Пайвандҳои дастрасӣ

Беморон изҳори ташвиш мекунанд, ки “аҳдномаи нонавишта”-и байни пизишкон ва доруфурӯшон, ки бар манфиати пулӣ асос ёфтааст, саломатии онҳоро бештар аз беморӣ зери хатар мегузорад.

Чандест, ки дили Сабоҳат мушкил пайдо кардааст. Вақте вай маҷбур шуд, ба пизишк муроҷиат кунад, барояш рӯйихатти чандин дору дода шуд. Ҳарчанд ӯ мехост, ин доруҳоро аз як доруфурӯши шиносаш гирад, пизишк батакрор ӯро таъкид кард, ки онҳоро аз дорухонаи таъинкардаи ӯ харидорӣ намояд.

Ин сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки вай фармудаи табибро ҷидддӣ нагирифт ва доруҳоро аз шиносаш харид. Баъдтар ҳайратзада шуд, ки табиб доруҳои ӯро қабул накард ва гуфт, бояд аз дорухонаи гуфтаи ӯ бихарад. Сабоҳат намедонист, ин масъала ин гуна муҳим аст: «Бархе табибон ҳатто медсестраашонро ҳамроҳи бемор равон мекунанд, то дорухонаи даркориро нишон диҳанд. Ман доруҳоро харида бурдам, духтур гуфт, аз ин дору укол намекунам. Доруҳоро гардонда ба дорухона додаму ҳамроҳи хоҳари шафқат рафта аз дорухонаи фармудааш доруҳоро харидам.»

На танҳо дар ин намуна, балки дар чандин ҳолати дигар беморон гуфтанд, пизишк, бо вуҷуди он ки дар шаҳр даҳҳо дорухона мавҷуд аст, онҳоро ба дорухонаи муайян фиристодаанд. Зоҳиран, табибон ва доруфурӯшҳо дар занҷираҳое бо ҳам пайванд шудаанд. Фурӯшандаи дорухонаи назди хонаи матбуот мегӯяд, духтар барои он дорухонаи муайянро ном мебарад, ки бо он ҳамкорӣ дорад ва "протсент мегирад. Мо ҳам бо табибон ҳамкорӣ мекунем".

Зайнура, корманди ширкати фарматсевтии хориҷӣ аст, ки 35 сол дорад ва беш аз ду сол аст дар ин ширкат фаъолият дорад. Вай гуфт, ширкати онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе 4 коргар дорад ва дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низ намояндаҳои ширкат фаъолият мекунанд. Ба ширкатҳои фарматсевтӣ бештар онҳоеро ба кор мегиранд, ки маълумоти олии тиббӣ доранд ва метавонанд доруҳоро муаррифӣ кунанд. Зайнура тасдиқ кард, ки воқеан миёни онҳо ва пизишкон ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вай, табибоне, ки хуб ҳамкорӣ мекунанд, соҳиби маблағи муайян ва тӯҳфаҳо мешаванд. «Мо ба онҳо баъзан кондитсионер, яхдон, телевизор тӯҳфа мекунем. Аммо, дар як сол як бор. Барои ин табиб бояд доруҳои моро барои беморон бештар нависад».

Зайнура афзуд, ки ӯ ва ҳамкоронаш номгӯи доруҳоро дар ҳамаи беморхонаҳо таблиғ мекунанд, аммо танҳо роҳбари ширкат муайян мекунанд, ки аз ҳамкории онҳо чӣ миқдор дору ба фурӯш рафтааст. Вай илова кард, аслан ширкат доруҳоро тавассути дорухонаҳо паҳн мекунанд ва бархе дорухонаҳо ҳам дар навбати худ бо табибон ҳамкорӣ мекунанд, то онҳо ба беморон тавсия диҳанд, ки доруро маҳз аз дорухонаҳои онҳо харидорӣ намоянд. Ба таъкиди ӯ дар чунин ҳолат табибон аз ду ҷониб суд мебардорад, ҳам аз ҷониби ширкат ва ҳам аз ҷониби дорухона.

Аммо худи табибон иқрор намешаванд, ки дар тиҷорати дору даст доранд. Кормандони ширкатҳои фарматсевтӣ низ аз он хотир аз гуфтани номашон худдорӣ мекунанд, ки дар сурати ошкор суҳбат кардан метавонанд аз ҷои кор маҳрум шаванд.

Ба ақидаи раҳбари Марказии тиббии «Насл», номзади илми тиб Шамсиддин Қурбонов, «табобати ҳар бемор бояд дар асоси протоколи тасдиқнамудаи вазорати тандурустӣ сурат бигирад, на он тавре ки табиб кадом доруеро хоҳад, сарфи назар аз он ки вай фоида дорад ё назар, ҳамонро бинависад. Табибе, ки худро табиби ҳақиқӣ мешуморад, ин хел кор намекунад. Вай манфиати беморро дар мадди аввал мегузорад, на манфиати киссашро».

Ҳамкории байни пизишкон ва ширкатҳои фарматсевтӣ, аз нигоҳи Вазорати тандурустӣ мушкиле надорад, агар дар чаҳорчӯбаи қонун ҷараён гирад.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Тоҷикистон мегӯяд, «дар асоси дастуруламалаз ҷониби ширкатҳои фарматсевтӣ ба табибон пешниҳод намудани тӯҳфа, воситаҳои пулӣ, пардохти маблағи истироҳат, дилхушӣ ва роҳкиро манъ аст. Аз кадом дорухона харидани дору дар ихтиёри бемор аст. Табиб ҳақ надорад ба ӯ гӯяд, ки доруро аз фалон дорухона хар».

Хонум Дарвешзода гуфт, сару садоҳо дар мавриди ҷой доштани ҳолатҳои қонуншикании кормандони тиб хадамоти назорати давлатии фарматсевтиро низ нигарон кардааст ва зарурти тафтиши чунин падидаҳо ба миён омадааст.

Аммо Зайнура мегӯяд, табибон барои он ба чунин корҳо даст мезананд, ки маошашон кам аст. «Бо 400-500 ё 1000 сомонӣ зиндагиро пеш бурда намешавад. Табибон ҳам оилаву фарзандон доранд. Агар маош хуб бошад, онҳо ҳаргиз ин корро намекунанд», - мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ин ҳама вазнинӣ ба дӯши беморон меафтад. Онҳо маҷбур мешаванд, дар баробари пардохти маблағи муоинаву табобат доруҳоро низ бо нархи гаронтар харанд, ки аз ин табиб, дорухона ва ширкати фарматсевтӣ манфиат мебинанду худи ӯ зарар.

Ҳамзамон, чунин муносибат метавонад на танҳо ба кисаи бемор, балки ба саломатиаш низ осеб расонад. Зеро табибон метавонанд барои даромади бештар доруҳои зиёдеро тавсия диҳад. Пайрав Халифаев, фарматсевти тоҷик мегӯяд, «баъзан аз як навъи дору ҳам ҳаб менависанд ва сӯзандору мефармоянд, ки ин ба узвҳои дохилӣ осеб мерасонад».

Дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ телефонии «Боварӣ»-и 2-35-77-50 амал мекунад, ки беморон метавонанд дар мавриди шубҳа доштанашон ба доруҳои фармудаи табиб ё водор сохтанаш ба харидани дору аз дорухонаи мушаххас ба он муроҷиат кунанд.

Зимнан, дар Тоҷикистон 130 ширкати фарматсевтии хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба воридоту содироти дору сари кор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG