Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини маризи Мастчоҳро дар Узбакистон пайдо накардаанд


Қисмате аз марзи Тоҷикистону Узбакистон

Қисмате аз марзи Тоҷикистону Узбакистон

Пайвандони сокини гумшудаи Мастчоҳ Гулмаҳдмад Зокиров аз Узбакистон ноком баргаштаанд.

Наздикони Гулмаҳмад Зокиров, ки бино ба хабарҳо, 9 сентябри соли равон аз сӯи марзбонони узбак боздошт шуда буд, мегӯянд, ки ба Узбакистон сафар карда, пайванди худро пайдо накарданд.

Ин сокини 32 - солаи деҳаи Садвини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд маризии рӯҳӣ дошт ва бино ба хабарҳо, дар маҳбаси шаҳри Бекободи вилояти Тошканди Узбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ба сар мебурд.

Аммо Дилшод Зокиров, бародари мавсуф дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта ӯ бо иттифоқи як хешованди дигарашон ба Узбакистон сафар кард, аммо он иттилоъе, ки дар даст доштанд, тасдиқ нашуд. Вай афзуд, онҳо ба маҳбаси шаҳри Янгиери вилояти Сирдарё рафтаанд, вале он нафаре, ки гуфта мешуд, бародари ӯ Гулмаҳмад аст, як тоҷики дигар, воқеан маризи рӯҳӣ, аммо аз вилояти Намангони Узбакистон будааст.

Вай афзуд, пас аз ин ба қабули сардори раёсати кофтукоби ҷиноии вилояти Тошканд рафтанд, то арз кунанд, аммо он ҷо ба онҳо гуфтаанд, ки ҳамчунин нафарро боздошт накардаанд ва умуман марзбонони узбак бо нафарони маризи рӯҳӣ сарукор намегиранд. Дилшод Зокиров мегӯяд, дар Узбакистон бо ҳеҷ як мақомот ҳусни тафоҳум пайдо нашудааст ва ҳоло ҷустуҷӯи бародарашро дар ҳудуди вилояти Суғд идома медиҳанд.

Ба қавли сокинони Мастчоҳ, убуру мардум дар қаламрави деҳаи Садвини ноҳияи Мастчоҳ ва Бекобод андак озод буда, ӯзбакҳо аз он тараф ба Мастчоҳ барои фурӯши сабзавоту меваи худ мегузаранд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, дар маҳбасҳои Узбакистон ҳудуди даҳ шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

20 сентябр Манучеҳр Бӯриев, якнавраси 12 – сола, сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакентро, ки 10 июли соли равон ҳамроҳи бобояш Мардон Бӯриев, падараш Сулаймон Бӯриев ва ҳамдеҳагонаш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов аз сӯи марзбонони ӯзбак боздошт шуда буд, ба ватан баргашт. Бақия сокинони Фароб дар маҳбаси шаҳри Қаршии Узбакистон қарор доранд. Гуфта мешавад, Мардон Бӯриеви 74-сола пас аз ҷарроҳии кӯррӯда дар бемористони ин шаҳр ба сар мебарад.

15-уми июн марзбонони ӯзбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро низ бо рамаи гӯсфандону говҳояшон бо иттиҳоми марзшиканӣ ба Ӯзбакистон бурда буданд. 22-уми июл чӯпонҳо раҳо шуданд, аммо сарнавишти гӯсфандону говҳояшон маълум нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG