Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти нахустин гумонбари куштори Фарҳоду Раҷабалӣ


Маросими дафни Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо дар Хонақоҳи кӯҳӣ

Маросими дафни Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо дар Хонақоҳи кӯҳӣ

Пайвандони ду бародари кушташуда Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо мегӯянд, гумонбари аввал дар қатли ин ду соҳибкорро худашон дастгир карда, ба мақомот супурдаанд. Тафтишот бидуни ироаи ҷузъиёт танҳо вуҷуди пешрафт дар таҳқиқи ин қазияро тасдиқ мекунад.

Пайвандони Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ду бародаре, ки ҷасади онҳоро рӯзи 18 ноябр, баъди беш 10 рӯзи ғайб заданашон аз минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ пайдо карданд, мегӯянд, мақомоти умури дохила 1 нафарро бо гумони ин куштор боздошт кардааст.

Ҳоҷӣ Хол Каримов, бародари калонии Фарҳод ва Раҷабалӣ, рӯзи 19-уми ноябр дар манзилашон дар деҳаи Хонақоҳи кӯҳии ноҳияи Ҳисор, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо худашон як нафари гумонбар дар қатли бародарашонро дастгир карда ва ба мақомот супурдаанд.

Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ҳарду бизнеси мошин доштанд ва мошинҳоро аз хориҷи кишвар, бештар аз Олмону Латвия ворид мекарданд. Ангезаи куштори онҳо расман эълон нашудааст, аммо гуфта мешавад, қабл аз он ки ин ду нафар нопадид шаванд, нафаре ба онҳо занг зада ва ба мулоқот даъваташон карда буд. Онҳо аз ин мулоқот дигар ба хона барнагаштанд. Ба гуфтаи як нафари наздик ба ин хонавода, аз ҳолати ҷасадҳо маълум буд, ки онҳо ахиран кушта шудаанд, на дар рӯзи нопадид шуданашон. Пулис то имрӯз мошини яке аз онҳоро пайдо кардааст.

Ҳоҷӣ Хол Каримов, мегӯяд, ҳарчанд аз бедарак шудани бародаронаш мақомоти интизомиро дарҳол дар ҷараён гузошт буд, аммо аз марги онҳо ҷилавгирӣ нашуд. “Борҳо муроҷиат кардем, ваъда доданд, ки Фарҳоду Раҷабалиро меёбем, аммо дар ниҳоят ҷасадашон ба дасти мо расид,”- гуфт Хол Каримов.

Бародарони Фарҳод ва Раҷабалӣ аз он шигифтзада буданд, ки оё онҳоро барои чӣ гуноҳе ба ин бераҳмӣ куштаанд?

Аммо писарамаки Каримовҳо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекунад, гуфт, ки “Фарҳоду Раҷабалӣ ҳарду ҳам ба касе кордор набуданд. Ҳамеша банди кори худ буданд. Бо касе ҷангу ҷанҷол намекарданд. Ҳарду ҳам ҳоҷӣ буданд.” Писарамаки Фарҳод ва Раҷабалӣ ин суолро матраҳ кард, ки агар қотилон ба хотири пул ин корро карда бошанд, чаро аз наздикони онҳо пул талаб накарданд? “Пас сабаби дигаре мавҷуд аст, ки мақомот бояд гиреҳи инро кушояд,”- мегӯяд ӯ.

Манзили хонаводаи Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо дар Хонақоҳи кӯҳӣ

Манзили хонаводаи Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо дар Хонақоҳи кӯҳӣ

Хабари марги ин ду нафар ба мисли хабари нопадид шуданашон дар ду ҳафтаи пеш рустои Хонақоҳи кӯҳиро пур аз сару садо кардааст. Аксар ин фоҷеаро ба бизнеси ин хонавода марбут медонанд. “Фарҳод ва Раҷабалӣ “бизнесмен”-ҳои хеле номдор буданд шояд онҳоро ба хотири пул кушта бошанд,”- мегуфтанд ҳамсояҳо.

Дар ҳоле ки хонаводаи бародарони кушташуда аз боздошти як гумонбар маълумот медиҳанд, ҳамсӯҳбатҳои дигари мо гуфтанд, ки дастикам се нафар дар ин куштор гумонбар мешаванд.

Қудратулло Назарзода, сардори раёсати кофтукоби ҷиноятии вазорати дохилаи Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло парвандаи куштори ин ду бародарро ҳам Кумитаи амнияти миллӣ, ҳам додситонӣ ва ҳам умури дохила таҳқиқ доранд. Ҷаноби Назарзода пешрафт дар таҳқиқи дастаҷамъонаи ин қазияро тасдиқ кард, аммо дар ин бора ки оё ин пешрафт аз чӣ иборат аст ва оё дар воқеъ гумонбар ё гумонбарон дар ин парванда ошкор ва ҳатто дастгир шудаанд?, ҷузъиёте надод.

Як мақомоти интизомии ноҳияи Рӯдакӣ, ки ташхиси ҷасадҳо дар онҷо ҷараён гирифтааст, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду бародар бо зарби тир кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG