Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксисти тоҷик аз пойгоҳи Русия товон талаб дорад


Тоҳир Султонов
Тоҳир Султонов

Хонаводаи як таксирони тоҷик, ки мавриди ҳамлаи як сарбози Русия қарор гирифта буд, мехоҳад аз пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон талаби товон кунад.

Хонаводаи Тоҳир Султонов, як ҷавони кирокаш аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки рӯзи 21 август аз сӯи як сарбози Русия корд хӯрда буд, мегӯяд, рӯзи 2 сентябр аз бемористон ҷавоб шуд, вале ҳанӯз таҳти назорати табибон қарор дорад. Ин хонавода мегӯяд, ҳоло мехоҳад аз ин сарбози пойгоҳи низомии Русия барои осебе, ки ба саломатии Тоҳир Султонов расондааст, товон талаб кунанд.

Гуфта мешавад, Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа рӯзи 21 август ба сару гардан ва пою шиками Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд.

Хонаводаи таксирон мегӯяд, ки рагҳои дасти рости Тоҳир бо 19 зарбаи корди Толстоӣ канда шуда, панҷаҳояш аз ҳаракат мондаанд. Онҳо рӯзи 3 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алакай барои табобати писарашон ба маблағи беш аз 6 ҳазор доллари амрикоӣ дору ва хун харидаанд ва барои идомаи табобаташ аз пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон талаби кӯмаки пулӣ доранд.

Хонаводаи Султоновҳо ҳамчунин муҷозоти ин сарбози Русияро талаб доранд.

Зокирҷон Султонов, бародари Тоҳир Султонов мегӯяд, ки онҳо расман аризае барои гирифтани ҷуброни зарар ва ё кӯмак барои идомаи табобати бародараш ба пойгоҳи низомии Русия дар Қӯрғонтеппа пешниҳод накардаанд, аммо бо як масъули ин пойгоҳ ин мавзӯъро дар миён гузоштаанд: "Бародарам зану фарзанд дорад, падарам кор намекунад, модарам бемор, худи бародарам ҳар рӯз кор мекард, ки

Тоҳир Султонов дар як акси зимистониаш
Тоҳир Султонов дар як акси зимистониаш

барои модарам дору бихарад. Дигар аз рӯзи 21 август ба ин тараф кор намекунад. Ман қарз карда, ба табобаташ ёрдам кардам. Ман гуфтам ба онҳо, ки ба мо кӯмак кунанд. Аммо гуфтанд, ки модари ин сарбоз камбағал аст. Вале духтурон мегӯянд, камаш як сол лозим аст, ки дасти Тоҳир ба кор дарояд."

Тоҳир Султонов мегӯяд, ки танҳо аз дасти росташ 19 захми корд бардоштааст. Ду зарбаи корд ба рӯи дилаш расида ва як зарбаи дигар ба рӯи ҷигараш.

Тоҳир Султонови 24-сола, сокини маҳаллаи Гулистони ҷамоати деҳоти "Ғайрат"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду соли ахир ба кирокашӣ машғул буд, дар як мусоҳибаи видеоӣ бо Радиои Озодӣ дар манзили зисташ гуфт, вақте сарбози рус ба ӯ ҳамла кард, бемадор буд. Ӯ мегӯяд, ки сарбози Русия шояд ӯро ба хотири мошинаш куштан мехост, то мошинро фурӯхта, қарзҳояшро бар гардонад.

“Мошинам “Ҳюндай Соната” аст. Ин сарбози рус дар роҳ қимати мошинамро пурсид. Ман ба ӯ гуфтам, ки 9 ҳазор доллар қимат дорад,” - мегӯяд Тоҳир Султонов.

Ӯ аз қавли кормандони пойгоҳи 201 мегӯяд: "Ба командираш гуфтааст, ки ба хотири мошин мехост маро бикушад. Аз мардум, аз бачаҳои Ломоносов (маҳаллае дар Қӯрғонтеппа) қарздор будааст. Мошинамро дар роҳ нигоҳ кард, ростӣ, аз аввал нафаҳмидам, ки чӣ мақсад дорад. Вақте дар мошини ман буд нархи мошинамро пурсид. Намедонам, барои чӣ?".

Тоҳир Султонов гуфт, ки ин сарбози русро аз истгоҳи таксиҳои Қӯрғонтеппа дар маҳаллаи “Саховат”-и шаҳри Душанбе гирифта буд ва онҳо соати 11 ба роҳ баромада, соате баъд ба Қӯрғонтеппа расиданд. Дмитрий Толстой аз соати 12 то соати 2 атрофи Қӯрғонтеппа дар мошини Тоҳир чарх зада, сипас дар маркази ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар ба ӯ ҳамла кардааст.

Тоҳир мегӯяд: "Ба ман мегуфт, ки як нафар ӯро интизор аст, дар куҷое, ки манъ мекардем, ба касе телефон мекард, ки ман намешунидам, бо кӣ гап мезанад. Роҳҳоро хуб медонист. Маро дар Заргар манъ карда гуфт, ки ба сарам оби сард бирез, ман ба сараш об рехтам, маротибаи дуввум хостам, ки об гирам, вале бо мушт ё ба пояш ба ман зад, ки ба замин афтидам. Дод зада дохили мошин даромад ва аз сумкааш кордро бароварда, сӯи ман давид. Аввал дар мошинам шишта хост ҳаракат кунад, ман монеъ шудам. Дар поям ба корд зад. Сипас аз мошин баромада, ба сару рӯям ба корд зад."

Тоҳир Султонов мегӯяд, ки сарбози рус маст набуд. Хулосаҳои муқаддамотии тафтишот низ маст будани Дмитрий Толстойро рад мекунад, вале ба гуфтаи муфаттишон, ин сарбоз аз чанд таксирони маҳаллаи Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар канори пойгоҳи 201 Русия воқеъ аст, қарздор будааст.

Дмитрий Толстой мебоист ба Тоҳир Султонов барои сафар аз Душанбе то Қӯрғонтеппа 80 сомонӣ медод, аммо дар сӯҳбат ба муфаттишон гуфтааст, ки он рӯз дар кисааш танҳо 40 сомонӣ дошт.

Як манбаи Радиои Озодӣ аз раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, ки дар ҷараёни тафтишот иштирок дошт, гуфт, ки Дмитрий Толстой, сарбози 23-солаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф кардааст, ки мушкили пулӣ боиси ҳамлаи ӯ ба Тоҳир Султонов шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Қудратов, муфаттиши ин парванда аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бозпурсии Дмитрий Толстой ба охир расидааст ва парвандаи ҷиноӣ, ки тибқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, яъне дониста расонидани осеби сангини ҷисмонӣ парванда боз шудааст, баъди таҳқиқ ба ҷониби Русия ирсол шудааст.

Ҳамла ба Тоҳир Султонов нахустин мавриди даст доштани сарбозони воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар аъмоли ҷиноӣ дар ин кишвар нест. Дар моҳи август додгоҳи низомии пойгоҳи Русия Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов, ду сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Душанберо бо ҷурми қатли як сол пеши таксирони маҳаллӣ Раҳимҷон Тешабоев бмутаносибан ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи созишномаи соли 2012 байни Тоҷикистону Русия, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид кард, ба сарбозону афсарони ин пойгоҳ масуният дода шудааст ва мақомоти Тоҷикистон ҳаққи таъқиби ҷиноӣ ва муҳокимаи низомиҳои Русияро надоранд. Муҳокимаи парвандаи Сахапов ва Басимовро низ аз ин рӯ мақомоти додгоҳи низомии худи Русия анҷом доданд.

Ба ҳамин далел, баъди анҷоми тафтишоти муқаддамотӣ парвандаи ҳамла ба таксирони қӯрғонтеппагӣ Тоҳир Султоновро низ ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия супурдаанд.

Ронандаи тоҷик ҳамлаи сарбози русро ба ёд меорад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:21 0:00

XS
SM
MD
LG