амри маъруф” намекунанд, балки баръакс қонунҳои амалкунандаро шарҳ медиҳанд.

Ӯ мегӯяд: " Мо сӯҳбатҳоро асосан бо шароити имрӯза мутобиқ мекунем ва ба сӯҳбатҳои аз исломи ҳақиқи дур иҷозат намедиҳем. Бибиотунҳои мо асосан авлодӣ ҳастанд. Ман худам муаллимаи забони русӣ ҳастам ва сатри аврат надорам. Мо либосҳои худро тағйир надодаем, бархе аз бибиотунҳои дигар низ мисли ман бе сатри аврат мегарданд, танҳо як руймол мебанданд.”

Мастура Темурова, ширкати занҳои мазҳабиро дар маросимҳои мардумӣ танҳо ба манфиати занон арзёбӣ мекунад.

Аммо Давлаталӣ Ҷумъаев, муовини котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳарчӣ бештар маъруф шудани "бибиотунҳо" дар байни занону духтарон нигаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, “Мутасиффона имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст, ки аксарияти ҷамомадҳои хонаводаҳои занон дар кишвар бидуни ширкати бибиотунҳо ва ё фолбин сурат намегирад. Таъсири кишварҳои ҳамҷавор, хусусан Шарқи Наздик ва Афғонистону Покистон ҳамчун омили таъсиррасони беруна ба рушди иртиҷоъпарастӣ ва ифротгароӣ дар байни занони кишвар зиёд ба назар мерасад. Ҳоло теъдоди занону духтароне ҳам кам нестанд, ки ба ҳайати ташкилоту ҳизби террористиву ифрогароӣ ки фаъолияташон дар кишвар манъ аст, шомиланд”.

Азбаскӣ мавзӯи фаъолияти "биботунҳо" дар сатҳи мақомот матраҳ мешавад ва нигаронӣ аз амалкарди ин табақа низ аз забони онҳо садо медиҳад, интизор меравад, ки аз фаъолияти бибиотунҳо дар маъракаҳои мардумӣ ба таври расмӣ ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир маъракаи густардаеро барои ҳифзи арзишҳои дунявӣ дар кишвар ба роҳ мондаанд, ки бархе аз мардум, махсусан қисми муҳофизакори ҷомеъа онро хуш надорад ва амалҳои ҳукуматро дахолат ба умури мазҳабии мардум арзёбӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG