Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи қонун "Дар бораи политсия", ки аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо ҷалби коршиносон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва олимон такмил шудааст, барои муҳокимаи мардум пешниҳод гардид.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадаф аз пешниҳод шудани лоиҳаи қонун "Дар бораи политсия" барои муҳокима оммавӣ, ширкати ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар таҳия ва такмили ин санад мебошад. Ба гуфтаи ин масъулон, шаҳрвандон метавонанд фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои худро дар бораи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол намоянд.

Шакли комили лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи политсия” дар торнамои вазорати корҳои дохилӣ нашр шудааст. Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия дар соли 2012 шурӯъ шуда буд ва масъулон интизор доштанд, ки тарҳи қонуни нави политсия ва қонунҳои ба он марбут дар муддати ним сол таҳия ва ба парлумон ироа шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, ислоҳоти пулиси Тоҷикистон умдатан бар асоси таҷрибаи Хорватия ва ба мӯҳлати даҳ сол роҳандозӣ хоҳад шуд. Фарқи ин ду ислоҳот аз ҷумла ин хоҳад буд, ки барои ислоҳот дар Хорватия 84 миллион харҷ шудаву барои Тоҷикистон тақрибан 10 миллион доллар хоҳад буд.

Сармоягузорони ислоҳот Амрико ва кишварҳои Аврупо унвон мешаванд. Иддае аз коршиносон бар инанд, ки ин маблағ кофӣ нест ва барои Тоҷикистон беҳтар аст аз таҷрибаи Гурҷистон истифода шавад. Дар Гурҷистон, ки аҳолиаш 4 миллион нафар аст, тайи ду соли ислоҳот 70 ҳазор корманди милиса, беш аз 80 дарсад аз кор ронда шуда, ба ҷои онҳо 26 ҳазор нафар аз шаҳрвандони 19 то 35 сола ба милиса ҷалб шуданд. Ҳамчунин ҳазинаи ислоҳоти милиса дар Гурҷистон, тибқи манобеи гуногун, аз 10 то 20 миллион доллар ҳадс зада мешавад.

Аммо дар нахустин мизи мудаввар ба манзури ислоҳоти пулис дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2012, Оливер Янсер, мушовири мубориза бо терроризм ва масъули ислоҳоти пулиси САҲА аз соли 2008, таҷрибаи Гурҷистонро барои Тоҷикистон ғайри қобили қабул дониста буд ва гуфта буд, ки “мо дар Тоҷикистон таҳқиқ гузарондем ва ба чунин хулоса расидем, ки амалан дар ин ҷо ҳайати навро тавре дар Гурҷистон буд, наметавон пайдо кард, зеро аҳолӣ кам аст.»

Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо 8-уми апрели соли 2011 ёддошти ҳусни тафоҳумеро дар бораи ислоҳоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба имзо расонида буданд. Ин ҳуҷҷат 8 феврали соли 2012 аз сӯи парлумон ба имзо расид ва ҳукми санади байнулмилалиро гирифт, ки иҷрояшро барои Тоҷикистон ҳатмӣ гардонид. Ба ин тартиб, бар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда, қонуни нави политсия аз 8 боб ва 73 модда иборат аст, ки вазифаҳову ӯҳдадориҳои кормандони пулисро тасниф мекунад.

Пас аз он ки соли 2012 дар Русия исми милисаро ба пулис иваз карданд, бисёриҳо мегуфтанд, ки Тоҷикистон ба ин ташаббуси Маскав ҳам ҳатман пайравӣ хоҳад кард. Ба дунбол эълон шуд, ки табдили номи милиса ба пулис як бахши ислоҳоти сохторҳои умури дохилаи Тоҷикистон аст. Ин ислоҳот бояд то соли 2020 иҷро шавад.

Ҳамакнун пас аз ба муҳокимаи умумӣ ироа шудани лоиҳаи таҳия кардаи Гурӯҳи корӣ, масъулони вазорати корҳои дохилӣ умедворанд, ки ин охирон марҳалаи таҳия ва такмили қонуни нави политсия гардад. Масъулон мегӯянд, пас аз он лоиҳаи қонуни нави политсия барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумон ироа хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG