Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз тарҳи қонуни нави дин


Фирқаҳои мухталифи мазҳабӣ дар Тоҷикистон қонуни «Дин ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро дар муқоиса бо тарҳи ҷадиди он, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, нисбатан демократӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба қонуни мавҷудаи дин, ки аз собиқ имперотурии Шӯравӣ боқӣ монда буду қонуни «Озодии виҷдон» ном дошт, соли 1999, замони фаъолияти Кумиссиюни оштии миллии пешин, тағйиру иловаҳо ворид гардид ва он дар мавриди муносибат бо ақаллиятҳои мазҳабӣ то андозае ба истилоҳ «нарм»-тар аст.

Раҳбарони исломии Тоҷикистон низ қонуни мазкурро, бо вуҷуди он ки барои таъсиси як ибодатгоҳи мусалмонон имзои аз 10 то 15 ҳазор диндорро тақозо мекунад, афзал мешуморанд.

Вале намояндагони мазоҳиби гуногун тарҳи нави қонуни динро барои мусалмонҳои кишвар ва дигар гурӯҳҳои динӣ «садди бузург» унвон карда, онро як навъ нақзи озодиҳои мазҳабӣ ва нақзи ҳуқуқи пайравонашон медонанд.

Давлати Тоҷикистон ҳарчанд ин гуфтаҳоро такзиб намекунад, аммо мегӯяд, ки ҳоло бархе аз бандҳои қонуни дин ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад, то аз болои фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ назорати шадидтар роҳандозӣ шавад.

Дар тарҳи нави қонуни дин даъват ба адёни дигар мамнӯъ эълом шудааст. Яъне, лоиҳаи қонун, ки 1 сол бад-ин сӯ мавриди баррасӣ ва мубоҳисоти маҳофили мазҳабии Тоҷикистон қарор дорад, мутамоил сохтани аҳолӣ ба мазҳабҳои мухталифро ба муқаррароти қавонини Тоҷикистон муғойир медонад. Масъулони сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг низ таъкид мекунанд, ки дар солҳои 1990 ва баъд аз он, мубаллиғони масеҳият аз тариқи тақсими ғизо ва кӯмакҳо ба қишри камбизоати ҷомеаи Тоҷикистон, иддае аз мусалмонони кишварро ба мазҳаби худ ҷалб намудаанд.

Моҳи июли соли 2005 барои аз чаҳорчӯби қонун “берун пой гузоштанашон”, собиқ Кумитаи умури дин дар назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти созмонҳоеро амсоли СонМин – Грейси куриёиҳо ва Кришнаитҳоро барои се моҳ муваққатан боздошта буд.

Фирӯза Шамсиева, раҳбари маҳфили баҳоиёни Тоҷикистон, ки ба иддаои худи ӯ, ин созмон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанду Кӯлобу Турсунзода беш аз 400 пайрав доштааст, қонуни амалкунанда дар бораи дин ва иттиҳодияҳои диниро мувофиқ ба фаъолияти густурдаи мазҳабии худ медонад. Вай мегӯяд, ин қонун имкон медиҳад, то теъдоди ками пайравонашон низ дар маҳалҳо як ҷо шуда, ибодатгоҳи худро таъсисдода ва ба тоату ибодат машғул шаванд. Ба иддаои хонум Фирӯза, гурӯҳи мазҳабии баҳоиён созмони даъваткунанда нест ва фаъолияти онҳо бар асоси қонуни дин, ки вазифааш назорат аз болои чунин созмонҳои динӣ аст, ба роҳ монда шудааст:

“Чун созмони баҳоиҳо дар асоси қонун сабти ном гардидааст, мо ба қонуни кишвар итоат мекунем ва дар чаҳорчӯби он фаъолияти худро ба роҳ мондаем. То ҳол ҳич касе дар роҳи фаъолияти мо монеъае эҷод накардааст. Ҳамаи баҳоиҳо дар миёни ҷомеа кор мекунанд ва метавонанд сиёҳро аз сафед ва бадро аз нек фарқ кунанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо саъй мекунем, то мувофиқи фармудаҳои эътиқоди мазҳабии худ зиндагӣ намоем ва ин ҳаргиз ба қавонини Тоҷикистон муғойират нахоҳад дошт”.

Аммо раҳбари маҳфили баҳоиёни Тоҷикистон ба баррасӣ гузоштани лоиҳаи нави қонуни озодии эътиқодро дахолати бевоситаи ҳукумат ба фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ унвон кард. Раҳбари маҳфили баҳоиёни Тоҷикистон дар изтироб аст, ки дар сурати ба тасвиб расидани ин тарҳи қонун ҳамдинҳои ӯ дар Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Турсунзода наметавонанд озодона ҷамъ омада тоату ибодат кунанд.

Бархе аз фирқаҳои масеҳиён низ таъкид мекунанд, ки дар пешнависи қонун барои фаъолияти созмонҳои масеҳӣ маҳдудиятҳои хосе дар назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, ба қавли онҳо, дар ин пешнавис теъдоди пайравон барои сабтиноми як созмони мазҳабӣ аз 10 нафар то ба 200 нафар афзоиш ёфтаааст. Ба бовари ин фирқаҳои мазҳабӣ, на ҳар гурӯҳи масеҳӣ имкони ҷамъоварии чунин миқдор имзои пайравони худро дорад. Зеро тахмин зада мешавад, ки теъдоди пайравони чунин фирқаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар ё камтар аз он бошад.

Дар ҳамин ҳол, ноиби раиси Маркази таҳлилии “Муколама” (“Диалог”) Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода қонуни ҳозирамалкунандаи дин ва иттиҳодияҳои диниро агарчи ба вазъи воқеъии динҳо мувофиқ намедонад, онро боз ҳам як қонуни мукаммалтару мақбултар мешуморад. Вай низ пешнависи қонуни динро, ки гуфта мешавад, барои танзими сабтиноми ибодатгоҳҳо ва созмонҳои динӣ пешниҳод гардидааст, ғайридемократӣ арзёбӣ кард:

«Ба қонуни ҳозирамалкунандаи дин ва созмонҳои динӣ дар марҳилае тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳанӯз Кумиссиюни оштии миллӣ барқарор буд ва бо дарназардошти воқеъияти вақт баъзе аз масоил ба эътибор гирифта шуд. Бо ин вуҷуд, ҳич гоҳ ин қонун бо воқеъияти динии ҷомеъа, махсусан қишри мусулмон мутобиқат надошт. Аммо муносибат ҳамоно мулоим буд».

ҳо барои танзими фаъолияти фирқаҳои динии мухталиф дар кишвар талош меварзад, ки ин кӯшишҳо гоҳо аз ҷониби намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ навъе эҷоди маҳдудият дар фаъолияти онҳо талаққӣ мегардад. Ба гуфтаи ин мақомот, фаъолияти бархе аз созмонҳо ва гурӯҳҳои даъваткунандаи масеҳият дар чаҳорчӯби қавонини Тоҷикистон сурат намегирад ва дар бархе маворид талошҳо барои мутамоил сохтани мардуми тоҷик барои гаравидан ба адёни дигар мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ба таъкиди Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули бахши диншиносии сарраёсати дин дар Вазорати фарҳанг, баъзе аз бандҳои ин қонун номукаммал будааст. Вай мегӯяд, аксаран созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ ҳангоми ворид кардани китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тарҷумашудаи мазҳабӣ бандҳои ин қонунро риоя намекунанд:

Вале масъулини сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг мегӯянд, давлат тан

“Ҳар як ташкилоти динӣ қабл аз он ки ба ҷумҳурии Тоҷикистон адабиёти мазҳабӣ ворид намояд, нусхае аз ин китоб ё маҷаллаҳоро бояд ба сарраёсати дин пешниҳод кунад. Сарраёсат танҳо пас аз омӯзиш ва ташхиси диншиносӣ хулосаи худро ба ин созмонҳо медиҳад, маънии иҷозаи вуруди китобҳоро дорад, ё дархости онҳоро рад мекунад. Мо аслан нигоҳ мекунем, ки дар ин гуна китобҳо зидди қавонини Тоҷикистон бандҳое зикр нашуда бошанд ва бандҳои қонуни дин низ риъоят шуда бошад. Аммо мебинем, ки гоҳо созмонҳои мазҳабӣ ин шартҳоро сарфи назар мекунанд”.

Игор Петрович, рӯҳонии ибодатгоҳи адвентистҳои рӯзи ҳафтум, ки дар Душанбе бо номи калисои немисҳо ё олмониҳо маъруф аст, мегӯяд, созмони онҳо миссионерӣ нест ва аз ин рӯ, фаъолияташон ба қонунҳои Тоҷикистон мухолифат надорад. Вай мегӯяд, адвентистҳои рӯзи ҳафтум шурӯъ аз соли 1928 дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва танҳо рӯзи шанбе ба ниёиш машғул мешаванд. Оқои Петрович таъкид мекунад, ки ибодатгоҳи байналмилалии онҳоро чун ибодатгоҳи ҷавонон ном мебаранд, аммо дар Тоҷикистон бештари пайравони онҳо занони пиронсоли русзабон будаанд.

Дар пайи ин гуфтаҳои Игор Петрович, як масъули дигари ибодатгоҳи адвентистҳои рӯзи ҳафтум Сайид Шарифӣ, ки беш аз понздаҳ сол пайрави ин дин будааст, мегӯяд, қонуни дини амалкунанда ба онҳо имкон медиҳад, то миёни аҳолӣ ваъз гӯянд, китобҳои мазҳабии худро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, миёни аҳолӣ паҳн намоянд:

“Мо ба қонуни амалкунанда ягон шикояте надорем, зеро мо метавонистем дар миёни ҷомеъа ва ё дар ҳудуди ибодатгоҳи худ бо мардум сӯҳбат кунем. Мамониат вуҷуд надошт. Албатта, давлат аз фаъолияти мо бояд огоҳ бошад, мо ягон амали зиддиқонунӣ надорем. То имрӯз дастгирии қонуни мазкурро дидем ва дар асоси он фаъолият ҳам кардем, ки хуб буд. Ҳоло дари ибодатгоҳи мо боз аст. Кадом рӯзе, ки дари моро бастанд ва иҷозаи фаъолият надоданд, пас, гуфта метавонем, ки ин “гуноҳ”-и қонун аст”.

Дар ҳоле, ки аз миёни вакилони Порлумони Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, то бо мо сари ин қонун, камбуду имконот ва вазоифи он сӯҳбат бикунад, аз Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, пурсидем, ки оё ин қонун метавонад дар маҷмӯъ фаъолияти пурраи созмонҳои мазҳабиро назорат бубарад ва вазифаи аслии он аз чӣ иборат аст? Оқои Ҳакимов гуфт, ки ин қонун аслан барои сабтиноми ибодатгоҳҳо, танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ зарур аст, на барои маҳдуд кардани фаъолияти ин ё он фирқаи мазҳабӣ:

"Ба ҳар ҳол, агар мо ба мазмун ва моҳияти ин қонун назар афканем, дар муқоиса бо лоиҳаи ҷадиди қонуне, ки барои муҳокима пешниҳод гардидааст, хислати демократӣ дорад. Шояд имрӯз зарурияти қабули қонуни нав дар бораи дин ҳам ба вуҷуд омадааст, вале хуб мешуд, ки ду-се маротиба музокираи порлумонӣ дар назди кумитаи марбутаи Маҷлиси Намояндагон доир мегардид ва дар кори он намояндагони адёни мухталиф ва ҳам Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва мутахассисону олимон аз донишгоҳҳо ҷалб мешуданд. Баъд аз ин, бо дарназардошти манофеъи ҷонибҳо шояд як қонуни мукаммал қабул мешуд, ки барои солҳои тӯлонӣ мавриди амал қаорор мегирифт”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гурӯҳи хурди яҳудиён, буддоиҳо ва кришнаитҳо низ қонуни феълиро хуб ва барои пайравонашон зарурӣ мехонанд. Қаблан низ намояндагони 22 гурӯҳи ақаллиятҳои динӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дархост карда буданд, то пешнависи қонуни нави дин барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод нагардад. Онҳо дар номаи худ қонуни ҳозираи динро беҳтар ва ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мувофиқ арзёбӣ кардаанд.

Аммо то кадом андоза ин дархости мазҳабиёни Тоҷикистон ба назари эътибор гирифта хоҳад шуд, ҳанӯз рӯшан нест. Бо ин ҳол, тарҳи ҷадиди қонуни дин ва муассисаҳои динии Тоҷикистон, ки мояи нигаронии тақрибан ҳама фирқаву гурӯҳҳои мазҳабии фаъол дар саҳнаи мазҳабии кишвар шудааст, ҳамчунон ҷамъоварии имзоҳои барои ироааш ба парлумон лозими мақомоти масъулро дар долонҳои ҳукуматӣ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG