Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз хеши генерал, то хеши “террорист”. Як соли наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим


Мақомот мегӯянд, ки Ҳоҷим Ҳалим ва ҳамсафонашро дар дараи Ромит куштанд.

Мақомот мегӯянд, ки Ҳоҷим Ҳалим ва ҳамсафонашро дар дараи Ромит куштанд.

Дар давоми як соли охир беш аз сад хешу ақрабои Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, дар робита ба ошуби ӯ бозпурсӣ шуда, наздики даҳ нафари онҳо зиндонӣ шудаанд.

Фирӯз Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода, рӯзи 4-юми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар нафаре, ки гуноҳ дошт, ҷазо гирифт ва ба афроди бегуноҳ касе кордор нашуд”. Ӯ гуфт, ҳоло зиндагиашон ба таври маъмулӣ пеш меравад. “Шукри Худо, зиндагиамон бад нест. Ними нон - роҳати ҷон гуфтаанд. Ҳар чизе буд, гузашт. Дигар ҳоло дар фикри оянда ҳастем”,- афзуд ӯ.

Падари Фирӯз, Мирзокарим Назаров, бародари бузурги Абдуҳалим Назарзода рӯзи 16-уми сенятбри соли гузашта ҳамроҳ бо Абдураҳим ва Мирзоҳаёт -- ду бародари дигари Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, се бародари Ҳоҷӣ Ҳалим замоне кушта шуданд, ки барои моил кардани бародари худ ба гуфтушунид мерафтанд ва дар роҳ аз тири онҳо кушта шуданд. Наздикони инҳо мегӯянд, ба ҷуз иттилои мақомот, ҳеҷ тафсилоти дигаре дар ин бора намедонанд.

Пас аз чанд моҳи амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, Ҷамол ва Салим Назаров, бародарони хурдии Абдуҳалим Назарзода боздошт шуданд. Ҳоло Салим Назаров раҳо шудааст, аммо додгоҳ Ҷамол Назаровро барои ҳамкорӣ бо бародараш ва хабар надодан аз ҷиноят барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябри соли 2015 даст ба ошӯби мусаллаҳона зад. 12 рӯз пас аз оғози “ошӯб”, дар дараи Ромит ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш кушта шуд.

Замони ҳодиса писарони ӯ - Иброҳим, Бахтиёр, Муҳаммад ва духтараш Файзигул ҳамроҳ бо шавҳараш боздошт шуданд. Чанде баъд фарзандонаш озод шуданд, аммо дар моҳи октябри соли 2015 Бахтиёр Назаров, писари 28-солаи ӯ дубора боздошт ва барои 22 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро дар “даъват ба бетартибиҳои оммавӣ ва шарикӣ дар ҷиноятимарбут ба терроризм” муттаҳам донист.

Ҳамчунин, Алишер Назаров, фарзанди Абдураҳим Назаров, бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, ки то 4-уми сентябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кор мекард, пас аз фирори чандмоҳа боздошт ва барои 3,5 сол зиндонӣ шуд. Ӯ низ барои хабар надодан аз ҷиноят муттаҳам мешавад.

Сайфиддин Наҷмиддинов, як тан аз пайвандони наздики дигари Назарзода гуфт, “ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим барои аксари пайвандонаш низ ногаҳонӣ буд.” Ӯ мегӯяд, то ҳол намедонанд, ки чаро Абдуҳалим Назарзода даст ба чунин иқдом зад ва на танҳо авзои сиёсии кишвар, балки зиндагии пайвандони худро низ дигар кард.

“Баъди ин ҳодиса рӯзи ҳамаи мо давоми як сол пушти дари милисахонаву боздоштгоҳҳо гузашт. Писарон, писарони холаву аммаву амак ва домодҳо ҳама таҳти пурсиш қарор гирифтанд. Мағозаҳои хоҳаронаш аз даст рафт. Аз чоруми сентябри он сол зиндагии мо тамоман дигар шуд. Аз зеши генерал ба хеши террорист табдил ёфтем,” – нақл кард ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, як сол аз ин ҳодиса гузашт, аммо модари 86 солаи Абдуҳалим Назарзода то ҳанӯз аз кушта шудани ӯ хабар надорад. "Барояш кушта шудани Абдураҳимро гуфтанд, вале гуфтанд, ки Абдуҳалим фирор кардааст ва дигар наметавонад ба Тоҷикистон биояд. То ҳол бовар дорад, ки фарзандаш зинд аст",-гуфт ӯ.

Наздикону пайвандони Абдуҳалим Назарзода, дар маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур ва қисман дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ин маҳалла наздик аст, зиндагӣ мекунанд. То чоруми сентябри соли гузашта наздикони ӯ, аслан дар корхонаҳо ва ширкатҳои марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим кор мекарданд. Ҳоло дигар ин ширкатҳо ва корхонаҳо мусодира шудаанд.

Ҳама дороиҳои "Ҳоҷӣ Ҳалим" мусодира шуданд.

Ҳама дороиҳои "Ҳоҷӣ Ҳалим" мусодира шуданд.

Назаров Ҳалим Мирзоевич (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки баъдан дар пайи сиёсати иваз кардани номҳо худро расман Абдуҳалим Назарзода унвон кард, соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар хонаводаи коргар ба дунё омада, дар маҳаллаи Қаротегин,дар як канори шарқии шаҳри Душанбе ба воя расидааст.

Ӯ шаш бародар ва се хоҳар дошт. Аз бародаронаш ҳоло танҳо Ғолиб Назаров бидуни таъқиби ҷиноӣ дар Русия ба сар мебарад. Ӯ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия кору тиҷорат дорад ва гуфта мешавад ҳеҷ рабте ба корҳои бародараш надоштааст.

Абдуҳалим Назарзода, ки аз як коргари оддии Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе то рутбаи генерал-майори расида буд, бо як ошӯби мусаллаҳонаи то ҳанӯз барои аксарият мармуз, на танҳо зиндагии хонаводаи худ, балки ҳаёти сиёсӣ дар Тоҷикистонро тағийр дод. Ба гуфтаи мақомот, ӯ бо таҳрики Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки пас аз ошӯби ӯ мамнӯъ шуд, даст ба чунин иқдом задааст. Ӯро узви собиқи ин ҳизб медонанд ва гуфта мешавад, маҳз дар пайи муомилаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо давлат, ба мақом дар Вазорати мудофиа даст ёфтааст.

Аммо бинобар баргузории мурофиаҳои пӯшида, ба ҷуз изҳороти расмӣ, ки гуфта мешавад, Назарзода бо маблағгузории Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон ба ошӯби мусаллаҳона даст задааст, паҳлӯҳои дигари ин ҳодиса рӯшан нест. Ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ низ ҳамвора даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG