Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати ҷавонони «Регар» ғолиби мусобиқа шуд


Ҳайати захиравии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар мусобиқаи имсола миёни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон ғолиб шуд.

Футболбозони ҷавони «Регар-ТадАЗ» дар 18 бозӣ 13 пирӯзӣ ба даст оварда, 5 бозиро мусовӣ анҷом доданд ва бохт надоранд. Ҳамин тариқ, онҳо бо 44 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб карданд.

Ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе бо 39 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуд. Футболбозони ҷавони «Энергетик»-и Душанбе бо 35 имтиёз ҷойи севумро азони худ карданд.

Нӯъмон Зокиров, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ», бо 19 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.


Ҷадвали ҷамъбастии мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 13 5 0 55-13 44
2 «Истиқлол» (Душанбе) 18 13 0 5 34-18 39
3 «Энергетик» (Душанбе) 18 11 2 5 37-21 35
4 «Равшан» (Кӯлоб) 18 10 5 3 43-25 35
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 18 7 5 6 22-21 26
6 «Истаравшан» (Истаравшан) 18 7 4 7 21-31 25
7 «Хайр» (Ваҳдат) 18 5 3 10 22-30 18
8 ССКА «Помир» (Душанбе) 18 4 2 12 16-41 14
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 3 2 13 14-37 11
10 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 2 2 14 6-33 8

Нишонзанҳои беҳтарин: Нӯъмон Зокиров («Регар-ТадАЗ») – 19 тӯб, Меҳроҷиддин Музаффаров («Энергетик»/«Хайр») – 18 тӯб, Толибҷон Султонов («Истиқлол») – 10 тӯб.
XS
SM
MD
LG