Пайвандҳои дастрасӣ

Марзҳои озодии дин ва дахолати давлат


Пол Маршалл дар студияи Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ

Пол Маршалл дар студияи Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ

Пол Маршалл, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи Ҳудзон дар Вошингтон дар китоби нави худ "Озодии дин дар ҷаҳон дар соли 2007" маҷмӯъи ақидаҳои наверо дар ин мавзӯъ ба миён гузошт.

Дар мулоқот бо кормандони радиои Озодӣ дар Праг, доктор Маршалл сӯҳбатро аз чаҳор тамоюли асосии манфии марбут ба озодии дин шурӯъ кард. Инҳо:

- идомаи таъқиби диндорон дар ағлаби кишварҳои ҷаҳон
- зуҳури падидае ба маънии миллатгароии динӣ
- ташдиди фишор ба озодии дин дар Аврупо зимни эҳсосоти зидди муҳоҷирон
- густариши тундгароии исломӣ.

Озодии дин дар хатар

Ба ақидаи доктор Маршалл ҳифзи озодии дин дар чунин шароити ҷаҳонӣ аҳамияти бесобиқа пайдо кардааст. Чаро бояд аз озодии дин ҳимоят кард? Ин пурсиши аввали мо буд, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо доктор Маршалл дар студияи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар Праг.

Пол Маршалл: "Дар мавриди озодии дин, нахустин чизе ки бояд гуфта шавад, ин аст, ки дин маънии садҳо миллион нафар инсонро дорад, ки машаққат мебинанд ва мо бояд ғами ин теъдод аз одамонро бихӯрем. Ҳатто бе ҳеч сабаб ҳам, вақте мо мебинем, инсоне зери зарбааст, бояд ба ӯ кӯмак кунем ва ин зарбаро боздорем. Ин сабаби аввал аст. Сабаби дуввум ин аст, ки озодии дин бо чанд падидаи дигар пайванди решаӣ мегирад. Рушди иқтисодӣ, накӯаҳволии мардум, ҳуқуқи зан, мубориза бо фасод, осебпазирии давлат, хароҷоти ҳарбӣ ва ғайра. Озодии дин бо инҳо на танҳо ҳамқадам аст, балки ба беҳбуди онҳо кӯмак мекунад. Агар шумо ҳамчун як кишвар ба озодии дин иҷоза диҳед, аз ин амал фоидаи иқтисодӣ ба даст хоҳед овард. Онҳое ки ғами рушдро мехӯранд ва ё аз вазъи занон дар ташвишанд, озодии дин ба ҳалли ин мушкилҳо мусоъадат мекунад. Сабаби саввум ин аст, ки таъқибҳои динӣ умдатан мояи тундгароӣ ва оштинопазириҳои динӣ мешавад ва онҳоро тақвият медиҳад."

Дунявият чист?

Доктор Маршалл арқому адад ва далелҳои зиёде меорад, ки озодии дин ба рушди иқтисодии кишварҳо ва саломати фазои маънавию ахлоқии онҳо мадад мекунад. Барои бисёре ва ё дастикам як бахше аз шунавандагони ин сӯҳбат қабули ақидаҳои доктор Маршалл шояд як андоза мушкил бошад. Зеро дар кишварҳои пасошӯравӣ ва махсусан Тоҷикистон ақидае мавҷуд аст, ки бояд аз мероси дунявии давраи шӯравӣ ҳимоят кард ва бо назардошти хатари тундгароии динӣ аз майли бештари мардум ба ислом пешгирӣ намуд. Бархе аз афрод баҳси ҳиҷоби донишҷӯдухтарон ва ҷилавгирӣ аз тамоюли наврасон ба масҷид, имтиҳону бозсанҷии имом-хатибон, баста шудани бархе аз масҷидҳо, ҷамъоварӣ ва маҳви наворҳои маъвизаи рӯҳониёни саршинос, манъи эълони азон бо садобарҳо ва рӯйдодҳои ҳамсонро далели муқовимати давлат ба эҳёи ислом дар кишвар мешуморанд. Мақомоти давлатӣ мегӯянд, онҳо мехоҳанд, табиати дунявии кишварро ҳифз кунанд. Оё метавон ба ин шиъори онҳо бовар кард, мепурсам аз ӯ.

Пол Маршалл: "Ин ҷо бояд дар ду сатҳ фикр кард, ки оё метавон ба онҳо бовар кард. Намунаи кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи хубе барои андеша аст. Аввалан, ин ҳукуматҳо бештар манфиатдоранд, ки дар сари қудрат боқӣ бимонанд ва аз чунин баҳона истифода мекунанд. Аммо агар аз ин бигзарем, дуруст аст, ки як навъи хуби дунявият даркор аст. Муҳим аст, таъкид кунем, ки анвои гуногуни дунявият мавҷуд аст ва одамон аз ин истилоҳ ба шаклҳои мухталиф истифода мекунанд. Дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ дунявият ба маънои атезизм ва ё бехудоист. Ҳатто ба шакли хеле музҳик. Шумо ба худо бовар доред, аммо аз атеизм дифоъ мекунед. Агар маънои "дунявият" ин аст, пас шумо майл ба он доред, ки озодии динро маҳдуд кунед ва бо ин роҳ, тавре пештар гуфтем, ба бурузи хушунат мусоъадат мекунед. Вале маънои дигари "дунявият" озодӣ ва ё чандандешист. Яъне ягон дини ҷойгузинкардаи ҳукумат вуҷуд надорад. Яъне шумо талош меварзед, ҳаддалимкон аз эҷоди як идеолужики давлатӣ парҳез кунед. Яъне дин бояд кори хусусии инсонҳо бошад ва давлат ба он коре надошта бошад. Изтироби ман ин аст, ки дар Осиёи Марказӣ ва ё дигар кишварҳои пасошӯравӣ, масалан Беларус, ҳанӯз шуури коммунистӣ боқӣ мондааст, ки дар он "дунявӣ" на комилан атеизм, балки як чизи хеле наздик ба он аст ва давлат бояд онро тақвият диҳад. Ва дин бояд ба ҳошия афканда шавад. Намоз дар хона хонда шавад ё масҷид, аммо на бештар аз ин. Ба фикри ман, ин як амали хатарнок ва худсӯз буда метавонад."

Дин ва сиёсат дар Тоҷикистон

Ҳарчанд ҷаноби Маршалл бештар ба таҳқиқи масъалаҳои умда машғул аст ва ин ё он кишвар танҳо ба хотири пайванд бо ин масъалаҳо таваҷҷӯҳи ӯро ба худ мекашад, ба ӯ каме дар бораи Тоҷикистон ҳикоят мекунам. Ин кишвари кӯчак дар Осиёи Марказӣ зери парчами мубориза бо тундгароии динӣ аз лӯлаи оташини ҷанги хунине гузашт ва имрӯз ягона кишвари минтақа аст, ки дар он ҳизби сиёсии исломӣ агар озодона фаъолият накунад ҳам, иҷозаи ҳузур ёфтааст. Ин ҳам дар ҳоле ки бархе мегӯянд, зимни асли ҷудоии дин аз давлат, ислом бояд ба ҳеч гуна сиёсат дахолат накунад. Дигарон бар инанд, ки ислом худ сиёсат аст ва наметавон дар як кишвари мусулмон онро аз саҳна хориҷ нигаҳ дошт. Назари Шумо чист?

Ҳангоми мусоҳиба

Пол Маршалл: "Дин бояд ба ташаккули сиёсат кӯмак кунад. Ин чиз дар ҷаҳон зиёд аст ва мушкиле шумурда намешавад. Аммо роҳҳои мухталифе мавҷуданд, ки дунявият дар ин байн осеб набинад ва роҳҳои гуногуни робитаи дин ва сиёсат мавҷуданд. Мушкили тундгароёни исломӣ ин аст, ки онҳо чанд иштибоҳ мекунанд. Якум, мегӯянд, қонуне ба ҷуз аз шариати исломӣ вуҷуд надорад. Дуввум фақат мо ҳастем, ки медонем, шариати ҳақиқӣ чист. Яъне мо бояд ба ҳар кас ёд диҳем, ки бояд чӣ кунад. Ва ончи мо мегӯем, ҷои баҳс надорад. Бисёрии мусулмонон ва ҳукуматҳои мусулмон дар ҷаҳон ба ин роҳ намераванд. Ва тафовути аслӣ ин ҷост, ки агар шумо мехоҳед, сиёсат бар пояи ақидаҳои динӣ сохта шавад ва дар ин зимн дин ё биниши хоси динии шумо ба тамоми кишвар таҳмил гардад, махсусан ба мардуме ки онро қабул надоранд, ин роҳ бояд рад шавад."

Омилҳои фишор ба озодии дин

Ҳамин тавр ба ақидаи доктор Маршалл на танҳо ҳукуматҳо омили фишор ба озодии динанд, балки тундравони мазҳабӣ, гурӯҳҳои ҷиноӣ, фасоду ришват, фақру сахтиҳои иқтисодӣ низ метавонанд, озодии эътиқодро маҳдуд кунанд. Вай мегӯяд, дар мавриди давлатҳои пасокоммунистӣ мероси гузашта низ як омил буда метавонад, зеро ҳарчанд сарони ин мамолик акнун худро демократ меноманд, аксаран фаъолони коммунист ҳастанд ва амалан корҳоеро идома медиҳанд, ки ҳукуматҳои коммунист мекарданд. Ман пурсиши навбатиро ингуна формулбандаӣ мекунам: "Вале агар ҳатто фарз кардем, онҳо ҳомиёни ҳақиқии озодии дин шуданд. Оё бояд бидонанд, ки озодии дин то чи марзҳое доман мекашад ва кӣ бояд онро назорату парасторӣ кунад?

Пол Маршалл: "Ин як масъалаи печида аст. Ҳукуматҳо набояд онро назорат кунанд, то ҷое ки агар ин озодӣ ба назму тартиб ва амнияти ом таҳдиди ҳақиқӣ ба бор наовардааст. Сарони мазҳабӣ бояд соҳиби озодии динӣ дар гурӯҳҳои динии худ бошанд ва онро зери назорат дошта бошанд. Куллан, озодии дин як чизи умумӣ нест. Махсусан ҳукуматҳо бояд аввал инро дар назар дошта бошанд, ки мардум ба чӣ ниёз дорад ва аз чӣ бояд ҳимоят шавад. Бо назардошти ин марзҳо озодии дин метавонад маҳдуд карда шавад, аммо дар таъини ин марзҳо бояд боэҳтиёт буд, зеро мақомот ва ҳукуматҳо ҳаддалимкон танг кардани ин марзҳоро дӯст медоранд."

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG