Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Назаров: «Регар» дар чемпионат мемонад!


Шариф Назаров
Шариф Назаров

Бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба мушкилоти молӣ дучор шудани спонсори асосиашро эътироф мекунад, вале мегӯяд, дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Шариф Назаров, раиси бошгоҳи «Регар-ТадАЗ», дар сомонаи бошгоҳ овозаҳоро дар бораи аз ширкат дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар даст кашидани футболбозони шаҳри Турсунзода беасос номида, гуфтааст: «Мехоҳам мухлисонамон ва тамоми ҷомеаи футболи кишварро бовар кунонам, ки «Регар-ТадАЗ» дар мавсими соли 2014 ширкат меварзад. Раҳбарияти ширкати алюминии тоҷик – ТАЛКО вазифаи аз чемпионат хориҷ кардани дастаро ба миён нагузоштааст. Ба ҳар гуна овозаҳо бовар кардан лозим нест."

Шариф Назаров ба мушкилоти молӣ дучор шудани ТАЛКО-ро эътироф мекунад, вале мегӯяд, "ин бӯҳрон дирӯз шурӯъ нашудааст. Ширкат се сол аст, ки бо ин зуҳурот мубориза мебарад. Вале ба ин нигоҳ накарда, ширкат ҳама вақт ӯҳдадориҳояшро барои нигоҳ доштани бошгоҳ ба ҷо меовард. Ба ҷуз ин, бошгоҳи «Регар-ТадАЗ» дорои варзишгоҳ, урдугоҳ ва мактаби футбол мебошад, ки аз ҳисоби ширкат нигоҳ дошта мешаванд. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин барои рушди футболи тоҷик хидмат мекунад."

Ба гуфтаи раиси "Регар-ТадАЗ", "имрӯз масъалаи ҳалталаб пардохти музди меҳнати футболбозон мебошад, ки дар вақти наздиктарин ҳал хоҳад шуд. Ба танқиду эродҳои зиёд нигоҳ накарда, роҳбарони ТАЛКО ҳамаи корҳоро анҷом медиҳанд, ки даста дар мавсими нав бомуваффақият бозӣ кунад. Бӯҳрон на танҳо ширкати моро фаро гирифтааст. Ҳамаи истеҳсолкунандагони алюминий дар тамоми ҷаҳон зарар мебинанд. Вале Ширкати ТАЛКО, ки корхонаи давлатист, фаъолияташро дар соҳаи иҷтимоӣ идома медиҳад."

Шариф Назаров дар бораи омодагии «Регар-ТадАЗ» ба мавсими нав гуфтааст, охири моҳи январ бачаҳоро ҷамъ намуда, ҳайъати дастаро муайян мекунанд.

"Равшан" низ гирифтори мушкилоти молист

Эътои Ҷоми қаҳрамонии соли 2013 ба "Равшан"
Эътои Ҷоми қаҳрамонии соли 2013 ба "Равшан"
Сарусадоҳо дар бораи ба мушкилоти молӣ гирифтор шудани тими "Регар-ТадАЗ" дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дастаи "Равшан"-и Кӯлоб - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ду соли охир - низ аз гирифториаш ба мушкили молӣ хабар дод.

Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи «Равшан» рӯзи 16-уми январ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «вазъи молии бошгоҳи мо дар айни ҳол бисёр мушкил аст. Бинобар ин доир шудани бозии “Равшан” бо “Ал Ярмук” дар плей-оффи Ҷоми АФК зери суол аст. Мувофиқи нақша мо бояд рӯзи 10-уми декабр ҷамъомади таълимиву тамринии дастаро шурӯъ мекардем, вале барои омодагӣ ва ширкат дар ин бозӣ, ҷойи хоб ва ғизои футболбозону қабули меҳмонон тахминан 150 ҳазор сомонӣ зарур аст. Мо ҳатто аз футболбозони худ барои бурдҳои даста дар ду моҳи ахири мавсими гузашта қарздорем. Сарпарасти кулли бошгоҳ ду сол моро хуб дастгирӣ кард, аз ҳеҷ чиз камбудӣ надоштем. Ду сол паиҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Вале имрӯз Зайнулло Соҳибов, ки чанд рӯз пеш раиси ширкати “Сементи тоҷик” таъин шуд, хеле серкор аст."

Шореҳони футбол мегӯянд, маҳз мушкилоти молии "Равшан" боис шуда, ки баъзе бозигарони он дар ҷустуҷӯи тимҳои дигар шудаанд ва Дэвид Мауто - беҳтарин легионери соли 2013 - алакай бо "Истиқлол"-и Душанбе - рақиби асосии "Равшан" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон қарордод бастааст.

Менеҷери дастаи “Равшан” низ иқрор кард, ки мушкилоти молӣ боиси заиф шудани ҳайъати ин даста мешавад: "Мо наметавонем, ки барои пурқувват кардани ҳайати даста бо бозигарони интихобкардаамон қарордод бубандем. Албатта бо чунин ҳол мо на танҳо дар бозии плей-оффи Ҷоми АФК, инчунин, дар чемпионати имсолаи кишвар низ иштирок карда наметавонем. Ин на танҳо ба обрӯи бошгоҳи “Равшан”, ҳамчунин, ба обрӯи футболи тоҷик латма хоҳад зад.”

Ба дунболи ин изҳороти масъулони "Равшан", Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ки ин тим бидуни сарпараст нахоҳад монд ва "мо ба ҳар роҳе, ки бошад, тими "Равшан"-ро дастгирӣ мекунем, ки ҳам дар бозии Ҷоми АФК ва ҳам чемпионати Тоҷикистон ширкат кунад. Тими "Равшан" воқеан командаи пурқувват аст ва ин тим ҳатман Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард."

Дар гузашта мавридҳои гирифтории тимҳои футболи Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ зиёд мушоҳида шудааст. Дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа дар соли 2011 танҳо баъди дахолати раиси вақти вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов спонсор пайдо кард. Аммо бошгоҳи "Варзоб"-и Душанбе, ки дар солҳои 90 қавитарин тими футболи Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва чанд дафъа қаҳрамони футболи кишвар ҳам шуд, баъди як бохт дар хориҷ спонсорашро аз даст дод ва комилан аз байн рафт. Чунин сарнавишт ба сари тимҳои "Фаррух"-и Ҳисор, "Саройкамар"-и Панҷ, "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра низ омада буд.

Бо ин ҳол, рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва «Ал Ярмук», қаҳрамони секаратаи Яман, баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG