Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории референдум ё ҳамапурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ эълон кард.

Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон - 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кард. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.

Зимнан, рӯзи 22 январ дар иҷлоси навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад, баррасӣ шуда буд.

Бар асоси нусхаи ин тарҳ синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин шудааст. Дар сурати тасвиби ин ислоҳ ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақал барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд.

Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал пешниҳоди парлумонро дар бораи "мувофиқати тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ" баррасӣ карда ва онро ба қонунҳои кишвар созгор донист.

Додгоҳи конститутсионӣ дар ҷаласаи худ таъкид карда буд, ки "ислоҳоти ба Сарқонуни Тоҷикистон воридшаванда ба марҳилаи имрӯзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда ва онҳо ба таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ мусоидат менамоянд."

Тарафдорони ислоҳи Қонуни асосӣ мегӯянд, ин қонун догма нест ва бояд бо шароити замон мувофиқ карда шавад. Аммо мухолифон мегӯянд, ки сабаби ҳамаи ислоҳҳо ҳифзи қудрати раисиҷумҳури кунунист, ки зоҳиран мақомашро тарк карданӣ нест. Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул шуд. Ба ин муносибат рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосӣ эълон шудааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG