Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ ба Мавсил наздик шудаанд (ВИДЕО)


Гузоришҳо аз шимоли Ироқ мегӯянд, ки нерӯҳои давлатии ин кишвар ба Мавсил, шаҳри таҳти контроли ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” хеле наздик шудаанд. Ин шаҳр аз соли 2014 боз таҳти назорати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ст ва ахиран ҳукумати Ироқ барои бозпасгирии он амалиёти густурдаро ба роҳ монд. Нерӯҳои давлатии Ироқ рӯзи 23 октябр гуфтанд, онҳо дар рустое дар панҷкилометрии Мавсил қарор доранд. Рӯзи шанбе воҳидҳои низомии Ироқ ишғоли Бартелла ва Ҳамадония, маҳалле дар 12-километрии мавсилро тасдиқ карданд. Ин минтақа асосан макони будубоши насрониҳои Ироқ буда, дар моҳи августи соли 2014 аз тарафи гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ишғол шуда буд.

Навори видео:

Сарбозони ироқӣ ба Мавсил наздик мешаванд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

XS
SM
MD
LG