Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёрӣ диҳед, ки ин ҷавонро ёбем!


Алишери Мирзомидинзода

Алишери Мирзомидинзода

Алишери Мирзомидинзодаи 23-сола охирҳои моҳи октябр ба Маскав сафар кард ва бенишон гашт. Агар аз ӯ хабар доред, моро огоҳ намоед.

Ба Радиои Озодӣ номаи изтироболуде расид, ки дар он гуфта мешавад, ҷавони тоҷик бо номи Алишери Мирзомидинзода, соли таваллудаш 1989, 14-уми феврал, дар роҳи сафар ба Маскав бенишон шудааст.

Наздикони ӯ менависанд: "Асалому алайкум дастандаркони сомона. Ин бародари мост, ки рӯзи 17-уми октябри соли 2012 аз шаҳри Перм ба Маскав сафар кард ва дигар аз ӯ ягон хабаре нест. Ҳарчанд ҷустуҷӯ кардем, натиҷа надод. Ҳатто ҳамаи шӯъбаҳои полиси шаҳри Маскав ва моргҳо (сардхонаҳо)-и онро гаштему кофтем, лекин ягон нишоне аз ӯ дарёфт накардем. Агар аксашро дар сомона мегузоштед, шояд касе пайдо шавад, ки дар куҷое ӯро дида бошад. Саломат бошед."

Бо нашри акси Алишери Мирзомидинзода ва ин номаи наздикони ӯ аз ҳама хонандагони торнамои Радиои Озодӣ хоҳиш мекунем, дар пайдо кардани ин ҷавон мадади худро дареғ надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG