Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӣ мавзӯъҳои сиёсиро ба минбари масоҷид мекашонад?


Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон (аз тарафи чап). 8-уми январи 2013

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон (аз тарафи чап). 8-уми январи 2013

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистонро савол дар бораи ин ки чаро мавъизаи рӯҳониён "сиёсӣ" шудааст, ошуфта кард.

Суолҳои иддае аз хабарнигорон дар мавриди дарозии риш ва мавъизаи имомхатибон асабонияти Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистонро дар нишасти матбуотии ӯ ба бор овард. Махсусан, пурсиши ин ки оё дуруст аст, бо дастури ин Кумита имомхатибон аз минбари масҷидҳо сиёсати давлатро таблиғ мекунанд, ҷаноби Холиқовро ошуфта кард, ки ба ҷои посух гуфт: "Шумо ин гапро аз куҷо фаҳмидед? Аз хабарнигорон? Пас, аз ҳамон хабарнигорон пурсидан гиред."

Пас аз ин ҳарфҳо ҷаноби Холиқов дарҳол толорро тарк кард ва рӯзноманигоронро бо суолҳои зиёдашон ҳайрон гузошт. Хабарнигорон мехостанд бидонанд, ки чаро дар ин авохир аксари имомхатибони масҷидҳо ба ҷойи мавъизаҳои фиқҳию ахлоқӣ ё фалсафию маънавӣ ба таблиғи хабару масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто тиҷоратӣ рӯй овардаанд.

Бино ба як матлаби ҳафтаномаи “Нигоҳ”, чанде пеш бархе аз имомхатибони масоҷиди ҷомеъ дар маъвизаҳои худ узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро баррасӣ кардаанд. Моҳи гузашта Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки дар масҷидҳои минтақаи Кӯлоб сухан аз сабабу натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рафтааст. Ҳикматулло Абдукаримов, мутахассиси пешбари бахши умури дини ноҳияи Восеъ, дар ин бора гуфт, ки чунин суҳбатҳо бо супориши раиси ноҳия ва масъулони Кумитаи дин, ба хотири даъвати мардум ба сулҳу оромӣ, дарки воқеиятҳои гузашта ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар баргузор мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон таблиғи сиёсиро дар масҷидҳо манъ кардаанд.

Аммо Солеҳҷон Завқиев, сардори раёсати Иттиҳодияҳои динии Кумитаи дини Тоҷикистон, ҳарчанд аз мавҷудияти чунин супориш изҳори беиттилоӣ кард, боз ҳам гуфт, "имомхатиб ҳуқуқ дорад, ки аз минбар дар баробари маъвизаҳои динӣ, шукргузорӣ аз истиқлолият ва сиёсати феълӣ кунад. Инро ба ӯ Қонуни Тоҷикистон дар бораи озодиҳои динӣ манъ накардааст. Лекин дар бораи чунин як супориш мо маълумот надорем, аммо дақиқ карда ба Шумо хоҳем гуфт."

Ҳамзамон, масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ин ки Шӯрои уламои маркази исломӣ бо дастури онҳо андозаи риши мардон ва ҷузъиёти либоси занонро муайян кардааст, рад намуданд. Бино бар ахбори расонаҳо, наздик ба ду моҳ пеш Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зимни номаи Кумитаи дин хостааст, то уламо тибқи талаботи мазҳаби ҳанафӣ шаклу миқдори ришмониро муайян кунанд. Ва уламои марказ баъд аз таҳқиқ ба хулоса омаданд, ки мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дарозии риш набояд аз як мушт бештар бошад.

Вале Абдураҳим Холиқов, раҳбари Кумитаи дин мегӯяд, аз сӯи онҳо чунин дастур сурат нагирифтааст. Ӯ аз ҷумла афзуд, "ин хабар поя надорад. Чунин хабарҳоро гурӯҳи муайян барои ҳадафҳои шахсии худ бофтаанд."

Зимни ин нишасти хабарӣ ҷаноби Холиқов аз санҷиши имомхатибон низ ёдовар шуд. Ба гуфтаи вай, аз 2 ҳазору 784 имомхатиб танҳо 27 нафарашон барои ислоҳи камбудиҳояшон мӯҳлат гирифтанд. Файзиддин Расулов, имомхатиби яке аз масҷидҳои пойтхат, ки аз ин санҷиш гузаштааст, мегӯяд, "ба ҳангоми санҷиш асосан аҳкоми шаръӣ пурсида мешавад. Яъне, мо имомони масҷидем ва вақте мардум аз ақиби мо намоз мегузоранд, бояд аҳкоми намозро бидонанд. Ҳамчунин барои муайян кардани ҳисси ватандории мо саволҳои дигар низ мешаванд. Аз қабили донистани суруди миллӣ ва дигар нишону рамзҳои миллӣ. Ман дар маҷмӯъ аз баргузори чунин санҷишҳо қаноатмандам."

Дар ҳамин ҳол, яке аз имомхатибоне, ки аз санҷиши Кумтаи дин нагузаштаву мӯҳлати иловагӣ гирифтааст, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, аз шеваи баргузории чунин санҷишҳо розӣ нест. Ба қавли ӯ, афроде, ки онҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд, худ дар масъалаҳои динӣ омодагии комил надоранд. Соли панҷум аст, ки имомхатибони тоҷик аз санҷиши Кумитаи дини Тоҷикистон мегузаранд. Ҳарчанд имсол ягон имомхатиб аз мақомаш барканор нагардид, соли гузашта дар пайи чунин санҷишҳо чанде аз имомхатибон аз мақомашон барканор ва афроди дигар ҷойгузини онҳо шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG