Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷумҳурии Чех тасмим гирифтааст аз ҳисоби тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ, зиён аз таҳрими Русияро ҷуброн кунад.

Ҳафтаи охири моҳи январ як ҳайати расмии Тоҷикистон зери раҳбарии Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузориҳо ва идораи амволи давлатӣ ба Ҷумҳурии Чех даъват шуда, бо аъзои ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ имкони тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Рӯзи панҷшанбеи 28-уми январ дар қисмати таърихии Прага чанд қадам дуртар аз қароргоҳи қадимии радиои Озодӣ дар қароргоҳи вазорати саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чех-дар биное, ки солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳамчун пойгоҳи ГЕСТАПО истифода мешуд, семинаре бахшида ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ҷумҳурии Чех ва Тоҷикистон барпо шуд.

Дар оғози нишаст раҳбарони ду ҳайат ёддошти тавсеаи ҳамкориҳоро ба имзо расониданд. Сипас ҳайати Тоҷикистон дар бораи фазои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имконоти туризм дар Тоҷикистон маълумот дода, бо соҳибкорони чех табодули назар карданд. Дар ин бахши сӯҳбат рӯзноманигорон ҳузур надоштанд.

Раиси Кумитаи сармоягузориҳо ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим мегӯяд, ҳайатҳои кории ду кишвар чанд нишасти корӣ анҷом додаанду имрӯз натиҷаҳои аввалияи он баҳс шуд.

Мизбони нишаст Франтишек Поспишил, сарвари раёсати равобити хориҷии вазорати саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чех мегӯяд, ҳаводиси ахири Украина, бӯҳрони молии Русия ва таҳрими ин кишвар Чехияро ба ҷустуҷӯҷи коршарикони нав водор намудааст.

Вай гуфт, ки “мо дар гидроэнергетика имкони бузурги ҳамкориро мебинем. Вале имкон дорем, ки дар саноати хӯрокворӣ, комплекси кишоварзӣ ва корхонаҳои инфрасохтории шаҳрҳо: муассисаҳои нақлиётӣ, коркарду сӯзонидани партовҳо ва поксозии об ҳамкорӣ кунем. Мо чунин фанновариҳоро дар ихтиёр дорем ва хидмати ҳамкорони тоҷикистониамон пешкаш кардем.”

Ба гуфтаи ин мақоми Ҷумҳурии Чех, сафари расмии президенти Милош Земан, президентион кишвар ба Тоҷикистон, дар равобити миёни ду кишвар саҳифаи нав боз кардааст. Моҳи ноябри соли 2014-ум раҳбари чех Милош Земан, ки солҳои ҳаштодуми қарни гузашта муддате дар Тоҷикистон кор кардааст, дар раъси як ҳайати баландпоя бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард. Он замон Земан дар Анҷумани соҳибкорони тоҷику чех таъкид кард, ки аз мизони ҳамкории иқтисодиву тиҷории ду кишвар қонеъ нест.

Тибқи иттилои расмии Ҷумҳурии Чех, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 172 миллион крон, муодили 8 миллион доллар мусовӣ будааст. Дар 6 моҳи аввали соли 2014 бошад, табодули мол миёни Душанбе ва Прага ба 75 миллион ё 3,5 миллион доллари амрикоӣ баробар буд.

Дар соли 2004-ум ҳам Тоҷикистону Чехия дар бораи саҳифаи нав дар равобити миёни ду кишвар ҳарф мезаданд. Аснои зиёрати расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Прага дар ҳузури ду раҳбар созиши бозсозии Корхонаи тавлиди сементи Душанбе бо кӯмаки молии Ҷумҳурии Чех имзо шуд, ки барои иҷрои он Бонки содиротии Ҷумҳурии Чех 8,5 миллион доллар тахсис дода буд.

Ҳангоми татбиқи ин тарҳ баҳсҳои корӣ миёни ду тараф зиёд шуда, имкони тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигарро мутаваққиф намуданд.

Бар илова соҳибкорони ду ҷониб аз набудани равобити мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар ва набудани сафорати Ҷумҳурии Чех дар Душанбе шикоят мекунад. Феълан шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани раводиди сафар ба Чехия бояд ба сафорати ин кишвар дар Тошканд муроҷиат кунанд, ки худ як амалиёти мушкилтар аз сафар ба Аврупо мебошад. Мақомдорони чех мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир барномаи бунёди сафорат дар Душанбе ва ё оғози парвозҳо дар хатсайри Душанбе–Прага низ мадди назар нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG