Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлат Чолов озод нашудааст


"Чойхонаи "Ориён"-и марбут ба Чоловҳо дар Кӯлоб

"Чойхонаи "Ориён"-и марбут ба Чоловҳо дар Кӯлоб

Пайвандони Давлат Чолов, бародари яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб Қурбон Чолов, ки ба гумони ҷалби ҷавонони тоҷик барои ҷанг дар Сурия боздошт шуд, хабари раҳоии ӯро рад мекунанд.

Файз Чолов, бародари Давлат Чолов рӯзи 8 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ то ҳол дар боздошт аст. Файз Чолов аз он изҳори таассуф кард, ки "аз замони боздошти бародарам то ҳол бо ӯ вонахӯрдаем. То ҳол ба мо иҷоза надоданд, ки бо ӯ сӯҳбат кунем. Фақат медонем, ки дар Қӯрғонтеппа маҳкам аст."

Расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Фараж” имрӯз бо такя ба манобеи худ аз раҳоии Давлат Чолов хабар доданд. "Фараж" аз ҷумла навишт, "парвандаи ҷиноятие ки нисбати ин нафар оғоз карда буданд, беасос баромадааст. Ин хабарро наздикон ва хешу ақрабои Давлат Чолов низ тасдиқ намуданд, ки воқеан ҳам ӯ дар озодӣ дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад."

Аммо пайвандони Давлат Чолов мегӯянд, ки ҳоло мехоҳанд барои ӯ як вакили мудофеъи ботаҷрибаро даъват кунанд, чунки ба гуфтаи Файз Чолов, мо бовар надорем, ки ӯ ягон кори бад карда бошад.»

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар воқеъ, Давлат Чолов ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дошта, тафтиши парвандаашро ҳам муфаттишони раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон бар ӯҳда доранд."

Ҷумъахон Назаров

Ҷумъахон Назаров

Пулиси шаҳри Кӯлоб хабари боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Қурбон Чолов бо гумони ҷалби афрод ба ҷанги Сурияро рӯзи 6 март тасдиқ кард. Ҷумъахон Назаров, сардори шӯъбаи вазорати корхои дохилии Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Давлат Чолов ба гумони талош барои сафарбар кардани ҷавонони маҳаллӣ барои ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст.

Ба далели муҳри сиррӣ доштани парвандаи мазкур мақомот дар додани маълумот ва ҷузъиёти бештар роқеъ ба қазияи мазкур худдорӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи бархе дигар аз манобеъ ва наздикони Давлат Чолов, ӯ инчунин барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва узвият дар ҳаракатҳои мамнӯъ низ муттаҳам мешавад.

Яке аз касоне, ки бо Давлат Чолов ошноӣ доштааст, мегӯяд, шунида будааст, ки ӯ ба Туркия ва аз он тариқ ба Сурия сафар доштааст, вале дақиқ намедонад, ки дар воқеъ ӯ ба нияти ҷанг ба ин кишвар сафар карда ва саҳме дар ҷалби ҷавонон барои ҷанги Сурия доштааст?

Давлат Чолов шашумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар як соли охир ба иттиҳоми ширкат дар ҷанги дохилии Сурия боздошт мешавад. То кунун панҷ донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Сурия таҳсил мекарданд, бо ҷурми ширкат дар нооромиҳои он кишвар боздошт ва дусолӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд.

​Давлат Чолов, аз сарбозони пешини Фронти халқӣ дар соли 2003 низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва куштор боздошт ва маҳкум шуда буд, аммо баъдан ба озодӣ баромад ва ба тиҷорат машғул буд. Ба гуфтаи наздиконаш, силсилаи мағоза ва ошхонаҳо дошт ва барои таъмини ин нуқтаҳои савдои худ пайваста ба Туркия сафар менамуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди 200 нафар аз атбои тоҷик дар ҷангҳои дохилии Сурия ширкат доранд. То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 4 шаҳрванди тоҷик дар ҷанги Сурия хабар расидааст, ки се нафари онҳо мисли Давлат Чолов аз шаҳри Кӯлоб ва якеи дигар аз ноҳияи Восеъ будаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чӣ ангезае Давлат Чолов, аз сарбозони фаъоли Фронти халқӣ ва узви хонаводаеро, ки дар ҷанги дохилии кишвари худаш зидди мухолифини умдатан исломгаро меҷангид, акнунун дар канори гурӯҳҳои иломӣ ва дар сангари ба истилоҳ “ҷиҳод” дар Ховари Миёна қарор додааст.

Мақомот бо таъкид ба сиррӣ будани парвандаи Давлат Чолов аз ифшои ҷуъиёт ва гуфтани ин ки оё ӯ муваффақ ба ҷалб ва фиристодани ягон нафар ба ҷанги Сурия шудааст ё не?, худдорӣ мекунанд. Вале бархе манобеъ мегӯянд, ки дар ҳамдастӣ бо Давлат Чолов то кунун каси дигаре боздошт нашудааст. Танҳо чизе, ки то кунун собит шуда, рафтани Давлат Чолов ба Сурия дар чанд моҳи пеш аст.

Ва ба гуфтаи мақомот, посухи саҳеҳро ба ин суол ки Давлат Чолов, узви хонаводаеро, ки дар суқут додани давлати иборат аз исломгароҳо ва демократҳо дар Тоҷикистон дар 22 соли пеш нақши умда дошт, чӣ ангезае ба ҷанги мазҳабии Сурия бурдааст?, поёни тафтиши парванда хоҳад гуфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG