Пайвандҳои дастрасӣ

"Афви тиллоӣ" фаро мерасад?


Охирин бор ба муносибати қабули Қонуни асосӣ дар соли 2014 афв эълон шуд буд. Акс аз бойгонӣ.

Охирин бор ба муносибати қабули Қонуни асосӣ дар соли 2014 афв эълон шуд буд. Акс аз бойгонӣ.

Садҳо зиндонӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон фарорасии 25-солагии истиқлолияти кишварро бештар аз дигарон интизоранд ва умед доранд, ки исми онҳо ба рӯйхати афроди мавриди афв роҳ меёбад.

То ҷашни истиқлол се моҳи дигар дар пеш аст, вале умедворӣ ба "афви тиллоӣ" ин ҷашнро дар назари хонаводаҳои зиндониён як ҷашни деринтизору муҳим ҷилва медиҳад. Теъдоди умумии маҳбусҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудудан 9 ҳазор буда, афви эҳтимолӣ на дар нисбати ҳамаи инҳо татбиқ мешавад.

Ҳамакнун дар доираҳои мухталифи давлати Тоҷикистон хабарҳо аз роҳандозии қонуни афв ба муносибати таҷлили 25- умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон садо медиҳад. Ба бовари афроди давлатӣ ва мардум, раиси ҷумҳур қонуни нави афвро қабул хоҳад кард ва он “тиллоӣ” хоҳад буд. Ин аст, ки мақомот дар бархе аз идораҳои давлатӣ ин хабарро тасдиқ мекунанд.

Як додраси додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 25-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари қабули афви “тиллоӣ” аз ҷониби раиси ҷумҳур воқеият дорад ва дар ҳоли ҳозир мақомоти додгоҳӣ ва ҳам додситониҳо дар вилояту навоҳӣ ба баррасии парвандаҳое, ки мавриди афв бояд қарор бигиранд, машғуланд. Додгоҳи олӣ мегӯяд, ҳоло суд-иҷрочиҳо дар додгоҳҳо ҳамроҳи додситонҳо машғули омӯзиши парвандаҳое ҳастанд, ки имкони шомил шудан ба қонуни афвро доранд.

Аз сӯи дигар, вакилони мудофеъ ва хонаводаҳое, ки наздиконашон дар маҳбас ба сар мебаранд, низ мегӯянд, дар маҳбасҳо аллакай масъалаи омодагӣ ба татбиқи қонуни афви “тиллоӣ” ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Маҳтоббӣ Абдуллоева, ҳамсари рӯзноманигори маҳкумшуда Маҳмадюсуф Исмоилов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми аёдати шавҳараш дар ҳафтаи гузашта дар маҳбаси Хуҷанд аз амалӣ шудани қонуни афв ба муносибати 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон огоҳ шудааст.

Вай гуфт, “Ман масъалаи амнистияро дар маҳбас вақте фаҳмидам, ки ба дидани шавҳарам рафтам. Кормандони маҳбас атрофи онро тоза мекарданд ва ба тартиб меоварданд. Вақте пурсидам, ки чӣ гап ҳаст, гуфтанд, ки аз Душанбе намоянда меояд ва бо парвандаҳо ошно мешавад.”

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз дар моҳи январи соли ҷорӣ мавзӯи афви “тиллоӣ” ба муносибати 25-умин соллгарди истиқлолияти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти Рустам Шоҳмурод, вазири адлия бо Ҳю Филпот, сафири Британия дар Тоҷикистон матраҳ шуда буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ба сабаби сӯиистифода нашудан аз татбиқи қонуни афви навбатӣ, дар ҳоли ҳозир дар нисбати эълони он худдорӣ мешавад. Муаммадризо Халифазода, масъули дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар қонуни афв барвақт эълон карда шавад, афроди ҷиноятпеша даст ба кирдорҳои ҷиноӣ мезананд ва умедвор мешаванд, ки афв карда мешаванд, Ба ҳамин хотир, аз пахши хабари татбиқи қонуни афв худдорӣ карда мешавад ”

Аммо Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи иҷрои қонуни афв танҳо пас аз тасвиби он аз сӯи парлумон хабар хоҳанд дод ва онро иҷро хоҳанд кард. Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон мегӯянд, тарҳи қонуни нави афв ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон имкон дорад мавриди баррасии шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи президенти Тоҷикистон қарор дошта бошад, вале ҳанӯз ба парлумон ироа нашудааст.

Ба таъкиди масъулони Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, тарҳи қонуни афв бар асоси қонунгузории кишвар аз ҷониби ҳукумат таҳия шуда ва тавассути раиси ҷумҳурӣ барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон ироа мешавад. Дар сурати пешниҳод ва тасвиб, ин 15-умин қонуни афв хоҳад буд, ки дар 25 соли истиқлоли Тоҷикистон маврид иҷро қарор мегирад.

Охирин қонуни афв дар кишвар дар моҳи октябри соли 2014 дар иртибот ба 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ва афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф мавриди афв қарор гирифтанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG