Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду дидор дар як сол барои маҳбусони якумра


Парлумони Тоҷикистон шароити мусоидтареро барои дидорбинии пайвандони зиндониёни ҳукми абад фароҳам кард.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10-уми октябр зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мулоқоти кӯтоҳмуддати наздикон бо маҳбусони ҷазои якумриро дар як сол ду маротиба муайан кард. Қаблан, ин зиндониён соле як бор ҳаққи дидорбинӣ бо наздиконашонро доштанд.

Рустам Менглиев, вазири адляи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, ҳамчунин маҳбусони абадӣ акнун имкон хоҳанд дошт, дар сол аз пайвандони худ 4 дафъа ғизо ва бастаро гиранд. Вай меафзояд, ин тағйир ба хотири беҳбудии шароити маҳбусони якумрӣ ба қонун ворид карда шудааст. Рустам Менглиев аз ҷумла афзуд, «ин таклифи вазорати адлия аст ва худи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо ин пешниҳод баромад кард, мо онро ҷонибдорӣ кардем, зеро ин ба маҳбусони якумрӣ барои мулоқоту гирифтани бастаҳо сабукӣ меорад.»

Дар Тоҷикистон дар чанд соли охир беш аз 50 нафар бо гуноҳи хиёнат ба ватан, қасди табаддулоти давлатӣ, куштор ва дигар ҷиноятҳои сангин ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Мақомот мегӯянд, танҳо 1 ва ё 2 бор додани иҷозаи мулоқот бо пайвандон барои ин маҳбусон ба хотири ташдиди муҷозоти онҳо будааст.

Раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов дар шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҷиноӣ мегӯяд, маҳбусони якумрӣ дар ду шароит -- муқаррарӣ ва беҳбудёфта адои ҷазо мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ватанов вобаста ба низоми нигаҳдории ин маҳбусон шумораи дидорбинии пайвандони онҳо низ тафовут доштааст. Ӯ дар ин замина гуфт, «он маҳбусони якумрие, ки дар шароити муқаррарӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ҳуқуқи дар як сол гирифтани 4 баста, 4 дастовез ва 2 мулоқоти кӯтоҳмуддатро доранд. Лекин агар ин маҳкумон дар шароити беҳбудёфта адои ҷазо мекунанд, метавонанд дар 1 сол 6 баста, 6 дастовез бигиранд ва 3 мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд. Дар шароити беҳбудёфта он маҳбусони якумрие интиқол дода мешаванд, ки зимни адои ҷазо дар шароити муқаррраӣ рафтори хуб доштаанд.»

Ба таъкиди Маҳмадалӣ Ватанов, дидорбинии кӯтоҳмуддат 2 соатро дар бар гирифта, мулоқоти пайвандон бо маҳбусон дар ҳузури кормандони маҳбас анҷом мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Наргис Сафарова, ҳамсари Сӯҳроб Лангариев, ки дар моҳи майи соли 2008 дар пайи як амалиёти густардаи нерӯҳои интизомии ҳукумат боздошт ва бо ҷурми мухолифати мусаллаҳона бо ҳукумат, нигоҳдории ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ, тиҷорати ҳаҷман бузурги маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз ба ҳабси абад маҳкум шудааст, мегӯяд, мулоқот бо шавҳар барояш бо мушкилӣ даст медиҳад: «Ин мулоқот пас аз даводавиҳои зиёд даст медиҳад. Чанд ҳафта пеш ба номи Иззатулло Шарипов(раиси идораи зиндонҳо) ариза менависем, аммо ҳеҷ гоҳ мулоқот дар вақти таъиншуда доир намешавад. Ё сардорҳояш нестанд, ё боз сабабҳои дигар пеш меоянд. Дар ҳамон рӯзи мулоқот қариб 50-60 нафари дигар низ дидорбинӣ доранд, аз ин хотир ҳатто 2 соати пурра низ имкони мулоқот намемонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки мо ин рӯзро як соли дароз интизорӣ мекашем. Агар дар як сол ду бор бошад, беҳтар аст, чунки фарзандон алакай калон шудаанд, ёди падар мекунанд. Баъзан онҳо дар иншояшон менависанд, ки рангу рӯи падарашонро фаромӯш мекунанд.»

Аммо Меҳрӣ Ғафуроваи 62-сола, ки фарзандаш маҳбуси якумрист, орзу дорад, то муҳлат ва шумораи мулоқот бо ҷигарбандаш ба маротиб бештар шавад. Ӯ мегӯяд, барои ҳар модар ҳатто 2 дидор дар сол бо фарзанд ҳам кофӣ нест: «Ҳатто мо бо мушкил дастовези худро ба фарзандамон мерасонем. Вақте меравем, мегӯянд, баъди 6 моҳи дигар биёед ё мо бояд аз сардорамон иҷоза бигирем. Охир ман алакай нафақахӯр тавони ин интизориҳоро надорам. Субҳи барвақт назди дарвоза меравем, аммо танҳо баъд аз нисфирӯзӣ ва он ҳам ҳудуди 40 дақиқа иҷозаи мулоқот бо фарзандамонро медиҳанд. Аз хешовандон танҳо ду нафар ва фарзандони хурдсол иҷозаи даромадан доранд. Дар як сол як бор ману оилааш меравем, аммо падараш писарамро дидан наметавонад, апаву додарҳояш низ ҳамчунин. Барои мо падару модари солхӯрда ин хеле сахт аст.»

Дар Русия низ маҳбусони якумра дар сол ду маротиба иҷозати мулоқот бо пайвандонашро доштаанд. Аммо дар Украина пайвандони маҳбусони абадӣ соле 4 маротиба метавонанд ба дидори наздикони худ дар зиндон бирасанд.

Тасмими маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон дар робита ба афзудани шумори дидорҳои пайвандон бо афроди маҳкум ба ҳабси абад дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Оиша Мирзоева, хоҳарбузург Ғаффор Мирзоев, аз эҷоди маҳдудият дар аёдати бародараш, ки маҳбуси якумрӣ аст, шикоят кард. Ӯ танҳо баъди 4 рӯзи саргардонӣ, рӯзи 9 октябр тавонистааст ба дидори бародараш бирасад.

Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 7 сол пеш бо ҷароими сангине, чун хиёнат ба ватан, омодагӣ ба табадулоти давлатӣ, одамкушӣ ва пинҳон доштани силоҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.


Оиша Мирзоева:Танҳо дидори бародарамро мехоҳам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:50 0:00
XS
SM
MD
LG