Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешсафии ислоҳталабон дар интихоботи Эрон


Тибқи гузоришҳои нашршуда аз натиҷаҳои ибтидоии интихоботи парлумонии Эрон, ислоҳталабон назар ба усулгароён бештар ба Маҷлиси шӯрои исломӣ роҳ ёфтаанд.

Бар асоси гузоришҳои нашршуда дар субҳи якшанбе, аз довталабоне, ки ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ ё парлумони Эрон роҳ ёфтаанд, 51 нафар ислоҳталаб ва аз гурӯҳҳои тарафдори он, 29 нафар аз эътилофи усулгароён ва 28 нафар довталабони мустақил мебошанд. Дар ҳавзаи Теҳрон тамоми 30 нафар афроди интихобшуда, ба ҷиноҳи ислоҳталабон тааллуқ доранд.

Вазорати корҳои дохилии Эрон, ки масъули баргузории интихоботи рӯзи 26 феврал дар он кишвар буд, эълон кард, ки 60 дарсади аҳолии қобили раъй (35 миллион нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Онҳо барои интихоби 290 намояндаи Маҷлис ва 88 узви Хибрагони раҳбарӣ раъй доданд.

Коршинос: "Интихоботи Эрон рақобати миёни ислоҳталабон ва усулгароён буд"

Шумориши оро дар баъзе аз ҳавзаҳои интихоботӣ, аз ҷумла дар шаҳри Теҳрон ҳамакнун идома дорад. Бинобар натиҷаҳои эълоншуда, дар 14 ҳавза низ интихоботи даври дувум баргузор мешавад. Дар ин гузоришҳо ҳанӯз натиҷаҳои бархе аз вилоятҳои Эрон, аз ҷумла Албурз, Занҷон ва Қум эълон нашудааст. Номи панҷ намояндаи баранда аз ақалиятҳои мазҳабӣ ҳам то ба ҳол муайян нашудааст.

Натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси Хибрагон ҳам то ба ҳол ба таври ниҳоӣ эълон нашудааст. Аммо тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ нафари аввали интихоботи Маҷлиси хибрагон да вилояти Теҳрон аст. Тибқи хабари ситоди интихоботии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури он кишвар, низ дувум шудааст. Бар асоси гузоришҳо, Аҳмад Ҷаннатӣ, дабири кулли Шӯрои нигаҳбон дар рутбаи 11-ум қарор дорад ва Муҳаммади Яздӣ, раиси Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ дар ҷои 15-ум қарор гирифтааст.

Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ дар давоми 8 соли фаъолияти ояндаи худ метавонад каси дигареро ба ҷои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ муаррифӣ кунад. Хоманаӣ ҳоло 76 сол дорад ва аз соли 1989 то ҳол раҳбари Эрон мебошад

XS
SM
MD
LG