Пайвандҳои дастрасӣ

Баргард! Паёми наздикони "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" (ВИДЕО)


Ҳамсар ва ду кӯдаки "Махсуми Нусрат"

Ҳамсар ва ду кӯдаки "Махсуми Нусрат"

Аҳли хонаводаи Нусратулло Назаров, як сокини Кӯлоб, ки ба иддаои худаш, дар Сурия меҷангад, дар як паёми видеоӣ аз ӯ даъват кардаанд, ки аз “ҷиҳод” даст кашида, пеши зану фарзандонаш баргардад.

Дар як паёми видеоӣ наздикони Нусратулло Назаров, маъруф ба “Махсуми Нусрат” ва "Абӯ Холиди Кӯлобӣ", аз ин сокини маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб даъват кардаанд, то аз идомаи “ҷиҳод” даст кашида, пеши зану фарзандонаш баргардад. Бовар меравад, ки “Махсуми Нусрат” дар Сурия алайҳи режими Башор Асад меҷангад. Қаблан дар як паёми видеоӣ ба Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии маъруф дар минтақаи Кӯлоб, “Махсуми Нусрат”, ки дар иҳотаи даҳҳо нафари саропо мусаллаҳ сӯҳбат мекард, ҳарфҳои ин рӯҳониро, ки ҷиҳод будани ҷанг дар Сурияро зери суол бурд, ба тундӣ интиқод карда буд. Дар ин навор, ки дар поёни моҳи май, дарп соух ба як мусоҳибаи ихтисосии Ҳоҷӣ Мирзо бо Радиои Озодӣ нашр шуд, аз байни он силоҳбадастон танҳо “Махсуми Нусрат” сӯҳбат мекарду рӯяшро боз карда буд.

Дар ин паёми видеоӣ бародари “Махсуми Нусрат” – Хайрулло Назаров – аз бародараш гила мекунад, ки зану фарзандонашро бесаробон партофта, дар кадом як Сурия машғули ҷиҳоди “показуха”(намоишкорона) мекунад.

Хайрулло Назаров

Хайрулло Назаров

Хайрулло Назаров мегӯяд: “Ҷиҳоди онҳо ҷиҳод нест. Ин чӣ хел ҷиҳод аст, ки дар ин ҷо зану кӯдакатро мепартоӣ, се кӯдакат гушна дар гардани мо меғалтанду ту меравӣ ҷиҳод мекунӣ? Ин оё Худоро рост меояд? Худо розӣ мешавад аз ин кор? Шуморо кӣ гуфт, равед? Ба фатвои кӣ рафтед? Шумо киро мекушед? Боз ҳамон мусулмонро мекушед!”

Хайрулло Назаров бо ҳимоят аз Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд, “шумо ҳаққ надоред, Ҳоҷӣ Мирзоро гап занед, чунки шумо ягонтоат савод надоред. Бо хеста, худро муҷоҳид мегӯед. Шумо гузаштаи худро фаромӯш кардед, ки кӣ будед? Шумо ҳамааат “герчик” будед. Шуморо онҷо магар ҳероин медиҳанд? Ё сӯматон медиҳанд? Агар сӯматон диҳанд, бифиристед ба зану кӯдакатон, дар гушнагӣ намуранд инҷо. Дар гардани одамон мезанед кӯдаконатонро меравед, чӣ ҷиҳод мешавад ин? Зану кӯдаконат гушна. Занат мегӯяд, ки бозор мебароям, нон мефурӯшам, чунки 3 кӯдакат мемиранд аз гушнагӣ. Чӣ корашон мекунӣ? Дар каллаи кӣ партофтӣ онҳоро? Худо розӣ мешавад ба ҳамин корат?”

Хайрулло Назаров ҳамчунин аз бародараш гила мекунад, ки аз пушти қалбкориҳои ӯ падару модараш даргузаштанду манзили падариашонро ҳам аз даст доданд: “Ҳавлии отаамон рафт, бехонаву дар.Хонаи падару модарам ба додарам Нусратулло мерос монда буд. Мо ҷудо шуда будм. Одамон омада гуфтанд, ки додарат аз ҳама қарздор шудааст, аз “валютчик”-ҳову чиҳо.Барои ҳамин, хонаро бояд бифурӯшад.Хонаро фурӯхту қарзҳояшро дод.”

Дар дақиқаҳои поёнии ин навори дар маҷмӯъ 9-дақиқаӣ ҳамсар Нусратулло Назаров ва ду кӯдаки ӯ – Абдуллоҳ ва Холид – низ зоҳир мешаванд. Ҳамсараш аз ӯ даъват мекунад, ки баргардад. Навор бо садои Абдуллоҳ тамом мешавад, ки мегӯяд: “Ата, ман ёдат кардам. Биё пеши мо. Кай меоӣ?”

Ин навори видеоӣ дар сатҳи касбӣ омода шуда, дар лобалои сӯҳбатҳои бародар ва зану кӯдакони “Махсуми Нусрат” тасвирҳое аз худи ӯву аз суханронии навори ду моҳ пешашро низ гунҷондаанд. Аммо маълум нест, ки нашри ин навор ибтикори худи наздикони Нусратулло Назаров аст ваё бо кумаки касе омода шудааст.

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи ҷанги Сурия гуфт, ба назари ӯ, онҷо ҷиҳод нест, балки фитна аст. Ба дунбол паёми видеоии ҷангиёни тоҷики ҷанги Сурия ба Ҳоҷӣ Мирзо нашр шуд, ки дар он як нафар аз номи ин ҷангиҳо Ҳоҷӣ Мирзоро барои ин ҳарфҳояш мазаммат мекард.

Баъди нашри ин навор бархе сокинони Кӯлоб ба Озодӣ гуфтанд, ки дар симои нафари гӯянда дар ин навор, ки танҳо нафари бидуни ниқоб буд, “Махсуми Нусрат” – сокини маҳаллаи Чармгарони поёнро шинохтаанд. Ҳамсоягонаш гуфтанд, ки ӯ мӯътоди маводи мухаддир буда, чанд сол пеш бо гумони даст доштан дар қочоқ таҳти пайгарди пулис низ қарор гирифта буд.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия меҷанганд, ҳудуди 200 нафар мегӯянд. То кунун, бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад дар он кишвари дури арабӣ дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, дастикам 6 нафари дигар баъд аз бозгашт аз Сурия боздошт ва зиндонӣ шуданд. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми май банди алоҳидаеро ба Кодекси ҷиноӣ ворид кард, ки барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои дигар низ ҷазои алоҳида пешбинӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG