Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Никоҳҳои хешутаборӣ манъ хоҳанд шуд


Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия ва дигар ниҳодҳои зидахли кишвар, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардаанд.

Аз ин ба баъд ҷавону духтаре, ки бо ҳам писару духтари амак, фарзанди тағо, амма, хола ё бародару хоҳари ширхораанд, ҳамсари якдигар шуда наметавонанд. Ин дар ҳоле хоҳад шуд, ки агар тағйиру иловаҳои Қонуни оилаи Тоҷикистон аз тарафи парлумон пазируфта шаванд.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 18 июн дар конфронси ҷумҳурияии "Таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ" гуфт, ин вазоратхона ҳамроҳ бо Вазорати адлия ва дигар ниҳодҳои зирабт лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистонро таҳия кардаанд, ки издивоҷҳои байни хешу таборро манъ мекунад. "Яъне фарзандони хоҳару хоҳар, бародару бародар, бародару хоҳар, хоҳару бародар ва ширхораро низ мо ба унвони хешовандони наздик ворид кардем. Ҳамчунин издивоҷи амаку ҷиян, тағову ҷиян, холаву ҷиян, амаву ҷиян ҳамчун хешони наздик манъ карда мешаванд, вагарна кӯдакони мо ҳамин хел маъюб таваллуд шудан мегиранд," -- гуфт Шералӣ Раҳматуллоев.

Раҳматуллоев афзуд, ин тасмим дар пайи паёми раисиҷумҳур ба парлумони кишвар ва ҳамчунин омӯзиши масъала ва ошкор шудани шумораи зиёди кӯдаконе, ки маъюб таваллуд шудаанд, ба миён омадааст. Ӯ гуфт, мизони аз ҳама баланди кӯдакони маъюб таваллудшуда дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки 60 дарсадро ташкил медиҳад. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииТоҷикистон ҳоло 26 ҳазору 43 кӯдаки маъюби то ҳаждаҳсола ба сар мебаранд, ки бинобар таҳлили мутахассисони соҳа дар 35 дарсади ҳолатҳо ин кӯдакон аз никоҳҳои хешу таборҳо ба дунё омаданд.

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева

Пешниҳоди манъи никоҳҳои хешу таборӣ нахуст аз аз сӯи собиқ вакили порлумон Саодат Амиршоева садо дода буд. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш нишон надоданд. Вале баъд аз он ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба порлумон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чаҳорбоғ қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол аз никоҳҳои хешу таборӣ ба дунё омдаанд, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд. Пас аз ин паёми раисҷумҳур ва интиқодаш аз никоҳҳои хешутаборӣ мақомот ва телевизиони давлатӣ як маъракаи иттилоотии зидди никоҳи хешутабориро пиёда карданд. Ба дунболи он як комиссияи вижаи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ӯҳдадор шуд, масъалаи қонунан манъ кардани никоҳи хешутабориро омӯзад.

Намояндаи аршади Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,​ Шералӣ Раҳматуллоев аз поёни кори ин ҳайат хабар дод ва гуфт, шаҳрвандон низ аз манъи издивоҷҳои миёни хешовандон ҳимоят мекунанд. Аммо ӯ​ ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки фаъолони ҷамъиятӣ ва рӯҳониён дар сухан аз ин иқдоми президент дастгирӣ мекунанд, аммо дар амал даст ба кори дигар мезананд. Ӯ аз таҷрибаи худ дар ноҳияи Айнӣ мисол овард, ки ҳангоми маҷлис имомхатиби яке аз деҳаҳо, зимни суханронӣ аз иқдоми раиси ҷумҳур ҷонибдорӣ кард. Аммо Раҳматуллоев гуфт, ки пас аз маҷлис кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар доданд, ки ин рӯҳонӣ ният дорад ду набераашро бо ҳам никоҳ кунад. Аз ин рӯ, Раҳматулоев афзуд, ки агар "гап дигару кор дигар" сурат бигирад, ҳеҷ гоҳ никоҳи хешутаборӣ аз байн намеравад.

Баҳси манъи никоҳҳои хешутаборӣ ҳудудан ду сол боз ба шакли изҳороти мақомот ва намояндагони порлумон идома дорад. Сокинони Тоҷикистон ба сурати умум хатари никоҳҳои хешутабориро дарк мекунанд, аммо ба назар мерасад, осону ихтиёрӣ аз он даст кашидани нестанд. Бо назардошти ин далел, ки беш аз 30 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар фақр ба сар мебарад ва имкони додани маҳру харидани ҷиҳозу барпо кардани тӯйро надоранд, талош мекуанд, фарзандонро бо фарзандони хоҳару додари худ хонадор кунанд. Аз сӯи дигар ин ақида ҳам дар зеҳнҳо ҷо дорад, издивоҷ бо хешутабор суботро оилаҳои ҷавон таъмин мекунад. Сабаби дигар бегона нашудани пулу дорист ва қишрҳои ба ин хотир ба издивоҷҳои хешутаборӣ тарҷеҳ медиҳанд. Дар ин миён омили мазҳабӣ низ вуҷуд дорад ваавлоду шаҷараи эшону сайидзодаҳо аз хеш шудан бо нафарони берун аз доираи таборҳои худ канораҷӯӣ мекунанд.

Дар масъалаи манъи никоҳҳои хешутаборӣ бахши муҳофизакори аҳолӣ, ки маъмулан ин гуна издивоҷҳоро таҷруба мекунад, бештар ба даҳони рӯҳониён чашм дӯхтааст. Аммо рӯҳониёни Тоҷикистон дар ин масъала ба ду гурӯҳ ҷудоанд, рӯҳониёни давлатӣ аз ин пешниҳод ҳамчун сиёсати давлат пуштибонӣ мекунанд, вале рӯҳониёни ғайридавлатӣ онро хилофи шариати ислом мешуморанд.

Давлати Тоҷикистон дар ҳоле даст ба чунин иқдомҳо мезанад, ки шумори кӯдакони маъюб ба дунё омада аз ҳисоби никоҳҳои хешу таборӣ зиёд ба чашм мерасад. Мизони аз ҳама баланди кӯдакони маъюб, ки аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд, дар вилояти Суғд нисбат ба манотиқи дигар бештар буда аз ҳудудан панҷ ҳазор кӯдаки маъюб 60 дар сад аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииТоҷикистон теъдоди кӯдакони маъюб дар кишвар марзи 26 ҳазорро убур карда, 35 дар сади онҳо “маҳсул”- издивоҷҳои холабачаву духтари амма аст.

​Никоҳҳои хешу таборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихи дерина доранд ва дар ҳоле ки дар миёни қавмҳои ҳамсоя, мисли қирғизҳову қазоқҳо, ки пеш аз издивоҷ пайвандҳои хешигарии арӯсу домодро то ҳафт пушти онҳо меомӯзанд ва агар чунин пайванд вуҷуд дошт, никоҳро манъ мекунанд, дар миёни тоҷикону узбакҳо густариши зиёд дорад. Солҳои охир чунин издивоҷҳо рӯ ба афзоиш доранд ва асосан хоси хонаводаҳои дороянд.

Бо вуҷуди он, ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ талқин мешуд, ки издивоҷи наздикон натиҷаи бад медиҳад, аксари аҳолӣ онро як суннати қадимии мардумӣ медонанд ва пайравӣ мекунанд. Ҳоло таблиғоти расмии зидди чунин издивоҷҳо қариб ба назар намерасад ва рӯҳониёни тоҷик низ бо назардошти он, ки ислом никоҳи хешутабориро рад намекунад, ба ин масъала таваҷҷӯҳ намекунанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи улуми ҲНИТ мегӯяд, ки ислом танҳо никоҳи ширхораҳоро манъ мекунад ва дар мавриди ақди хешу таборӣ назари манфӣ надорад: «Никоҳи холаписару холадухтар ва ё амакдухтару амакписар ва ё аммаписарро худованд иҷоза медиҳад, агар ширхора набошанд, лекин кӯдаконе, ки бо нуқс ба дунё меоянд аз хонаводаҳое ҳастанд, ки падар ё модар майзада ва ё мӯътоди маводи мухаддир аст. Ислом ин амалҳои ношоистро маҳкум мекунад.»

Вале сардори Раёсати беҳдошти модар ва кӯдак дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Шералӣ Раҳматуллоев мегӯяд, ноқис ба дунё омадани фарзанд далелҳои илмӣ дорад ва такрори яксони бофтаҳои генетикии инсон ё дуруст пайванду омезиш наёфтани онҳо на танҳо ба нуқси ҷисмонӣ, балки зеҳнӣ низ сабаб мегардад. Ва агар бетаваҷҷӯҳии ҷомеа ба масъала идома кунад, ин раванд паёмадҳои хатарзо хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG