Пайвандҳои дастрасӣ

Камол Нуралиев, собиқ муовини вазири хоҷагии об ва қудои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон академики Академияи байналмилалии инженерӣ интихоб шудааст.

Дар ҷаласаи муштараки солонаи Академияи байналмилалии инженерӣ ва Академияи инженерии Русия, ки рӯзи 15 май дар шаҳри Маскав доир шуд, ду нафар аз Тоҷикистон – муовини сарвазири ин кишвар Азим Иброҳим ва собиқ муовини вазири хоҷагии об ва қудои президенти Тоҷикистон Камол Нуралиев аз сӯи ин созмон ба ҳайси академик интихоб шудаанд. Азим Иброҳм дар бахши “геология, истихроҷ ва коркарди маъданҳо” ва Камол Нуралиев дар бахши “хоҷагии об ва гидротехника” соҳиби ин унвон шудаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Азия Плюс” узви собиқадори Академияи байналмилалии инженерӣ Мунимҷон Абдусамадов, ки низ дар ҷаласаи Маскав ширкат дошт, хабар додааст.

Ҳамин тавр, се нафари дигар аз Тоҷикистон – Фатҳулло Обидов, Тӯхтасин Ҷӯраев ва Ҳамид Маҷидов узви вобастаи Академияи байналмилалии инженерӣ шудаанд. То имрӯз 10 нафар аз Тоҷикистон аз сӯи Академияи байналмилалии инженерӣ, ки дар Русия ҳамчун созмони ҷамъиятӣ сабти ном шудааст, сазовори унвони академикӣ ва 7 нафар узви вобаста будаанд.

Камол Нуралиев, ки ҳоло бознишаста аст, то соли 2009 муовини вазири хоҷагии оби Тоҷикистон буд. Писари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев, ки бо духтари дувуми президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон издивоҷ кардааст, тоза рӯзи 4 майи соли 2015 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ҷамолиддин Нуралиев то соли 2010 муовини вазири молия ва тайи 5 соли охир муовини якум дар ин яке аз муҳимтарин вазоратхонаҳои ҳукумати Тоҷикистон буд.

Ҳамсари ӯ Озода Раҳмон муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистон аст.

Азим Иброҳим, ки соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадаст, дар гузашта дар тӯли солҳои зиёде раҳбарии идораи “Геологияи Тоҷик”-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ дар пайи пирӯзии навбатии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ба мақоми муовини сарвазир расид. Ӯ дар ҳукумати Тоҷикистон риштаи саноат ва истихроҷи маъданҳоро таҳти назорат дорад. Азим Иброҳим узви Академияи инженерии Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии захираҳои табиии Русия низ мебошад.

Академияи байналмилалии инженерӣ дар ҳавзаҳои илмии ҷаҳонӣ муассисаи чандон эътирофшуда нест. Ин созмон соли 1991 дар заминаи Академияи инженерии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, соли 1992 дар Русия ҳамчун созмони ҷамъиятии байналмилалӣ сабти ном шудааст. Дар сомонаи расмии ин созмон гуфта мешавад, ки он дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1300 узв аз 40 кишвар, аз ҷумла президентҳо ва сарвазирони чандин кишвар ва донишмандони маъруфро дар бар мегирад. Дар байни аъзои ифтихории ин Академия аз ҷумла номҳои маъруфе, чун Аска Оқоев ва Эдуард Шеварднадзе – раҳбарони пешини Қирғизистон ва Гурҷистон – ҳастанд.

Гуфта мешавад, ин созмон 15 нашрияи илмиву давравӣ дорад, аз ҷумла: «Мир науки, техники, образования», «Информационное общество», «Инженерная газета», маҷаллаҳои «Строительство», «Строительные материалы, оборудование и технологии XXI века», «Экология» ва «Наркология». Аммо бархе расонаҳо ва донишмандон, аз ҷумла дар Русия, Академияи байналмилалии инженериро бо истеҳзо “факадемия”, яъне “академияи қалбакӣ” меноманд ва мегӯянд, фаъолияти он рабте бо илми воқеъӣ надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG