Пайвандҳои дастрасӣ

Убайдулло Ғаффоров, афсари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе боздошт шуда буд, озод шудааст.

Яке аз наздикони ӯ дар таъйиди ин хабар рӯзи чоршанбеи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мавсуф дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд ва се рӯзи қабл раҳо шудааст.

Убайдулло Ғаффоров, ки бо лақаби «Убайди Зард» маъруф аст, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мебошад. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 аз рӯи саҳмияи 30 – фоиза ба сафи нерӯҳои амниятӣ пайваст. Соли 1998 дар вазорати амният (ҳоло КДАМ) фаъолият кард ва унвони прапоршикӣ дошт.

Қаблан бародараш Раҳматулло Ғаффоров ба Озодӣ гуфта буд, ки бародараш дар авоили моҳи ноябри соли 2012 аз Русия ихроҷ шуда буд, вале ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймо, дар бинои фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда ва як моҳ дар боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат бидуни айбнома нигоҳдорӣ мешуд. Аввалҳои моҳи декабр ӯро ба Душанбе интиқол додаанд.

Аммо бино ба манобеъи дигар, Убайдулло Ғаффоров дар авоили моҳи ноябри соли 2012 дар шаҳри Челябинск боздошт ва ба Душанбе истирдод шудааст. Вай бо амалҳои ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ғайри қонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва гаравгонгирӣ муттаҳам мешуд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бар пояи қонуни авфи соли 1999 дар рӯйхати 5 ҳазор размандаи авфшудаи ИНОТ номи Убайдулло Ғафуров низ ворид шуда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти Убайдулло Ғаффоровро рад мекарданд ва ҳоло низ раҳоии ӯро тасдиқ намекунанд.

Ба гуфтаи манобеъи Озодӣ , Убайдулло Ғаффоров то ибтидои солҳои дуҳазорум яке аз муҳофизони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф ва собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Ӯ дар солҳои ҷанги шаҳвандӣ ҳамроҳи Абдулвосит Латипов (Қорӣ Восит), фармондеҳи дигари собиқ иттиҳодияи мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳон, ҳоло ноҳияи Ваҳдат, фаъолият доштааст. Соли 2001-ум ба Русия рафт ва давоми 11 сол, то замони ихроҷ ё истирдодаш дар поёни соли 2012, дар ин кишвар ба сар мебурд.

Расонаҳо дар бораи истирдоди мармузи Абдулвосит Латипов (Қорӣ Восит) низ ба Тоҷикистон иттилоъ пахш карда буданд. Аммо то ба ҳол сарнавишт ва маҳалли иқомати ӯ маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон дар ин кишвар дар боздошт қарор доштани ӯро то ҳол расман тасдиқ накардаанд. Вале манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки Қорӣ Восит дар Душанбе дар боздошт қарор дорад.
XS
SM
MD
LG